Пулиси Душанбе аз бозошти Додихудо Шарифзода, роҳбари ташкилоти “Маркази рушди зеҳнӣ” ва собиқ муовини гурӯҳи “Авангард” бо иттиҳоми “алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ” хабар дод.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе имрӯз, 20-уми март, бо нашри як иттилоия гуфт, Додихудо Шарифзода, сокини 24-солаи ноҳияи Деваштич, бо як духтари ҳанӯз шонздаҳ сола нашуда аз моҳи ноябри соли 2024 ба ин тараф “алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонидошта” анҷом додааст.
Ба гуфтаи ин ниҳод, номбурда “боз нисбати 3 нафар ноболиғ ва занони дигар ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом додааст”.
Маълум нест, ки боздоштшуда ва наздикону пайвандони оид ба ин иттиҳом чӣ назар доранд. Пулис ҳам ҷузъиёти бештар надодааст.
Мақомот гуфтаанд, ки бар зидди ӯ бо иттиҳоми “алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ” (моддаи 141 КҶ) парванда оғоз шудааст. Ин банди қонунгузорӣ аз 2 то 5 соли зиндон, ҳамзамон, маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо пешбинӣ мекунад. Пулис мегӯяд, Додихудо Шарифзода дар ҳабси пешакӣ қарор дорад ва парвандааш ба додгоҳ ирсол шудааст.
Додихудо Шарифзода, роҳбари ташкилоти “Маркази рушди зеҳнӣ” буд. Ин созмон солҳои охир озмуни “100 чеҳраи муваффақ”-ро баргузор мекард ва ба мансабдорону варзишгарон, блогерону рӯзноманигорон ва дигар чеҳраҳои шинохта ҷоиза медод.

Ҳамчунин, Додихудо Шарифзода қаблан узв ва муовини роҳбари “Авангард”, як гурӯҳи ҷамъиятие, ки гуфта мешавад, пуштибонӣ он ВКД аст (ҳарчанд ВКД инро рад кардааст), муаррифӣ мешуд.
“Авангард” созмони сабтиномнашудаест, ки роҳбарони он иддаъо мекарданд, беш аз 22 ҳазор аъзо доранд.
Аъзоёни ин гурӯҳ дар ибтидо ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва огоҳкунии ҷавонон барои напайвастан ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ машғул буданд, вале баъдҳо дар корҳои сиёсӣ низ ҳамроҳ шуданд.
Аз ҷумла намояндаҳои ин гуруҳ борҳо дар назди сафоратхонаҳову созмонҳои муқими Душанбе бо ҳадафи бозгардонии мухолифин ва пуштибонӣ накардани кишварҳои хориҷӣ аз мухолифини ҳукумати Тоҷикистон, ки мақомот дар содир кардани ҷиноятҳо муттаҳам медонад, эътироз кардаанд. Ҳамчунин намояндагони ин гуруҳро бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва озодандешон дар ҳамлаҳои расонаӣ ё троллинг муттаҳам мекунанд.
Вазорати корҳои дохилӣ соли 2021 эълон карда буд, ки баъди баҳсҳои зиёд дар дар атрофи ин гурӯҳ онро барҳам медиҳад. Аммо дар саҳифаҳои ин гурӯҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки аъзоёни “Авангард” то ҳол фаъолият мекунанд.
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста