Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» натиҷагирӣ кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорат, дар озмуни ниҳоӣ мураббиёни муассисаҳои томактабии вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок карда, намояндаи ВМКБ бо сабаби номусоидии роҳ дар озмун ҳузур надошт.

Гуфта мешавад, тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамони озмун Меҳрангез Исмоилова, мураббияи кӯдакистони №8-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» дониста шуд. Ба ӯ мукофоти аввал дар ҳаҷми ду ҳазор сомонӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки тамоми иштирокчиён бо фармоиши вазири маориф ва илм бо унвони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуда, аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми кишвар низ ба иштирокчиён тӯҳфаҳои пулӣ супорида шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.