Ба андешаи роҳбари Ассотсиатсияи ширкатҳои фароҳамсози интернети Тоҷикистон Асомуддин Атоев, ба интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ҳамчун як рӯйдоди муҳими сиёсӣ аз хориҷи кишвар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад ва шояд ҳамин сабаб ба суст шудани суръати дастрасӣ ба шабаакаи Интернет боис гардида бошад.

«Умуман дар саросари ҷумҳурӣ ҷиҳати дастрасӣ ба шабакаи Интернет мушкилие нест, вале суст шудани суръати дастрасӣ ба он ба мушоҳида мерасад ва ба фикрам, ин ба интихоботи президентӣ рабт дорад, вале аз эҳтимол дур нест, ки тахмини ман низ шояд иштибоҳ бошад», - иброз дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол чанде аз сокинони пойтахт аз комилан дастрас набудани шабакаи Интернет шикоят доранд ва дар шабакаи тоҷикии Facebook имрӯз аз ин мушкилот зиёд баҳсу мунозираҳо сурат мегирад.

Дар шарҳи ин масъала ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкатҳои фароҳамсози Интернети «Телеком Технолоҷи» ва «Истера» хабар доданд, ки дастнорас будани интернет дар баъзе ноҳияҳои пойтахт ба сар задани сӯхтор дар яке аз чоҳҳои коммуникатсионии зери пули хиёбони Саъдии Шерозӣ вобаста аст, ки айни замон назди маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» мавриди таъмир қарор дорад ва базудӣ камбудӣ бартараф ва дастрасӣ таъмин хоҳад шуд.

Ба ҷуз дастрасии душвор ба Интернет, субҳи имрӯз чанде аз корбарони тоҷик аз дастрасӣ ба сомонаҳои Youtube.com ва сомонаи хабаргузории «Озодагон» - www.ozodagon.com низ маҳрум шуданд. Аз идораи хабаргузории «Озодагон» дар ин робита иттилоъ доданд, ки яқинан дастрасӣ ба сомонаи онҳо қатъ карда шудааст.