- Беш аз 100 нафар ҷавонони деҳаи Чорқишлоқи шаҳри Исфараи вилояти Суғд айни замон дар Сурия қарор дошта, дар сафҳои созмони террористии «Давлати исломӣ» меҷанганд, - изҳор дошт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» собиқадори мақомоти амнияти ҷумҳурӣ Давлатхоҷа Назиров.

Коршинос чанде қабл аз Исфара боздид намуда, дар он ҷо масоили пайвастани сокинони деҳаҳои ҷудогонаи ин шаҳр ба сафҳои гурӯҳҳои байнулмилалии террористӣ ва ифротгароро мавриди омӯзиш қарор додааст.

Тавре ба ӯ аён шудааст, соли 1997 як духтаре аз ин деҳа ба муҳоҷирати корӣ озими шаҳри Маскав шуда, дар он ҷо бо як ҷавоне аз шаҳри Душанбе шинос ва бо ӯ издивоҷ мекунад.

«Баъди бозгашт аз муҳоҷират соли 2000-ум ӯ ба дугонаҳояш ҳикоят мекунад, ки ҳамсараш яке аз фаъолони  «Ҷабҳат-ан-нусра» буда, гӯё ба ӯ супориш додааст, ки ҷавононро ба сафҳои ин созмон ҷалб намояд», - мегӯяд коршинос.

Дар идома ӯ қайд кард, ки духтар ба иҷрои супориши шавҳараш пардохта, ба нафароне, ки хоҳиши пайвастан ба ин гурӯҳро доштанд, рақами телефони ҳамсарашро дода, онҳоро ба сафар ба Маскав тавсия медодааст ва ба интиқоли минбаъдаи онҳо ба Сурия шавҳараш машғул будааст.

Ба қавли коршинос, ин долони сафар тариқи Маскав ба Туркия ва баъдан ба Сурия яке аз воситаҳои асосӣ барои сафари сокинони деҳаи Чорқишлоқ ҷиҳати иштирок дар даргириҳои дар сафҳои «Ҷабҳат-ан-нусра» шудааст.

Коршинос боз як ҳодиса аз ин деҳаро ҳикоят кард. «Марди калонсоде бемор шуда, аз писараш талаб мекунад, ки барои ӯ дорувории нархҳояш гаронро харидорӣ намояд, вале писар барои ин маблағ надоштааст. Ӯ барои кор ба Маскав рафта, бо як хориҷие аз Шарқи Наздик шинос мешавад. Дар навбати худ ӯ ҷавонро барои таҳсил ба донишгоҳи «Ал-Азҳар»-и Қоҳира (шояд муассисаи таълимии миёнаи назди донишгоҳ) мефиристад, ки ӯ дар он муддати чанд сол таҳсил мекунад. Баъди таҳсил ба хона баргашта, муддате нагузашта бо зан ва се фарзандаш ба Сурия меравад», - гуфт Назиров.

Ба гуфтаи коршинос, аз дигар деҳаи шаҳри Исфара - Чоркӯҳ низ бисёре аз ҷавонон ба Сурия рафтаанд, ки онҳо ҳам тибқи маълумоти мақомоти қудратӣ, дар сафҳои Давлати исломӣ меҷанганд.

«Сабабҳои асосии ба Сурия рафтани онҳо на ба омилҳои динӣ, балки ба шароити иҷтимоиву иқтисодӣ марбутанд. Аз ин рӯ, раҳбарияти шаҳри Исафра ва дар маҷмӯъ вилояти Суғдро зарур аст, ки рӯи масъалаи таъмини шуғли ҷавонон бештар кор кунанд», - афзуд коршинос.

Аввали моҳи март прокурори генералии ҷумҳурӣ Раҳмон Юсуф Аҳмадзод изҳор намуда буд, ки аксари тоҷикони ҷанганда дар сафҳои ба ном Давлати исломӣ (ДИ) дар Ироқу Сурия пайравони равияи Салафия мебошанд.

Ба гуфтаи ӯ, равияи динии Салафия, ки фаъолияташ ҳанӯз моҳи январи соли 2009 манъ шуда буд, айни замон нерӯи асосӣ дар кишвар мебошад, ки аз афкору ғояҳои Давлати исломӣ пуштибонӣ мекунад.

«Тибқи маълумоти ахир, дар сафҳои созмонҳои террористӣ дар хориҷи кишвар 1 ҳазору 94 шаҳрванди Тоҷикистон меҷанганд, ки соли гузашта 147 нафар аз сафи гурӯҳои мусаллаҳи хориҷи кишвар ба ватан баргашта, 780 шаҳрванди ҷанганда дар сафҳои Давлати исломӣ мавриди ҷустуҷӯ эълон шудаанд», - иброз дошта буд ӯ.

Прокурори генералӣ қайд кард, ки беш аз 85 фоизи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар дар сафҳои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ меҷанганд, аз муҳоҷирати корӣ ба он ҷо рафтаанд.

Ӯ таъкид дошт, ки соли гузашта дар Тоҷиистон ситоди ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба масоили муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ таъсис дода шуд. «Танҳо соли гузашта ҳангоми кӯшиши тарки кишвар бо мақсади пайвастан ба сафҳои ДИ 31 шаҳрванди ҷумҳурӣ боздошт ва нисбати 166 шаҳрванди ҷанганда дар сафҳои ДИ парвандаҳои ҷиноӣ боз шуданд», - гуфт номбурда.