Дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  бо иштироки роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худидораи маҳаллӣ, ҳифзи ҳуқуқ, иттифоқҳои эҷодию воситаҳои ахбори омма ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласаи мазкур ҷараёни иҷрои муқаррароти Қонуни ҶТ «Дар бораи статуси пойтахти Тоҷикистон» оид ба  манъ будани  парвариш, нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, маркаб, парранда ва  дигар ҳайвоноти хонагӣ баррасӣ шуд.

Дар ин зимн Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр сохт, ки баҳри дастрасии сокинон бо шир барои ҳамарӯза аз соати 6:00 то 9:00 ва аз соати 18:00 то 20:00 дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ба Ҷамъияти саҳомии “Комбинати шири Душанбе” бо нархи 3,5 сомонӣ тавассути нақлиёти таъинотӣ  ба фурӯш гузоштани шири пастеризатсияшуда иҷозат дода шуд ва баҳри рақобат дар ин бозори хизматрасонӣ дигар субъектҳои дорои имконият ва литсензияи марбута метавонанд унвонии шаҳрдорӣ муроҷиат намоянд.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа бо ҷурми роҳ додан ба камбудиҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шаҳр сардори Шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Муним Холиқов аз вазифа сабукдӯш карда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҷаласа ҳамчунин ба масоили марбут ба риояи реҷаи фаъолияти шабона дар марказҳои дилхушии пойтахт, вазъи санитариву эпидемиологӣ роҳандозии корҳои профилактикӣ оид ба пешгирии касалиҳои сироятӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд.