Филми коргардони ҷавони тоҷик Файзуллои Файз - “Бачаи обӣ” дар ҷашнвораи байналмилалии филмҳои авруосиёии “Eurasian Film Festival” дар Лондон барандаи ҷоиза шудааст.
Дар ин бора худи коргардон Файзуллои Файз дар саҳфаи фейсбукияш хабар додааст.
“Бачаи Обӣ” ба даври ниҳоии бахши “Филми бадеӣ” (Feature Film) роҳ ёфта, барандаи ҷоизаи “Интихоби тамошобинон” (Audience Choice Award) гардидааст
Ҷоизаи филм дар маросими ҷоизасупорӣ ба намояндаи Сафорати Тоҷикистон дар Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ тақдим шудааст.
Намояндаи сафорат дар робита ба вокуниши тамошобинон ба филм гуфтааст: "Дар ҳақиқат филмро мардуми ҷамъомада хеле хуб пазироӣ намуданд..."
Маҳмадсаид Шоҳиён, мудири идораи давлатии “Тоҷикфилм” дар ин филм продюссер будааст.
Ҷоизаи филм ба коргардони ҷавони тоҷик ба Душанбе аз тариқи Сафорати Тоҷикистон расонида хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки филми мазкур маҳсули "Тоҷикфилм" буда то ин муддат дар ҷашнвораҳои байнулмилалии мухталиф барандаи ҷоизаҳои дигар ҳам шудааст.
Агентии обуҳавошиносӣ: Чангу ғубор дар Тоҷикистон то 8 июл боқӣ мемонад
“Сомон Эйр” парвозҳоро бозмедорад. Ҳавопаймо намерасад?
“Мавҷи Истиқлол”: “Каналҳои телевизионӣ бо сабаби ноқисии сартосарӣ дар Русия аз кор монданд”
ММТ даври дуюми ҳуҷҷатсупорӣ ба имтиҳонҳоро эълон кард
Қазоқистон содироти маҳсулоти нафтиро бо автомобил манъ мекунад. Ин ба Тоҷикистон таъсире хоҳад дошт?
Шаббос Негматуллоев ба медали биринҷии аввалин мусобиқаи Ҷоми Элорда соҳиб шуд
Ҳамаи сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ даъвати нишаст дар Қирғизистонро пазируфтанд
Тоҷикистон ҳоло ҳам ба қарзи имтиёзноки ХБА умедвор аст
Се медали гуштингирони навраси тоҷик дар Чемпионати Осиё
Дар як сохтмони Маскав беш аз 60 нафар муҳоҷирон ҷанҷолу занозанӣ карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста