Раёсати Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар ҳудуди калонтарин беморхонаи Тоҷикистон “Маркази милли тиббии “Шифобахш”” “Маркази тавонбахши маъюбон” бино хоҳад кард.

Мувофиқи маълумоти расмии ТИКА, лоиҳа дар ду марҳила гузаронида шуда, дар марҳилаи якум бинои якошёна бо майдони умумии 280 метри мураббаъ дар ҳудуди муайяннамудаи маъмурияти беморхона сохта мешавад ва дар марҳилаи дуюм таҷҳизотҳо ва дастгоҳҳои тиббии барои тавонбахшии маъюбон лозима харидорӣ карда мешаванд.

1/3

Пешбинӣ мешавад, ки дар Тоҷикистон то охири соли ҷорӣ бо мақсади ба даст овардани як маркази тавонбахши маъюбон тибқи стандартҳои байналмилалӣ лоиҳа татбиқ карда мешавад.

Дар назар дошта шудааст, ки дар маркази таъсисмегардида физиотерапевтҳо ва эрготерапевтҳое ба кор ҷалб карда мешаванд, ки дар хориҷи кишвар дар самти тавонбахшии маъюбон таълим гирифта бошанд.

Илова бар ин, расонидани хизматрасониҳои табобатӣ барои одамони маъюб аз тамоми кишвар, инчунин табобати баъдиҷарроҳии  бемороне, ки дар клиникаи ортопедии “Маркази милли тиббии “Шифобахш”” ҷарроҳӣ мешаванд, ба нақша гирифта шудаанд.

Протоколи лоиҳа оид ба таъсиси “Маркази тавонбахши маъюбон”-ро Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ва Ҳамоҳангсози ТИКА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тариқ Мете ба имзо расониданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.