Ҳайати ҳунарии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини аввали вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Ибодулло Машраб субҳи рӯзи 14 август барои омодагирӣ ва иштирок дар барномаи муштараки консертии «Шоми дӯстӣ» ба шаҳри Тошканд раҳсипор шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, барномаи муштараки консертии «Шоми дӯстӣ» шоми 17 августи соли 2018 дар Кохи форумҳои «Ӯзбекистон» сурат мегирад.

Гуфта мешавад, ҳайати ҳунарӣ аз 170 нафар иборат буда, фарҳанг ва санъати тоҷикро дар барномаи муштараки «Шоми дӯстӣ» ҳунарпешаҳои шинохтаи тоҷик ба мисли Давлатманд Холов, Адҳам Холиқов, Саидқул Билолов, Таҳмина Ниёзова, Муҳаммадрафӣ Кароматулло ва ансамблҳои рақсиву эстрадӣ аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки зимни нахустин сафари расмии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон моҳи марти соли равон дар маҷмааи давлатии “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе бо иштироки беш аз 150 нафар ҳунармандони Тоҷикистон ва 100 нафар ҳунармандони кишвари ҳамсоя таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” барномаи консертии пуршукӯҳ баргузор шуда буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.