ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 20 МАРТ
Соли 2007 – Дар пойтахт бинои нави маҷмааи “Vefa Center” кушода шуд.
Соли 2013 – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистонро расман боз кард.
Соли 2018 – Дар Тоҷикистон қарор қабл шууд, ки ҳамасола 20 март Рӯзи фарҳанг ҷашн гирифта шавад.
Соли 2019 – Барқарорсозии НБО “Норак” оғоз ёфт.
Соли 2020 – Ба сокинони Тоҷикистон иҷозат дода шуд, ки пас аз танаффуси тӯлонӣ бинобар пандемия, намозҳои дастаҷамъонаро дар масҷидҳо анҷом диҳанд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1931 – Мавлуди Файзулло Ансорӣ, шоир ва драматурги тоҷик.

Файзулло Ансорӣ пас аз хатми Донишкадаи омӯзгории Душанбе дар соҳаҳои гуногуни фарҳанг фаъолият кардааст.
Ансорӣ бо шеър ва драмаҳои манзумаш шинохта шудааст. Китоби аввалини ӯ "Калхот ва кабӯтарон" ва маҷмӯаи "Гулдастаи дӯстӣ" мавқеи ӯро дар адабиёти муосири тоҷик устувор намуданд. Драмаҳои ӯ дар рушди театри тоҷик нақши муҳим доштанд.
Файзулло Ансорӣ 28 апрели соли 1980 дар Душанбе вафот кард. Ӯ ҳамчун шоири лирик ва драматург дар таърихи адабиёти тоҷик ҷойгоҳи махсус дорад.
Соли 1932 – Зодрӯзи Асадулло Сӯфизода, олим ва фолклоршинос.
Соли 1940 – Мавлуди Ҷӯрахон Обидпур, навозанда ва оҳангсози суннатии тоҷик.

Ҷӯрахон Обидпур соли 1960 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Сталинобод ва соли 1965 факултаи созҳои халқии Консерваторияи давлатии Тошкандро хатм кардааст.
Ӯ дар рушди санъати навозандагӣ ва тарбияи мутахассисони созҳои миллӣ саҳми арзанда дорад. Вай зиёда аз 100 суруд, аз ҷумла сурудҳои бачагона эҷод кардааст. Ҳамчунин, муаллифи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ, аз ҷумла "Дарси рубоб" мебошад.
Соли 1941 – Зодрӯзи Убайдулло Раҷабов, ҳунарпеша, ҳаҷвнигори саршиноси тоҷик.

Убайдулло Раҷабов ҳунарманди маъруфи театру синамои тоҷик буда, яке аз бунёдгузорони театри мазҳакавӣ ва ҳаҷвии муосир дар кишвар дониста мешавад.
Ӯ фаъолияти ҳунарии худро дар театри академӣ оғоз карда, бо нақшҳои ҷолиб ва таҳамтанаш дар саҳна ва синамо шуҳрати зиёд пайдо намуд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ театри мазҳакавии мустақили худ бо номи “Оина”-ро таъсис дод, ки дар рушди ҳаҷви иҷтимоӣ саҳми муҳим гузошт.
Раҷабов бо иҷрои нақшҳои хотирмон, ки ҳам мардумро механдонд ва ҳам ба андеша водор мекард, дар ду низоми сиёсӣ – шӯравӣ ва истиқлолият – маҳбубияти васеъ пайдо кард. Ӯ дар бораи ҷомеа ва мушкилоти он бо ҷасорат сухан мегуфт ва тавассути санъати худ паёмҳои муҳим мерасонд.
Ин ҳунарманди пуровоза 20 марти соли 2024 ба синни 80 расид ва чанде баъд бар асари беморӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Нақшҳо ва фаъолияти ӯ дар таърихи театру синамои тоҷик мероси арзанда боқӣ мемонад.
Дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии ин ҳунарпеши шинохтаи тоҷик дар ин маводи "Азия-Плюс" шинос шавед: Убайдулло Раҷабов: Эҷодкор бе озодӣ мемирад.
Соли 1942 – Мавлуди Парвонахон Ҷамшедов, доктори илмҳои филологӣ, профессор.
Соли 1953 - Зодрӯзи Эшони Нуриддинҷон, воъиз, яке аз рӯҳониёни шинохтаи Тоҷикистон, бародари Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода.
Соли 1958 – Мавлуди Ҷумъа Қуддус, нависанда, драматург ва тарҷумони тоҷик.

