Соати 14:01:25 ба вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистон Наврӯз ё Соли нави хуршедӣ фаро расид. Дар ин вақт маркази қурси Офтоб аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ гузариш кард. Лаҳзаи гузариши Офтоб ба як сония баробар буда, дар ин лаҳза шабу рӯз баробар гардид.
Тибқи ҳисобҳои астрономӣ, маркази қурси Офтоб дар ин вақт аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ гузариш мекунад. Нуқтаи бурриши масири Офтоб (эклиптика) ва хати истивои осмон (экватор)-ро нуқтаи эътидоли баҳорӣ меноманд, ки тибқи он боз як рӯзи нав фаро расида, дар нимкураи шимолӣ фасли баҳор оғоз мегардад.
Қаблан, Анвар Бӯризода, директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки Офтоб давоми сол ду маротиба хати экваторро бурида мегузарад, ки давомнокии шабу рӯз дар ин нуқтаҳои бурриш бо ҳам баробар буда, 12-соатиро ташкил медиҳад.
“Ду ҳолати дигари фарқкунандаи ҷойгиршавии Офтобро дар кураи осмон нуқтаҳои инқилоби тобистонаи Офтоб – 22-юми июн, ки ба дарозтарин рӯзи сол мувофиқ меояд ва дигаре 22-юми декабр – инқилоби зимистонаи Офтоб ё шаби дарозтарини сол ташкил медиҳанд”,-иброз дошт ӯ.
Бояд гуфт, ки соли 2024-ум Наврӯз 20-уми март, соати 03:06-и вақти ҷаҳонӣ баробар ба соати 08:06-и вақти Душанбе фаро расида буд.
Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимаи халқи тоҷик буда, ҳамасола дар Тоҷикистон ва кишварҳои зиёди дигар, аз ҷумла Эрон, давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба таври густурда таҷлил мешавад. Ба ифтихори он дар ҳама шаҳру навоҳии Тоҷикистон бо иштироки мансабдорони баландпоя чарабиниҳои фарҳангиву варзишӣ баргузор мешавад. Бо вуҷуди он ки Наврӯз ҳар сол дар вақтҳои гуногун-асосан аз 19 то 21-уми март фаро мерасад, он дар кишвар расман рӯзи 21-уми март ҷашн гирифта мешавад ва таҷлили он чандин рӯз давом мекунад.
Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” дар соли нав ба ҳар як хонаводаи тоҷик файзу баракат ва бахту саодат таманно дорад. Бигзор як соли дигар муваффақияту некӯӣ ва саломатӣ ёру ёваратон бошад.
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста