Дар парлумони тозаинтихоби ҷумҳурӣ Ҳизби аграрӣ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ дар баробари Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон фраксияҳои худро таъсис медиҳанд.
Тавре ба “Азия-Плюс” раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода хабар дод, дар парлумони нав ин ҳизб соҳиби 7 курсии вакилӣ шуд.
Ба гуфтаи ӯ, 4 нафар аъзои ҳизб тибқи рӯйхати ҳизбӣ интихоб шуда, 3 нафари дигар дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ аксари раъйи мардумро ба даст оварданд.
“Ба ғайр аз рӯйхати ҳизбӣ, номзадҳои пешбарикардаи мо дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботии Восеъ, Спитамен ва Ӯрунхоҷаев ғолиб дониста шуданд”, - иброз дошт ӯ.
Вай афзуд, мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, аҳзоби сиёсие, ки на камтар аз 5 курсии вакилиро ишғол мекунанд, дар парлумон фраксияҳои худро ташкил карда метавонанд.
Латифзода таъкид дошт, ки дар парлумони даъвати пешина Ҳизби аграриро 5 вакил намояндагӣ мекарданд.
Ба ҷуз Ҳизби аграрӣ, дар парлумони нав бори нахуст дар таърихи худ Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон низ фраксияи худро таъсис медиҳад.
Раиси ҳизб Рустам Қудратов дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки 4 нафар аъзои ҳизб тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба парлумон роҳ ёфта, 1 намояндаи ҳизб дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Бохтар пирӯзӣ ба даст овардааст.
Дар парлумони даъвати пешина Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 3 курсии вакилӣ дошт.
Бино ба маълумоти КМИР Тоҷикистон, наздики 47 курсии вакилиро дар интихобот ба палатаи поёнии парлумон аъзо ва номзадҳои пешбаришудаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ишғол карданд.
Ҳамчунин 2 намояндаи Ҳизби коммунист ва 1-тогӣ намояндагони Ҳизби демократ ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ба ҳайати парлумони нав роҳ ёфтанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Кумитаи андоз исми 16 блогерро нашр карда гуфт, онҳо ба "соҳибкории ғайриқонунӣ машғуланд"
Дар орзуи шароити хуби корӣ. Кӯҳнадӯзони Хуҷанд дар барфи зимистону гармои тобистон чӣ кор мекунанд?
Тоҷикистон барои сохтмони пули дарозтарин дар кишвар қарз дарёфт кард
Боздошти як корманди Комиссариати ҳарбӣ барои гирифтани пора дар Темурмалик
Раиси пешин ва нави ҲДТ дар интизори хулосаи Вазорати адлия. Усмонзода аз мандати вакили парлумон маҳрум мешавад?
Қазоқистон ба Тоҷикистон барои таҳсили IT-мутахассисон 100 ваучер дод
Тағйироти кадрӣ: писари Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифа рафт
Роҳбари ширкатеро, ки автобусаш дар Петербург ба дарё афтод, низ ду моҳ ба ҳабс гирифтанд
Дар Душанбе як зан фарзанди нахустини худро дар "Олуча Такси" ба дунё овард
Даромад аз шағал муҳимтар аз амнияти одамон? Шикояти сокинони маҳаллаи селзадаи Ваҳдат аз хунукназарии масъулин
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста