Имрӯз, 20-уми март, дук рӯз пеш аз солгарди ҳамлаи террористӣ ба толори “Крокус сити Ҳол”-и наздикии Маскав, додгоҳи ин шаҳр муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари асосии ин ҳамларо ду моҳи дигар- то 22-юми май дароз кард. Муҳлати ҳабси навбатии онҳо рӯзи 24-уми март ба охир мерасид.
Тибқи ҳукми додгоҳ Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Муҳаммадсобир Файзов ва Фаридун Шамсиддин, ки ки ҳамагӣ шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд, то 22-юми май дар боздошт мемонанд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Додгоҳи салоҳияти умумидоштаи шаҳри Маскав.
Ҳамчуниин, додгоҳи шаҳри Маскав муҳлати ҳабси чанде аз дигар гумонбаронро дар пайванд ба ин ҳодиса то 22-уми май тамдид кард. Инҳо Муҳаммадзоир Шарифзода, Ҳусейн Медов, Умедҷон Солиев ва Лутфуллои Назирмад мебошанд.
Мурофиаи додгоҳӣ пӯшида баргузор гардид ва сабаби тамдиди мӯҳлати боздошт шарҳ дода нашуд.
Ин бори панҷум аст, ки додгоҳ ҳабсии пешакии гумонбарони аслии ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”-ро тамдид мекунад. Қаблан, рӯзи 19-уми феврали соли равон баъди 3 маротибаи тамдиди муҳлати боздошт, додгоҳ бори дигар муҳлати ҳабси онҳоро як моҳ -то 24-уми март дароз карда буд.
Ёдрас мешавем, ки ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” рӯзи 22-юми марти соли 2024 рух дод. Бар асари он 146 нафар кушта ва 551 каси дигар захмӣ шудаанд.
Моҳи майи соли 2024 ХБФ-и Русия аз боздошти 20 нафар, аз ҷумла, гумонбарони ин ҳодиса ва ҳамдастони онҳо хабар дод. Баъдан дар моҳи октябр мақомоти рус эълом карданд, ки шохаи “ДОИШ-Хуросон” дар ин ҳамла даст доштааст.
Дертар Александр Бастрикин, раҳбари Кумитаи тафтишоти Русия эълом кард, ки дар иртибот ба ҳамлаи террористӣ ба "Крокус"-и Маскав 27 нафар гумонбар дониста мешаванд.
Шеваи боздошту ба ҳабс гирифтани гумонбарони амали террористиро ҳомиёни ҳуқуқи инсон интиқод карданд. Чаҳор гумонбарии аслии боздоштшуда дар додгоҳ бо рӯи кафидаву осори зарбу лат намудор шуданд.
Наздикону пайвандон ва ҳамсояву омӯзгорони ҳамаи гумонбарон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин ҳамлаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.
Баъди ҳамлаи террористӣ фишор болои муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби мақомоти Русия ва бегонаситезӣ аз сӯйи афроди алоҳида бештар шуд. Ҷониби Тоҷикистон дар пайи фишорҳои ахир болои шаҳрвандонаш дар Русия чандин бор изