Аслиддин Достиев, рӯзноманигор ва корманди собиқи як қатор расонаҳои кишвар шоми 8-уми августи соли равон дар шаҳри Кӯлоб дар пайи беморие ки дошт, дар сини 64 солагӣ аз олам даргузашт.
Ба гуфти ҳамкасбону ҳамкорон, марҳум солҳои охир аз бемории меъда ранҷ мекашид ва чанде пеш духтурон меъдаашро ҷарроҳӣ карда буданду баъди он дигар ба худ наомад.
Дӯстону ҳамкорон, аз Аслиддин Достиев, ки солҳои охир аз минтақаи Кӯлоб барои расонаҳо мавод менавишт, як рӯзноманигори дорои ҷасорати бузург ва ҳақиқатнигор ёдоварӣ карданд.
Аҳмади Иброҳим, яке аз дўстон ва ҳамкорони Аслиддин Достиев, муассис ва сардабири рўзномаи “Пайк” дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки дар баробари инсони комил, шахси дорои хислатҳои нек ва дӯсти вафодор будан, Аслиддин Достиев инчунан, адолатпараст буд ва кӯшиш мекард, ки ҳақ ба ҳақдор бирасад.
“Агар нафаре бо мактуб ба ӯ муроҷиат мекард, новобаста аз он, ки ӯ камбағал ё инсони камбизоате буд, ӯ талош мекард, ки мушкилоти он шахс ҳалли худро биёбад. Мақолаҳое, ки мушкилоти омаи мардум буданд ва масъулин баъди чопи мақола пайи ҳалли онҳо шуданд, ин дар бораи вазъи бемории сил ва собиқ корхонаи нуриҳои азоти Вахш аст, ки охирон мақолаи марҳум буд”, - ёдоварӣ кард Аҳмади Иброҳим.
Аслиддин Достиев соли 1958 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, хатмкардаи мактаби №6 ин шаҳр ва Политехникии шаҳри Душанбе мебошад.
Зафар Мирзоён, ховаршинос, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз Аслиддин Достиев як рӯзноманигори озодандеш ёдовар шуд.
“Ӯ ба ҳамон гурӯҳи рӯзноманигороне дохил мешуд, ки дар бартараф кардани камбудиҳои ҷомеа кушиш мекард. Бисёр ҳам мақолаҳои интиқодӣ ва таҳлилии хуб эҷод мекарду рўи чоп меовард. Дар ҳақиқат ӯ ҳақиқатнигор буд. Умр бевафоӣ кард ва дар давраи камолот ӯро аз байни мо бурд”, - изҳори таассуф кард Зафар Мирзоён.
Достиев аз солҳои 90-ум ба эҷодкорӣ даст зад ва шеър ҳам менавишт. Ӯ ба ҳайси хабарнигор дар рӯзнома ва расонаҳои «Минбари халқ», «Варорӯд», «Рӯзи нав», «Озодагон», «Садои Хуросон», Радиои «Имрўз», “СССР” ва «Пайк» фаъолият кардааст.
Ҷанозаи ӯ, имрӯз дар шаҳри Кӯлоб ба хок супорида шуд.
Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум Аслиддин Достиев ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик
Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж
Оилаи намунавии Тоҷикистон маълум шуд. Шоҳҷоизаро оилае аз шаҳри Истиқлол соҳиб гардид
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард
Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард
Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста