Кормандони шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз 19 то 24 феврал 19 ронандаро дар ҳолати сархушӣ аз машрубот боздошт карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД Душанбе, дар сафи боздоштшудагон ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес- Спринтер, маршруткаи №8 Раҷабалӣ Сафарзода низ ҳузур дорад.

Гуфта мешавад, дар ин давра кормандони БДА-и пойтахт 8 ронандаро бо рақами қайди давлатии бегона ё қалбакӣ, 10 танро - бидуни рақами қайди давлатӣ, 8 касро - бе ҳуҷҷати ронандагӣ, 128 нафарро - барои баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт ва 90 нафарро - барои истифода бурдани телефони мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт боздошт кардаанд.

Зикр мегардад, ки дар ин давра дар маҷмӯъ дар қаламрави шаҳри Душанбе 2 ҳазору 987 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.