Овозхонони шинохтаи тоҷик Сурайё Қосимова, духтаронаш Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед ва шавҳари Фарзона – Фаридуни Хуршед бо номи «Пешвои миллат» таронаеро дар васфи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сароиданд.

Дар ин шеър аз Сарвари давлати Тоҷикистон ба унвони шоҳаншоҳи даврон васф шуда, қайд мешавад, ки ӯ ба ин мартаба комилан меарзад. Ҳамчунин гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон Ватанро аз парешонӣ раҳо карда, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид.

Муаллифи шеър Ниҳонӣ аст, ки тахаллуси шоирии вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода Ҳамро мебошад.

Ин шеър дар манзумаи «Дар ситоиши Пешвои миллат» моҳи ноябри соли 2016 дар ҳафтаномаи "Тоҷикистон” нашр шуда, моҳи июн беҳтарин шеъри сол унвон шуд.

Чанде қабл чанде аз шеърҳои вазии корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба озмуни «Шеърҳо дар васфи истиқлолият» нашр шуда, сазовори ҷойи сеюм шуданд.