Ӯ соли 1979 факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, дар соҳаҳои гуногуни фарҳангӣ, аз ҷумла матбуот, телевизион ва театр фаъолият кардааст.
Муаллифи зиёда аз сад асари саҳнавӣ ва китобҳои гуногун, аз ҷумла "Кори нотамом" (1982), "Мардҳо намегирянд" (1991), "Воқеа, вақт, одамон" (1997), "Роҳи наҷот" (2003) мебошад. Ҳамчунин, дар ҳаммуаллифӣ бо Муҳаммадкарими Карим романҳои таърихии "Ҳасрати Зардушт" ва "Биҳишти гумшуда"-ро иншо кардааст.
Намоишномаҳояш борҳо дар озмунҳои драманависон ва ҷашнвораҳои театрӣ сазовори ҷоиза гардидаанд. Илова бар ин, силсилафилми машҳури "Ширин" ба қалами ӯ тааллуқ дошта, аз машҳуртарин филмҳои тоҷикии аввали солҳои 2000-ум маҳсуб мешавад.
Соли гузашта "Азия-Плюс" ба ифтихори 66-солагии Ҷумъа Қуддус оид ба зиндагӣ ва фаъолияти ӯ мусоҳиба анҷом дод, ки метавонед дар ин пайванд хонед.
Соли 1958 – Зодрӯзи Зайд Саидов, ходими давлатӣ ва сиёсатмадори зиндонии тоҷик.

Зайд Саидов соҳибкори маъруф ва сиёсатмадори тоҷик мебошад. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна дар соли 1976 ба факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро дар соли 1983 бо ихтисоси иқтисодчӣ ва тахассуси банақшагирии саноат хатм намуд.
Дар давоми солҳои 1992–1997 Зайд Саидов дар фаъолияти соҳибкорӣ машғул буд ва баъдан ба хизмати давлатӣ гузашт. Ӯ аз соли 2002 то 2007 вазири саноати Тоҷикистон буд.
Ӯ дар моҳи апрели соли 2013 эълон кард, ки ҳизби нави сиёсӣ бо номи "Тоҷикистони нав" таъсис медиҳад, ки ба ислоҳоти иқтисодӣ тамаркуз дошт. Пас аз ин, ӯ бо фишорҳои давлатӣ рӯбарӯ шуд ва дар моҳи майи ҳамон сол боздошт гардид. Дар моҳи декабри соли 2013 бо иттиҳомоти қаллобӣ, бисёрзанӣ ва алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Баъдан, бо иловаи иттиҳомоти дигар, муҳлати зиндони ӯ ба 29 сол расид.
Соли 1989 – Мавлуди Дамирбек Олимов, овозхони ҷавони шинохтаи тоҷик.
Дамирбек Олимов овозхони маъруфи тоҷик буд, ки бо сабки ретро ва иҷрои сурудҳои анъанавӣ шӯҳрат ёфт. дар оилаи сароянда Ботурҷон Олимов ба воя расидааст. Солҳои 1995–2004 дар Донишкадаи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд таҳсил намуда, фаъолияти ҳунарии худро аз соли 2009 оғоз кард. Ӯ дар ансамбли шашмақомхонии «Нури Хуҷанд» зери роҳбарии Ҷӯрабек Муродов ва ҳамзамон дар ансамбли созу овози «Садои Суғд» фаъолият мекард.
Аз сурудҳои машҳури ӯ метавон «Дунё», «Омадӣ», «Бачагиям», «Дилором», «Ошиқ шудам», «Махноза», «Аҷаб дунё» ва «Таманнои ту»-ро ном бурд. Ҳамчунин, ҳамкориҳои ӯ бо Нигина Амонқулова дар сурудҳое чун «Зиндагӣ» ва «Ранҷидаӣ» маъруфанд.
Рӯзи 5 феврали 2022 бар асари садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Хуҷанд-Сомғор даргузашт.
Дар бораи фаъолияти ин ҳунраманди ғурамарг, ки маргаш "ба мотами миллӣ бадал шуду тоҷикон аз тамоми гӯшаву канори дунё дар сӯги ӯ ба паҳнаи рухсор мегиристанд", дар ин мавод хонед.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи байналмилалии хушбахтӣ таҷлил мегардад. Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ин рӯзро соли 2012 бо мақсади эътирофи аҳамияти хушбахтӣ дар зиндагии ҳар як инсон ва дастгирии андешае, ки талош барои хушбахтӣ эҳсоси умумии тамоми мардуми сайёра аст, эълон кардааст.

