Вазъи саломатии Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир, ки рӯзи 5 апрел дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли ИМА бистарӣ шуда буд, каме рӯ ба беҳбудӣ овард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» раиси Итиҳоди нависандагони Тоҷикистон (ИНТ) Низом Қосим хабар дод.

«Бозор Собир аз пешина худро хеле хубтар эҳсос мекунад, танҳоаз  сустиву камқувватӣ ба Тоҷикистон баргашта наметавонад. Мо бозгашти ӯро ба Душанбе интизорем», - қайд кард Низом Қосим.

Ёдрас мекунем, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз бемории шоир огаҳ шуда, ба роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, Сафорати Тоҷикистон дар ИМА, Намояндагии ҶТ дар СММ ва дигар мақомоти марбута супориши қатъӣ дод, ки ба аёдати ӯ рафта, барои таъмини табобати муттасил, ҳалли тамоми мушкилоти мавҷуда, кӯмаку дастгирӣ ва баҳри ҳарчӣ зудтар ба Ватан омадани шоир мусоидат намоянд.

Бозор Собир 79-сола аст. Ӯ 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод дар хонаводаи кишоварз дида ба ҷаҳон кушод. Маълумоти миёнаро дар интернати давлатии шаҳраки Ҳисор ба даст овард ва соли 1962 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар риштаи забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ хатм кардааст.

Солҳо дар матбуот, аз ҷумла дар дафтари рӯзномаи “Маориф ва маданият”, маҷаллаи “Садои Шарқ”, ҳафтаномаи “Адолат” фаъолият намудааст. Соле дар кишвари Афғонистон ба сифати мутарҷим ифои вазифа доштааст. Аз соли 1979, ҳудуди даҳ сол, дар Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ба унвони мушовири бахши шеър кор кардааст.

Оғози эҷодиёти ӯро ба солҳои 60-ум мутааллиқ медонанд, яъне соли чаҳоруми таҳсилаш дар Донишгоҳ буд, ки аввалин шеърашро (1960) ба табъ расондааст. Ҳамон айём як силсила шеърҳояшро дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллоти маҳаллӣ рӯи чоп овардааст. Муаллифи доимии маҷаллаи “Садои Шарқ” будааст. Нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ бо номи “Пайванд” соли 1972 аз чоп баромад. Маҷмӯаҳои Бозор Собир «Аз гули хор то симхор», «Оташбарг», «Бо чамидан бо чашидан», «Чашми сафедор», «Офтобниҳол» аз гулчини ашъори нотакрори шоири тоҷик аст, ки Бозор Собирро машҳур гардонидаанд. Ашъори шоир бо забонҳои гуногуни халқҳои ҷаҳон тарҷума ва нашр гардидааст.

ар воқеоти охири солҳои 80 - ибтидои 90-ми Тоҷикистон ӯ ба муборизаи сиёсӣ гаравида, мавқеи миллӣғ-демократиро пазируфт ва узви Ҳизби демократии Тоҷикистон буд. Дар фаъолияти хеш ҳамчун вакил дар Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ба сафи мухолифини ҳукумат гаравида камбудиҳои роҳбарияти КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро танқид мекард.

Ақидаҳои сиёсии ӯ боиси таъқибу ҳабс гардиданаш (соли 1993) шудаанд. Бо миёнаравии ташкилотҳои баналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон Amnesty International аз ҳабс озод шуда ба Москва (Русия) муҳоҷират намудааст. Декабри соли 1995 ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ш. Сиэтл муҳоҷират намуд.

Бозор Собир бо даъвати Ҳукумати Тоҷикистон ва президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27 майи соли 2013 ба Тоҷикистон ба Тоҷикистон баргашт. 4 сентябри соли 2014 ба муносибати 22-юмин солгарди эълони истиқлолияти Тоҷикистон, президент Эмомалӣ Раҳмон ба Бозор Собир Ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III" тақдим кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.