7 июл дар шакли видеоконфронс ҷаласаи Шӯрои доимии Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) доир гардид, ки дар кори он Дабири кулли Созмон Станислав Зас ширкат варзид.
Намояндаи доимӣ ва ваколатдори Тоҷикистон дар СПАД Ҳасан Султонов ба аъзои Шӯро дар бораи вазъияти сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон маълумот дод, хабар дода мешавад дар торнамои Созмон.
Аз ҷумла ӯ дар бораи вазъияти мавҷуда дар минтақаҳои наздисарҳадӣ маълумот дода, шумори сарбозони афғонеро, ки марзро гузаштанд, номбар кард.
“Давлати мо бо назардошти усули башардӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ба низомиёни афғон иҷоза дод, ки бемамониат ба қаламрави Тоҷикистон гузаранд. Қобили зикр аст, ки байни хизматчиёни ҳарбии Афғонистон 4 маҷрӯҳ ва 1 кушта ҳам буданд", - гуфтааст Султонов.
Ӯ изҳор доштааст, ки Тоҷикистон ба сифати кишваре, ки бо Афғонистон тӯлонитарин марз дорад, баҳри ба эътидол омадани вазъият ва муқовимат ба таҳдиду чолишҳои аз ин кишвар бармемомада тадбирҳо рӯйи даст мегирад.
“Лекин бо назардошти вазъияте, ки сарт гирифта истодааст ва инчунин дар мавзеи душворгузари кӯҳистон ҷойгир будани баъзе қитъаҳо дар сарҳад бо Афғонистон, яккаву танҳо аз уҳдаи иҷрои ин кор баромадан душвор аст. Ин ҳолатҳо вокуниши муносиби моро дар доираи СПАД тақозо мекунанд, аз ҷумла андешидани тадбирҳо оид ба тақвияти имконоти ҳифзи марзҳои ҷанубӣ”, - иброз дошгтааст Султонов.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин росто зарурати таъмини иҷрои Қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ аз 23 сентябри соли 2013 “Дар бораи кумак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳқими марзи Тоҷикистону Афғонистон” муҳиму рӯзмарра боқӣ мемонад.
“Аз ин рӯ, мехоҳем аз кишварҳои аъзои Созмон даъват кунем, ки дар пурра амалисозии санади мазкур саҳми худро гузоранд”, - илова намудааст ӯ.
Дар ҷаласаи Шӯрои доимии СПАД ҳамчунин як қатор лоиҳаву санадҳои дигар баррасиву қабул шуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста