Ҳакан Фидан, вазири корҳои хориҷии Туркия, ки дирӯз, 10-уми январи соли 2024, пас аз анҷоми сафари дурӯзааш ба Қирғизистон, бо як сафари расмӣ вориди Душанбе шуд, баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон гуфт, имзои созишнома оид ба марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи март тайид шудааст.
Навори суҳбати Ҳакан Фидан тавассути саҳифаи Телевизиони “Тоҷикистон” ва ҳам саҳифаи фейсбуки сафири Туркия дар Тоҷикистон намоиш дода шудааст.
“Аз ҷониби Қирғизистон хабари хушро оиди он, ки дар ҳалли масъалоҳои марзӣ бо Тоҷикистон ба мувофиқа расида шудааст, гирифта будем. Интизор меравад, ки созишнома дар моҳи март имзо шавад ва имрӯз дар инҷо имкон доштам, ки зимни мулоқоти худ бо ҷаноби президент ин хушхабарро таъйид намоям. Ҳамчун як кишвари бародар, ки ба минтақа таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд, мо ба ин созишномаи сулҳ, ки як иқдоми бузург дар таъмини амният ва субот дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд, аҳамияти зиёд медиҳем. Худо хоҳад, дар моҳи март Тоҷикистону Қирғизистон ба баҳси сарҳадии худ ба таври расмӣ хотима бахшида, барои амнияту субот дар минтақа як гоми муҳиме хоҳанд гузошт”, - гуфт Ҳакан Фидан пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ва дар ҳузури рӯзноманигорон.
Моқомоти Тоҷикистон то ҳол ин суханони Ҳакан Фиданро шарҳ надодаанд. Ҳамчунин, маълум нест, ки оё воқеан Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳалли масъалоҳои марзӣ ба мувофиқа расидаву имзои созишнома моҳи март дар назар аст.
Бояд гуфт, ки Ҳакан Фидан қабл аз сафар ба Тоҷикистон, рӯзҳои 8-9-уми январ дар Қирғизистон буд.
Ба гузориши хабарнигории туркии “Анадолу”, вай дар он ҷо бо ҳамтои қирғизаш Ҷээнбек Кулубоев музокира анҷом дода ва ҳамчунин бо Садир Жапаров, раиси ҷумҳури ин кишвар мулоқот кардааст.
Ба навиштаи ин расона, дар Бишкек Ҳакан Фидан гуфта, ки Анқара аз созишномаи байни Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ истиқбол мекунад. Вай изҳори умедворӣ кард, ки миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон чунин як тавофуқ ҳосил шавад.
Дар охирин мулоқоти худ Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев, ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзи 12-уми декабр дар шаҳри Бодканд баргузор гардид, иттилоъ доданд, ки то имрӯз 90 дарсади сарҳади давлатӣ байни ду кишвар муайян ва мувофиқа шудааст. Аммо дар мавриди сана имзои созишнома чизе гуфта нашуд.
Пештар аз ин, рӯзи 11-уми декабри соли 2023, Содир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон, зимни вохӯрӣ бо сокинони вилояти Ботканд изҳор дошт, ки ҳалли масоили марбут ба сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар арафаи аҷомёбӣ аст ва аз эҳтимол дур нест, ки ин масъала баҳори соли 2024 ба охир расад.
Ҷониби Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ аз санаи дақиқ ё эҳтимолии имзои созишнома оид ба сарҳад бо Қирғизистон сухан накардааст.
Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан 980 километр аст. Зиёда аз 400 километр баҳснок ҳисобида мешуд. Агар ба назар гирем, ки 90 дарсади хатти сарҳадӣ мувофиқа шудааст, пас хатти боқимондаи марз, ки то ҳол тавсиф нашудааст, тақрибан 98 километрро ташкил медиҳад.
Дар умум, аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳ шудааст.




Tajik sambo masters win 30 medals at the Asian Cup
Uzbekistan’s security service reports two large drug hauls
“Life has become impossible.” Fewer Central Asian migrants are choosing to work in Russia
A 21-year-old man arrested on suspicion of corrupting a 13-Year-old girl
US triples payment to illegal aliens who sign up for self-deportation
How Russian propaganda and xenophobic sentiments led to the death of Qobiljon Aliyev
Tajikistan strengthens aviation safety cooperation with Iran
Tajikistan approves export development program for 2026–2030
Tajikistan’s jiu-jitsu team wins 40 medals at ACBJJ World Championship 2025
Russian president speaks out on murder of Qobiljon Aliyev in Moscow region, vows to punish the guilty
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста