Созмони ғайриҳукуматии байнулмилалии Reporters Without Borders (Хабарнигорони бидуни марз) гузориши «Индекс (шохис)-и озодии матбуот 2011-2012»-ро интишор намуд, ки дар он миёни 179 кишвари ҷаҳон ба Тоҷикистон мақоми 122-юм сазовор дониста шудааст.
Тоҷикистон соҳиби 40 балл шуда, миёни давлатҳои Алҷазоир ва Малайзия ҷойгир шудааст. Дар рейтинги қаблии созмони мазкур Тоҷикистон миёни 178 кишвар бо 34,50 балл мақоми 115-умро касб карда буд.
Дар гузориши кунунӣ гуфта мешавад, ҳукуматдорони Тоҷикистон то ҳанӯз аз ваҳму ҳароси ҷанги шаҳрвандӣ ва тундгароии исломӣ истифода мекунанд, то ки ба матбуоти мустақили кишвар фишор оваранд. Коршиносони Reporters Without Borders дар маҷмӯъ вазъи Тоҷикистонро барои озодии матбуот дар соли 2011 манфӣ арёбӣ кардаанд.
Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мақоми 108-уми баландтаринро Қирғизистон ишғол кардааст. Қазоқистон ба мақоми 154, Ӯзбекистон ба зинаи 157 ва Туркманистон ба ҷойи 177-ум сазовор дониста шудаанд.
Миёни кишварҳои узви ИДМ зинаи баландтаринро Молдова (мақоми 53-юм) ва Арманистон (мақоми 77-ум) ишғол кардаанд. Украина шоистаи мақоми 116, Русия – 142, Озарбойҷон – 162 ва Белорус зинаи 168-умро касб кардаанд.
Финландия ва Норвегия кишварҳои мусоидтарини ҷаҳон барои озодии матбуот дониста шудаанд. Ба панҷгонаи пешсафон ҳамчунин Эстония, Нидерланд ва Австрия низ шомил шудаанд. Нишондиҳандаҳои пасттарин дар рейтинг ба кишварҳои Кореяи Шимолӣ (мақоми 178-ум) ва Эритрея (мақоми 179-ум) мансуб дониста шудааст.
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Даргузашти муҷассамасози шинохта Игор Иванов
Баъди супоридани нота Сергей Лавров ба Сироҷиддин Муҳриддин занг зад
Як “эстакада”-и Душанбе бо беш аз 28 млн евро қарзи БАТР сохта мешавад
Дар робита ба таҷлили Иди ғалаба ва Рӯзи ваҳдати миллӣ реҷаи корӣ тағйир меёбад
20 сол чашминтизори шавҳари муҳоҷир. Чаро Марҳаборо “Зани оҳанӣ” мегӯянд?
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як мансабдори ҳукумати Исфара
Даҳбеди Самарқанд: Аз пайравии нақшбандия то се мавҷи муҳоҷират
Эмомалӣ Раҳмон: “Аз ҳамкорӣ бо БАТР умедвориҳои калон дорем”
“Русия бояд уҳдадориҳояшро иҷро кунад!”. Як созмони ҷаҳонӣ ва ҳуқуқшиносони тоҷик шиканҷаи гумонбарони “Крокус”-ро маҳкум карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста