Дар деҳаи начандон бузурги Орзуи ноҳияи Зафаробод, ки дар он ҳамагӣ 1000 нафар аҳолӣ иқомат дорад, имрӯз забони фаронсавӣ садо медиҳад. Муқим Назиров 38 сол инҷониб ӯ барои кӯдакони деҳа забони фаронсавӣ меомӯзонад. Ӯ бо оилаи калони худ дар ин деҳа зиндагӣ мекунад. Ҳатто дар мактабҳои калони шаҳрҳои Тоҷикистон имрӯз ин фан камёб аст.

Худи муаллим зодаи деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ мебошад. Солҳои 80-ум ба ӯ  низ чун ба дигар сокинони деҳоти кӯҳистон аз водӣ замин дода шуд. Ҳамин тариқ, деҳаи хурди Орзу ташкил гардид, ки аксарияти сокинони он кӯчбастагон буданд.

Муқим Назиров аз шогирдони худ, ки дар олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ба ҷоизаҳо соҳиб гардиданд, ифтихор дорад. Ростӣ, ин ҳосили заҳматҳои чандинсолаи ӯст. Имрӯз бо сабаби норасоии муаллимон, омӯзиши забони фаронсавиро аз байн бурданд. Барои ҳамин, акнун барои рақобати шогирдонаш ҳеҷ касе ёфт намешавад. 

Дар бораи чӣ тавр дар деҳаи дурдасти Тоҷикистон ҷой доштани порчае аз Фаронса, дар гузориши мазкур маълумот медиҳем. 

Боз як мушкили ҷиддии дигар набудани китобҳои дарсӣ аст. Кайҳост, ки онҳо дар ҷумҳурӣ дигар нашр намешаванд. Бори охир китобҳои дарсӣ соли 2009 чоп шуда буданд.

Муаллим кӯшиш мекунад, ки ин мушкилро мустақилона хал намояд. Ҳар сафараш ба Хуҷанд ё Душанбе аз ҷустуҷӯи китобу луғатҳо оғоз меёбад. Муқим Назировро қариб ҳамаи фурӯшандагони дӯконҳои китоб мешиносанд ва дар ҳолати дастрас гардидани китобе бо забони фаронсавӣ, ба ӯ занг мезананд.


Ин луғати забони тоҷикиву фаронсавӣ мебошад. Бубинед он дар кадом ҳолат қарор дорад ва қариб  пора-пора шудааст. Муаллим мегӯяд, бо ин луғат зиёда аз 40 сол аст, ки дар мактаб кор мекунанд ва чизи дигаре ивазкунандаи он нест. Ин китоби луғат аз ҷониби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба нашр расида, ҳоло дигар намунаи ин китоб вуҷуд надорад. 

Худи Муқим Назиров аз оилаи одӣ аст. Падараш устои чӯбтарош буду модараш корманди колхоз.

Ба факултети фаронсавӣ қаҳрамони мо ба он хотир дохил гардид, ки дар мактаб аз забонҳои хориҷӣ танҳо забони форсиро омӯхта буданд. Барои муаллими мо фаъолияти омӯзгорияш ягона манбаи даромад аст. Вай замину чорвои калон надорад, танҳо як хона бо қитъаи хурди наздиҳавлигӣ дошта, якчанд гӯсфанд парвариш мекунад. Ӯ аз зиндагияш шикоят надошта, шукронаи Худо менамояд, ки дар замони орому осоишта зиндагӣ ва кори доимӣ дорад.


Муқим Назиров соҳиби чаҳор писар буда, ҳамаашон маълумоти олӣ доранд, лекин  танҳо як писараш пешаи падарро интихоб намуда, муаллимӣ мекард. На ба ҳайси омӯзгори забони фаронсавӣ, балки ҷуғрофия. Дар мактаби ҳамин ҷо дарс медод ва баъди оиладор шудан, ба шаҳри Исфара рафта, онҷо корашро идома дод. Аммо маоши ночиз маҷбур намуд, ки омӯзгори ҷавон муҳоҷирати корӣ ба Русияро ихтиёр кунад.

Муаллим мегӯяд, ки шавқи бачаҳо ба забони фаронсавӣ зиёд аст. Аммо дониши гирифтаашон  дар мактаб ба охир мерасад. Хатто дар шаҳрҳои калон, ки бачаҳои деҳот барои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ мераванд, ягон курс ё давраи омӯзиши забони фаронсавӣ нест.  

Тааҷҷубовар аст, ки орзуи ба Фаронса рафтани муаллими мо то ин дам ҷомаи амал напӯшидааст. Дар замони шӯравӣ ба хориҷа рафтан қариб ғайриимкон буд. Вақти кор дар мактаб муаллим чандин бор ҷиҳати такмили ихтисос гузаштан дар Фаронсаи дӯстдоштааш кӯшиш кард, лекин чунин давраҳои омӯзишӣ барои муаллимони мактаби деҳаҳои дурдаст дастнорас аст. 


Муқим Назиров аз ояндаи бачаҳо дар мактабаш хавотир аст, зеро касе нест, ки баъди ба нафақа баромаданаш ӯро иваз кунад. 

Дар ҳоле ки агар муаллим пайдо шавад ҳам, он танҳо омӯзгори забони англисӣ хоҳад буд ва забони фаронсавӣ аз долону синфҳои мактаби хурдтарин деҳаи Зафаробод ба ҳамешагӣ аз байн меравад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.