АНОНС

- Раҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 маълумот медиҳад. Нишасти хабарӣ дар бинои ВКД доир мегардад. Оғоз соати 11:00;

- Дар бинои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти хабарии Вазорати фарҳанг доир мегардад. Оғоз соати 09:00.

- Дар бинои  «Равзанаи ягона» (паҳлӯи Вазорати энергетика) оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти хабарии Кумитаи андоз барпо мешавад. Оғоз соати 09:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  7.8845 сомонӣ;

1 евро – 8.4025 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1292 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1939 — Шумораи нахустини газетаи «Ведомости Совети Олии РСС Тоҷикистон» ба чоп расид.

1946 — Дар ИМА гурӯҳи марказии иктишофӣ ташкил карда шуд, ки минбаъд ба Раёсати марказии иктишофӣ (ЦРУ) табдил ёфт.

2008 — Дар нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» агрегати якум ба кор дароварда шуд.

2010 — Вакилони МНМО ҶТ муқаррароти минтақаҳои озоди иқтисодии «Ишкошим» ва «Данғара»-ро тасдиқ намуданд.

2010 — Тоҷикистон созишнома дар бораи таҳияи лоиҳаи сохтмони хатти интиқоли барқи CASA-1000-ро тасдиқ кард.

1923 — Мавлуди Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон Савсан Бандишоева.

1935 — Зодрӯзи адабиётшинос, нависанда Валӣ Самад.

1944 — Мавлуди доктори илмҳои физика ва математика, профессор Ҷумъа Сафаров.

1950 — Зодрӯзи олими таърихшинос Раҳматулло Маҳмадшоев.

1964 – Мавлуди олими соҳаи геология Муфарраҳ Муҳаббатов.

1964 – Зодрӯзи олими соҳаи математика Раҳим Одинаев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +3+8; дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона 0-5.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +7+12; дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +3+8.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -6-11, рӯзона -2-7; дар шарқ шабона -28-33, рӯзона -11-16.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +6+11; дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона 0-5. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, туман.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +8+10.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +3+5.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +7+9.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот назаррас.

Ҳарорат: шабона -12-14, рӯзона -3-5.