Рӯзи 20-уми март бо ташаббуси СММ дар тамоми ҷаҳон Рӯзи Замин ҷашн гирифта мешавад. Дар тақвими ҷашнҳои байналмилалӣ ду Рӯзи Замин мавҷуд аст: яке, ки бо Рӯзи баробаршавии баҳорӣ (эътидоли баҳорӣ) 20 март рост меояд ва дигаре 22 апрел. Аввалӣ хусусияти сулҳпарварӣ ва башардӯстона дорад, дувумӣ –хусуситяи экологӣ.

Аз соли 2010 инҷониб 20 март ҳамчун Рӯзи забони фаронсавӣ таҷлил мешавад. Ин рӯз бо Рӯзи байналмилалии Франкофония рост меояд. Франкофония созмони байналмилалии ҳамкории кишварҳои фаронсавизабон буда, 88 узвро дар бар мегирад. Забони фаронсавӣ яке аз шаш забони расмии СММ мебошад ва онро тақрибан 320 миллион нафар дар саросари ҷаҳон истифода мебаранд.

Имрӯз инчунин Рӯзи байналмилалии бидуни гӯшт аст. Аз соли 1985 инҷониб дар бисёр кишварҳо 20 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии бидуни гӯшт ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз мағозаҳо ва тарабхонаҳо аз фурӯши гӯшт худдорӣ мекунанд ва фаъолон тарзи ҳаёти гиёҳхӯриро тарғиб мекунанд.

Ҳар сол 20 март бо ташаббуси Федератсияи ҷаҳонии стоматология (FDI) дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии саломатии даҳон ҷашн гирифта мешавад.
Ҳадафи ин рӯз ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти ҷаҳонии марбут ба саломатии даҳон, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи роҳҳои пешгирӣ, муайянсозии барвақт ва табобати бемориҳои даҳон, инчунин омилҳои хавфноке мебошад, ки боиси рушди онҳо мегарданд.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 20 МАРТИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 9+14º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз -2+3º то 1+6º гарм, рӯзона 10+15º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 10+15º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 18+23º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 7+12º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм, рӯзона 14+19º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 9+11º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ғарби вилоят бебориш, дар шарқи вилоят асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона -2+3º, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм, рӯзона 9+14º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19º гарм, дар шарқи вилоят шабона 11-16º сард, дар баъзе минтақаҳо то 19-21º сард, рӯзона -1+4º.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 24+26º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 8+10º гарм, рӯзона 23+25º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 27+29º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона -1+1º , рӯзона 10+12º гарм.
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
“Дар умрам дору нахӯрдаам”. Қиссаи зани 120 солае, ки 210 набераву абераву чабера дорад
Раёсати маорифи Душанбе аз волидайн хост, ки кӯдаконашонро ба "идгардак" нафиристанд
Додихудо Шарифзода, собиқ муовини “Авангард” боздошт шудааст
5 технологияи дастраси офтобӣ, ки арзишашон камтар аз $300 аст
Тоҷикистон пешниҳоди Русияро ҷиҳати сохтмони неругоҳи барқи ҳастаӣ меомӯзад
Файзалӣ Идизода кист ва чаро маҳз ӯ раиси парлумон шуд?
9 моҳи таваққуфгоҳҳои музднок: натиҷаҳо ва саволҳои беохир
Дар Тоҷикистон барномаи омодасозии омӯзгорони забони кореягӣ роҳандозӣ шуд
Рӯзҳои ҷашни Наврӯз обуҳавои Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста