Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Кайрат Абдраҳмонов изҳор доштааст, ки Қазоқистон дар гуфтушунидҳо дар бораи ба Сурия фиристодани гурӯҳи низомиёни худ иштирок надорад.

Бино ба маълумоти хабаргузории РИА Новости, вазир зикр кардааст, ки Қазоқистон бо ҳеҷ касе доир ба фиристодани намояндагони сохторҳои қудратии кишвараш ба Сурия гуфтушунид надорад.

Қаблан рӯзи 22 июн намояндаи президенти Туркия Иброҳим Калин ба шабакаи телевизионии Haberturk изҳор намуд, ки аз ҷониби Русия масъалаи имкони дар макони нисбатан амнтари Сурия ҷойгир кардани низомиёни қазоқу қирғиз баррасӣ шуда, дар ин хусус зимни вохӯрӣ бо намояндаи махсуси президенти Русия оид ба Сурия Александр Лаврентев сухан рафтааст.

Қобили зикр аст, ки Қазоқистону Қирғизистон, ҳамроҳ бо Русия, Арманистон, Тоҷикистон ва Беларус аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мебошанд.

«Ин масъала кори ҷиддиро талаб карда, харита баррасӣ мешавад: кӣ аз куҷо ворид мешавад, шумори сарбозон ва макони ҷойгиршавии онҳо, яъне айни замон 300 ё 500 нафар зарур аст, - шарҳ додааст Калин он замон. - Айни замон дар Идлиб беш аз 1 млн. нафар иқомат дошта, низомиён шумори сарбозон барои ин миқдор аҳолиро баррасӣ доранд. Дар вохӯрии моҳи июл дар Остона мо интизорӣ дорем, ки албатта ин масъалаҳо баррасӣ хоҳанд шуд».