Тоҷикистон пешниҳоди Русияро вобаста ба сохтмони неругоҳи барқи ҳастаӣ (атомӣ)-и иқтидораш паст мавриди омӯзиш қарор дода, лоиҳа дар марҳилаи ибтидоии гуфтушунидҳо қарор дорад. Тавре ки хабаргузории ТАСС менависад, ин нуктаро роҳбари Росатом Алексей Лихачёв изҳор кардааст.
“Дӯстони мо ҳоло пешниҳод, ки ба лоиҳаҳои истихроҷи хурд вобаста аст, мавриди омӯзиш қарор додаанд. Онҳо маҳз ба чунин иқтидор - 40-50 мегаватт манфиатдоранд. Ин ҳоло марҳилаи аввали гуфтушунидҳост", - иброз доштааст ӯ дар посух ба савол дар бораи дурнамои сохтмони нерӯгоҳи барқи ҳастаӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Русия.
Роҳбари Росатом илова намудааст, ки Русия ва Тоҷикистон аллакай чандин сол дар соҳаи лоиҳаҳои экологӣ, аз ҷумла рафъи мероси лоиҳаҳои истеҳсоли урани Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ва безарар гардонидан (рекултивастсия)-и конҳо ва иқтидорҳои маъдан фаъолона ҳамкорӣ мекунанд.
"Бояд донист, ки маҳз дар Тоҷикистон бори аввал урани шӯравӣ ва ашёи хом барои аввалин маснуоти ҳарбӣ, барои аввалин неругоҳи барқи ҳастаӣ таҳия шуд. Аз ин рӯ, мо назди наслҳои оянда масъулият дорем ва ҳамаҷониба кӯшиш мекунем, ки ҳама гуна хатари ин “мероси чандин даҳсола”-ро бартараф созем”, - гуфтааст Лихачев.
Дар бораи омодагии Росатом ҷиҳати баррасии масъалаи сохтмони нерӯгоҳи барқии ҳастаии иқтидораш бузург ё хурд ҳанӯз соли 2023 хабар дода шуда буд.
Он замон ба рӯзноманигорон дар ин хусус муовини директори генералӣ - директори бахши фаъолияти байнулмлалии Росатом Николай Спасский зимни чаорабинии тантанавӣ бахшида ба анҷоми лоиҳаи безараргардонии қаламрави минтақаи саноатии “Табошар”, воқеъ дар қаламрави шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд хабар дода буд.
"Албатта, ин пӯшида нест ва ҳоло андешаҳо дар бораи оянда аст, аммо агар дар оянда бо такя ба он имконоти бузург ва муносибатҳои инсонӣ, ки бо ҳамкорони тоҷики мо ташаккул ёфтааст ва агар ҷониби Тоҷикистон ба бунёди энергетикаи ҳастаӣ, сохтмони нерӯгоҳи барқии ҳастаии иқтидораш бузург ё хурд бо лоиҳаи Русия манфиатдор бошад, мо хушҳол хоҳем шуд", - гуфта буд Спасский.
Ӯ ҳамчунин зикр карда буд, ки “ҷониби Русия дорои салоҳият ва технологияҳо дар ин самт аст”.
Моҳи октябри соли 2023 Росатом тадбирҳои безараргардонии партовҳои фабрикаҳои маъдани уран ва чор партовгоҳоро пурра ба анҷом расонид. Ба туфайли қарорҳои мувофиқи муҳандисӣ, баландии партовҳои уран аз 65 то 35 метр поин ва бо хоки покизаи нимметрӣ пӯшонида шуд.
Ҳарорати радиатсионӣ дар ҳудуди объектҳои барқароршуда ба сатҳи табиӣ паст рафт, ки тавассути маълумотҳои мониторинги Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Майдони партовҳои урани Табошар дар паҳлӯи конҳои уран ҷойгир аст, ки маҳсулоти он дар замони Шӯравӣ дар барномаҳои ҳастаии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла барои сохтани бомба ва мушакҳои ҳастаӣ истифода мешуд. Тоҷикистон бо кумаки созмонҳои байнулмилалӣ майдонҳои радиатсионии хатарнокро дар Табошар назорат мекунад.
Дар Тоҷикистон айни замон нерӯи барқ асосан дар неругоҳҳои барқи обӣ ва як қисмати начандон зиёдаш дар марказҳои барқу гармидиҳӣ истеҳсол мешавад. Энергетикаи ҳастаӣ дар кишвар рушд наёфтааст. Танҳо дар Академияи миллии илмҳо реактори начандон калони лаборатории ҳастаӣ мавҷуд аст, ки дар таълим ва таҳияи корҳои илмӣ истифода мешавад.