Сарусадоҳо дар мавриди таъини Парвиз Турсунов ба яке аз вазифаҳои баланди давлатӣ дар Русия хотима наёфта, чанде қабл дар Шабака нома ба унвони қабулгоҳи президенти Русия дар ин робита нашр шуд. Рӯзноманигорон бар ин назаранд, ки муаллифони он кормандони Палатаи федералии касдастрӣ ва Росреестр мебошанд, хабар медиҳад «Новые известия».

Парвиз Тухтасунов моҳи ноябри соли равон роҳбари нави Палатаи кадастрии Росреестр таъин шуда, қариб дарҳол баъди ин таъинот сарусадоҳо рӯйи кор омаданд: дар блогҳо ва баъдан дар ВАО роҳбари навро “тоҷики номаълум”, “собиқ 8 сол бекор”, “корманди миёнаи тиббӣ” ва ҳатто “масҳгар” (массажист) номиданд.

“Муаллифони нома ба президент хабар медиҳанд, ки тайи 2 соли охир баъди роҳбарии Росреестро ба уҳда гирифтани Виктория Абрамченко, тез-тез ивазшавии кадрҳо сурат гирифта, вазъ носолим шуд”, - иқтибос овардааст нашрия аз нома.

“Илова бар ин, корманди дарвоқеъ ҳирфаӣ, роҳбари Палата Литвинсев К.А. аз мансаб барканор шуда, ба ҷойи ӯ доя аз рӯи маълумот, масҳгар аз лиҳози истеъдод ва собиқ бекори чандинсола (8 сол то вохӯрӣ бо Абрамченко Тухтасунов бекор буд) таъин шуд, ки дар натиҷа кори низоми Рӯйхати ягонаи давлатии амволи ғайриманқул хеле зиёд осеб дида, ба зиёни чандинмиллиона боис гардид, лекин инро ба кормандон ҳамчун “ҳамлаи хакерӣ” шарҳ доданд”, - навиштаанд муаллифони мактуб.

Бо муроҷиат ба президент муаллифони нома пурсидаанд: “Владимир Владимирович, мо намефаҳмем, магар чунин кор имконпазир аст?”.

Онҳо мутмаинанд, ки таъини Тухтасунов ба ин мансаб ба сохти давлати  Русия хатар дорад, зеро ӯ ба маълумот оид ба ҳама иншшот (аз ҷумла пӯшида, ҳарбӣ ва ғайра) дастрасӣ дорад.

Масъалаи таъиноти Парвиз Тухтасунов ба мансаби директори Палатаи федералии кадастрии Росреестр як моҳ пеш сарусадоҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоии русиягӣ ба бор овард. Ба навиштаи ВАО, барои аксари мутахассисон ва иштирокчиёни бозор ин таъинот хеле ногаҳонӣ буд, зеро ба гфтаи онҳо, дар доираҳои касбӣ Тухатсунов шахси номаълум ва ӯро қариб намешиносанд

Баъдан Парвиз Тухтасунов худаш бевосита дар бораи аслан кӣ буданаш маълумот дода, дар мавриди нақшаҳои ояндааш изҳори назар кард.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.