Дар давраи рӯзҳои 25-28 июл дар қаламрави ҷумҳурӣ понравии ҳарорати рӯзона дар назар буда, ҳаво серчангу ғуборолуд мешавад. Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, ҳарорат 4-6 дараҷа паст мешавад.

Дар баъзе ноҳияҳо ба ҷуз ВМКБ, суръати вазиши шамол аз самти ғарб бо чангу ғубор то 17-2 метр дар як сония меафзояд, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносӣ.

Ҳамчунин обуҳавошиносон ҳушдор медиҳанд, ки рӯзҳои 24-25 июл дар натиҷаи болоравии ҳарорат дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон хатари болоравии сатҳи об боқӣ монда, дар ноҳияҳои баландкӯҳ хавфи фаромадани сел аз обшавии барфу пиряхҳо аз эҳтимол дур нест.

Дар ҳамин ҳол, вақте ки дар Тоҷикистон мардум аз гармии тоқатфарсо азоб мекашанд, дар шаҳрҳои Толятти ва Крсанодари Русия бар асари боришоти шадид роҳҳо ба дарёҳо табдил ёфтанд.

Дар Толятти рӯзи 21 июл боришоти шадид ба амал омада, чанде аз кӯчаҳо зери об монданд, хабар медиҳад Медуза. Ду нафар сокинони маҳаллӣ аз лаҳзаи қулай истифода бурда, бо кӯрпаи ҳавопуршуда (матрас) ба шиноварӣ гузаштанд.

То ин дам борони шадид кӯчаҳои Краснодарро хеле сероб кард. Сокинони шаҳр дар кӯчаҳо бо қаиқҳо равуо намуда, кӯдакон бевосита дар пиёдароҳҳои обзеркарда оббозӣ карданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.