Дар робита ба маъракаи қарибулвуқӯъи интихоботи президентӣ тамоми сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба реҷаи махсуси адои хизмат гузаронида шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ иттилоъ дод, кӯчаву хиёбонҳои шаҳру навоҳӣ, макони гирдиҳамоии оммавии шаҳрвандон аз ҷониби кормандони милиса ва дигар сохторҳои қудратӣ таҳти назорат гирифта мешавад.

Сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки аллакай аз пагоҳ тамоми ҳайати шахсии кормандони милисаи ҷумҳурӣ ба реҷаи шабонарӯзии адои хизмат гузаронида мешаванд.

Ба қавли номбурда, тамоми беш аз 3 ҳазор қитъаҳои овоздиҳӣ дар саросари кишвар таҳти ҳифозати кормандони милиса қарор дода шуда, реҷаи шабонарӯзии адои хизмат пас аз эълони расмии натиҷаҳои интихобот бекор карда мешавад.