Вазорати фарҳанги Тоҷикистон китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-и Абдухалили Холиқзода, ки ҳоло дар боздошт аст, маҳкум карда, онро “мухолиф ба меъёрҳои ахлоқӣ ва миллӣ” донистааст. Чанде аз нависандагону рӯзноманигорон боздошти Абдухалили Холиқзодаро “нофаҳмӣ” ва нашри китобро “наҳве дар ростои ситоиш ва таҳкими давлату миллат” медонанд.

Вазорати фарҳанг ягона ниҳоди расмии Тоҷикистон аст, ки бо гузашти беш аз 3 моҳ аз боздошти Абдухалили Холиқзода китоби ӯ “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро расман маҳкум кард. Пештар чанде аз мансабдорон ва шахсиятҳои алоҳида ин китобро “хилофи арзишҳои миллӣ” унвон карда буданд.

Дар изҳороти Вазорати фарҳанг, ки дар сомонаи расмии ин ниҳод нашр шудааст, гуфта мешавад, ки дар китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” “унсурҳои миллӣ, урфу одатҳои миллӣ, арзишҳои миллӣ” зери суол қарор гирифтаанд.

Ин ниҳод аз боби “Гаште дар Хатлон” мисол оварда, зикр мекунад, ки “муаллиф хислати дурӯягиро, ки хислати бад аст, ба тамоми миллати тоҷик нисбат дода, таъбири “дурӯягии тоҷикӣ”-ро сохтааст, ки бо ин ибора на танҳо мардуми вилояти Хатлон, балки ҳамаи миллати тоҷикро таҳқир намуда, шаъни онро паст задааст”. 

Вазорати фарҳанг гуфтааст, ин танҳо як намуна дар ин китоб аст, ҳарчанд “дар китоби таҳиякардаи номбурда мо садҳо чунин ҳолатҳоро мушоҳида мекунем, барои таблиғ нашудани калимоти зишти он ва паст задани намояндагони маҳалҳо зикри такрории онҳоро дар инҷо салоҳ намешуморем”.

Дар охир вазорати фарҳанг “таҳия ва паҳн намудани чунин маводҳоро мухолиф ба меъёрҳои ахлоқӣ ва миллӣ дониста, тарғиб ва паҳн намудани онҳоро қатъиян маҳкум месозад”.

То ин лаҳза, танҳо шахсиятҳои наздик ба ҳукумат бо нашри маводҳои алоҳида нашри ин китобро маҳкум карда, муаллифро ба “хиёнаткориву дурғгӯӣ” мутаҳҳам карда буданд.

Боз киҳо нашри китобро маҳкум карданд?

Бори нахуст китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” ба таври оммавӣ аз ҷониби Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири феълии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, адабиётшинос ва академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар саҳифаи расмии сафорат дар “Фейсбук” нақд ва интиқод шуд.

Баъдан, мансабдорони дигар, аз ҷумла Эмомалӣ Насриддинзода, мушовири Президенти Тоҷикистон дар бахши иҷтимоъ, Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Хайриниссо Юсуфӣ, муовини раиси ҲХДТ ва ҳатто омӯзгорону собиқадарони меҳнат  муаллиф ва мӯҳтавои китобро танқид карданд.

Дар умум, ҳамаи онҳо Абдухалили Холиқзодаро барои роҳ додан ба ғалатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, норозигӣ аз умури давлатдории имрӯза, шиорзаниҳои авомфиребона, афрӯхтани оташи кинаситезии маҳалливу қавмӣ, бе далел ва дур аз воқеият сухан гуфтан гунаҳкор карда, таъкид намуданд, ки мазмуну моҳияти китоб ба рӯзгори воқеии мардуми тоҷик айният надоранд.

Боздошти муаллиф ва нависандае, ки номаш дар китоб зикр шудааст

Дар нимаи моҳи август расонаҳо хабар додаанд, ки Абдухалил Холиқзода, муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” боздошт шудааст ва ба “барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ” (моддаи 189 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) гумонбар мешавад.

Он замон китобфурӯшон гуфтанд, шахсони номаълум китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро аз ҳамаи китобфурӯшиҳои кишвар бидуни шарҳ барчидаанд.

Тақрибан як ҳафта пас, Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дастури боздошти Абдухалил Холиқзодаро шахсан ӯ додааст ва илова кард, ки “мо наметавонем, ки ба кирдорҳои ҷинояткоронаи ӯ гузашт намоем ва ӯ бо тамоми қатъияти назди қонун ҷавоб мегӯяд”.

Юсуф Раҳмон тасдиқ кард, ки бар зидди ӯ бо иттиҳоми барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ ё моддаи 189 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Абдуқодири Рустам

Бо гузашти беш аз 1 моҳ аз боздошти Абдухалил Холиқзода, дар аввали моҳи сентябр Абдуқодири Рустам, нависанда ва муҳаққиқи шинохтаи тоҷик, ки номаш дар китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” зикр шуда, муаллиф ба ӯ изҳори сипос кардааст, низ боздошт шуд. Ин хабарро ба “Азия-Плюс” Додситони кулли кишвар тасдиқ карда, гуфт, ки Абдуқодири Рустам дар асоси моддаи 189, қисми 2, банди “г” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне “Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ” гумонбар ба ҳабс гирифта шудааст.

Дар пайи ин, гуфтугузорҳо дар бораи боздошти Сӯҳроб Раҷабзода, раҳбари нашриёти “Эр-Граф”, ки китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” дар он нашр шудааст, пайдо гардид. Вале мақомот то ҳол ин хабарро тасдиқ ё рад накардаанд. Наздикони Сӯҳроб Раҷабзода ҳам бо расонаҳо суҳбат намекунанд.

Китоб дар бораи чӣ аст?

“Ҳаводиси рӯзгори ман” китоби дуввуми Абдухалил Холиқзода, соҳибкор ва мудири Беморхонаи Ибни Сино дар пойтахт аст, ки 15-уми март дар Душанбе рӯнамоӣ шуд. Дар он муаллиф саргузашт ва дидаву шунидаҳояшро нақл карда, андешаашро дар бораи ҳаводису падидаҳои гуногуни ҷомеа иброз медорад. Аз ҷумла, аз фазои соҳибкорӣ, фасод, сатҳи пасти фарҳангу таълим дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, ҳамчунон бардошташро аз ҳамкорӣ бо намояндагони маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон баён доштааст.

А. Холиқзода, дар баробари овардани лаҳзаҳои хотирмони зиндагиаш, таърихи замони истиқлолро бозгӯ мекунад. Бахусус, мавзӯъи иқтисоди миллӣ, вазъи иҷтимоӣ, мушкилоти ин соҳа, омилҳои коҳиши иқтисод, роҳҳои аз миён бардоштани саддҳо аз роҳи рушд дар ин китоб оварда шудаанд. Дар китоб хамчунин вазъи соҳаи тандурустӣ ва роҳҳои раҳоӣ аз мушкилоти мавҷуда таҳлил гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.