Бо ташаббуси сафоратхонаи Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар бинои Бахши мутолиаи Шарқӣ ва Африқоии Донишгоҳи Лондон (SOAS) маросими пардабардорӣ аз рӯи нимпайкараи сардафтари адабиёти тоҷикӣ-форсӣ, Одамушшуаро Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ баргузор гардид.

Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ин маросим сафири Тоҷикистон Рухшона Эмомалӣ ва муовини ректори SOAS профессор Ҷоанна Нюман ширкат ва суханронӣ намуданд.

Дар суханронии хеш Рухшона Эмомалӣ зикр намуд, ки хизмати Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар такомули забони тоҷикӣ-форсӣ ва поягузории адабиёти оламшумули тоҷику форс беназир буда, маҳз ӯ ва муосиронаш ин забон ва ин адабиётро ба ҳадде сайқал доданд, ки забони тоҷикии форсӣ садсолаҳои оянда ба забони меъёри илму адаб ва давлатдорӣ дар Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Осиёи Хурд ва Покистону Ҳиндустон табдил ёфт.

Таъкид гардид, ки забон ва адабиёти тоҷикии форсӣ, ки дар замони Рӯдакӣ ташаккул ёфта, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намуд, то имрӯз дар Тоҷикистону Эрону Афғонистон ва дигар кишварҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор дошта, барои кулли ориёишиносони ҷаҳон ҳамоно хизмат мекунад.

Сурат: mfa.tj

Сипас маҳфили илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба ҳаёту фаъолият ва осори Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ бо иштироки зиёда аз 200 меҳмон баргузор шуд, ки дар он Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, инчунин рӯдакишиносон аз ҳисоби олимон ва адибони тоҷику-форс, бритониёӣ, ҳамватанон ва ҳамзабонони бурунмарзӣ иштирок намуда, дар бораи эҷодиёт ва нақши бузурги Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ маърӯза карданд.

Дар ҷараёни ин маҳфили илмӣ-фарҳангӣ сарояндагон ва ҳунармандони маъруфи тоҷик бо мақсади муаррифии осори бебаҳо ва мактаби мусиқии Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ хотираи меҳмононро бо намунаҳои эҷодиёти ин фарзанди фарзонаи миллат шод гардониданд.

Ҳамчунин, ҳайати ҶТ иборат аз муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода ва президенти АМИТ Қобилҷон Хушвахтзода бо ташаббус ва мусоидати сафорат бо намояндагони Департаменти дастгирии маорифи байналмилалии Вазорати бизнес ва савдо, Мактаби шарқшиносӣ ва африқошиносии Донишгоҳи Лондон, ки ба руйхати 5-гонаи беҳтарин муассисаҳои тахсилоти олии шарқшиносии Британияи Кабир шомил аст, инчунин факултаи форсишиносии Донишгоҳи Оксфорд ва Донишгоҳи Портсмус мулоқотҳои судбахш анҷом доданд.

Зимни вохӯриҳо ҷонибҳо атрофи роҳу воситаҳои таҳким ва густариши ҳамкории босамар суҳбат намуда, дар ин радиф ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати маориф ва илми ҶТ ва донишгоҳҳои номбурда ба имзо расонида шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.