Дар пайи мулоқоти Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев, ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзи 12-уми декабр дар шаҳри Бодканд баргузор гардид, иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз 90 дарсади сарҳади давлатӣ байни ду кишвар муайян ва мувофиқа шудааст.

Хабаргузории “Turmush”-и Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуоти Девони вазирони ин кишвар ҷузъиёти ин мулоқотро нашр кардааст. Дар навори нашркардаи ин расона роҳбарони кумитаҳои амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон натиҷаи ин мулоқотро барои расонаҳо шарҳ медиҳанд.

Дар ин навор Саймумин Ятимов гуфтааст, ки дар мулоқот масъалаҳои ҳаётан муҳим баррасӣ шуданд.

“Мо бори дигар таъкид ва боварӣ ҳосил кардем, ки ду давлат манофеъ ва ҳадафҳои муштарак доранд. Аз ҷумла, дар масъалаҳои умумӣ. Хулосаи мантиқӣ ба манфиати халқҳои мост. Ин кафили бехатарӣ ва тараққиёти иҷтимоиву иқтисодии давлатҳои мо аст. Имрузҳо ҳаҷми хеле калони корҳо анҷом дода шуданд, бештар аз 120 километр пеш рафтем ва мо аз рӯи ин масъалаҳо ба таври усулӣ ба мувофиқа расидем. Агар дарозии умумии сарҳади давлатиро гирем, ман метавонам гӯям ва Қамчибек Қидиршаевич ҳам тасдиқ мекунанд, ки беш аз 90 дарсади сарҳади давлатӣ байни ду кишвар аллакай тавсиф шудааст. Мо воқеан ба ҳалли ин масъалаҳо наздиктар ҳастем”, - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, "комиссия ба ҳалли масъалаҳои муҳим хеле бо масъулият муносибат мекунад, аъзои он супоришҳои сарони давлатҳоро дақиқ иҷро мекунанд".

Turmush

Қамчибек Ташиев ҳам гуфтааст, бар асоси натоиҷи кори комиссияи байниҳукуматӣ тавофуқҳо дар мавриди мувофиқаи бахши аъзами марз ба даст омадаанд.

“Ин зиёда аз 90 дарсад аст. Ман фикр мекунам, ки минтақаҳои мувофиқашуда ба зудӣ тавсиф карда мешаванд. Дар мо якчанд бахш боқӣ мемонад, ки ба наздикӣ корҳоро анҷом медиҳем. Инҳо кадом минтақаҳоянд? Аз Қайрағоч, Кулунду, Максат, Арка, Арка-1, Арка-2, Яни-Жер сар карда, то Жиделик. Гурӯҳи корӣ мувофиқакуниро пурра ба охир расонд. Илова бар ин, мо дар бораи Қара-Боку, Лаккон (деҳаи ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон) ба мувофиқа расидем”, - гуфт ӯ.

Ба ин тартиб, ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир корҳо дар самтҳои баҳсбарангезе тақрибан анҷом шудааст.

Ятимов дар охир ба комиссияҳои ду давлат барои кори якҷояи хуб миннатдорӣ карда, гуфтааст, ки барои анҷоми демаркатсия ва делимитатсия дар тамоми сарҳади давлатӣ чанд мулоқот боқӣ мондааст.

Ёдовар мешавем, ки мулоқоти Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев як рӯз баъди изҳороти Садир Жапаров, президенти Қирғизистон оид ба марз доир гардид. Президенти Қирғизистон рӯзи душанбеи 11-уми декабр зимни вохӯрӣ бо сокинони вилояти Ботканд изҳор дошт, ки ҳалли масоили марбут ба сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар арафаи аҷомёбӣ аст ва баҳори соли 2024 ба охир хоҳад расид.

Бояд гуфт, ки давоми се моҳи охир ин аллакай вохӯрии чаҳоруми Ятимов ва Ташиев аст. Дар мулоқоти охири ҷонибҳо дар шаҳри Бӯстони Тоҷикистон рӯзи 1-уми декабри соли равон Ятимов ва Тошиев изҳор доштанд, ки дар ду масъалаи асосӣ, истифодаи роҳи Ворух - Хоҷаи Аъло ва обанбори Дӯстӣ, ки дар Қирғизистон онро Торткӯл меноманд, ба созиши усулӣ расиданд. Вале дар робита ба кадом иншоотҳои истифодашаванда дар қаламрави якдигар ба мувофиқа расиданд ва ҳамчунин, масъалаи истифодаи роҳи Ворух-Хоҷаи Аъло чӣ гуна ҳал шудааст, номаълум аст.

Ҳамчунин, тарфҳо ба мувофиқа расиданд, ки “Қирғизистон ба тамоми иншооте, ки дар қаламрави Тоҷикистон дорад, дастрасии доимӣ хоҳад дошт, вале қаламрав аз Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд. Тамоми иншооте, ки Тоҷикистон дар қаламрави  Қирғизистон дорад, абадан ва доимо аз тарафи Тоҷикистон истифода мешаванд, вале заминҳо қаламрави Қирғизистон боқӣ мемонад.

Дарозии умумии сарҳади ду кишвар тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Зиёда аз 400 километр баҳснок ҳисобида мешуд. Агар ба назар гирем, ки 90 дарсади хатти сарҳадӣ мувофиқа шудааст, пас хатти боқимондаи марз, ки то ҳол тавсиф нашудааст, тақрибан 98 километрро ташкил медиҳад.

Дар умум, аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.