Дар шаҳри Панҷакент ҳазорҳо мактабхону донишҷӯйро ба хотири сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин шаҳр, барои омодагӣ ба ҳамоишҳои театришудаи ҳузури раисҷумҳур, ба тамринҳо ё “маршировка” ҷалб кардаанд.
Бино ба иттилои як манбаъ, ин хонандагон аз тамоми мактабҳои ҳудуди шаҳр, мактабҳои чанд деҳа ва донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, Колеҷи тиббӣ ва Колеҷи омӯзгории шаҳр ҳамарӯза аз субҳ то шом ба тамринҳо мераванд.
Манбаи мо мегӯяд, ки дар рӯзҳои, ки ин мактабхонҳо ва донишҷӯён ба маршировка ҷалб шудаанд, тақрибан дар макотиб дарсҳо баргузор намешаванд.
Шоҳида Мукаммалова, мудири шуъбаи маорифи Панҷакент, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” ширкати 6 ҳазор мактабхону донишҷӯёро таъйид кард ва гуфт, ки онҳо ҳам дар вақти дарс ва ҳам берун аз дарс ба ин тамринҳо мераванд.
Мудири маориф, гуфт, ки барои ҷалби ин теъдод мактабхону донишҷӯ кадом қарори марбути вазири маориф ва ё мақоми дигари салоҳиятдори соҳа содир нашудааст ва онҳоро танҳ бар асоси мактуби шуъбаи фарҳанги ноҳия сафарбар кардаанд.
Ба гуфтаи манбаи мо, аз саҳар то бегоҳ хиёбони марказӣ ва ҷодаҳои шаҳри Панҷакент пур аз мактабхонҳову донишҷӯён аст, ки то омадани навбаташон дар саҳна (варзишгоҳи марказӣ) ҷо - ҷо "дам" мегиранд.
Муаллимон ҳам ба ин тамринҳо масъул шудаанд. Ҳатто нақлиёти махсус барои бурдану овардани хонандагон аз деҳот ҷудо шудаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Тоҷикистон тартиби нави баргардонидани ААИ муқаррар шуд
Нархи “солярка” дар Тоҷикистон якбора боло рафт
«Раҳими Ғармӣ» ба ҳадя кардани хонаҳо идома медиҳад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми маоши ҳадди ақал аз $38 то $57 боло рафт
Давоми 1 рӯз дар Душанбе 24 корд ва 4 электрошокер мусодира шуд
Дастурҳои президент ҷиҳати иҷрои пурра ва саривақтии қисми даромади буҷет
“Хуҷанд” ба даври финали минтақавии Ҷоми КФО-2022 роҳ ёфт
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ корхонаи муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таъсис медиҳанд
Як зодаи Тоҷикистон барои интиқоли пул ба ДОИШ 9 сол зиндонӣ шуд
Вокуниши Кумитаи андоз ба мақолаи «Буҷети Тоҷикистон садҳо миллион сомониро аз даст медиҳад. Ва имрӯз сухан дар бораи кормандони андоз»
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста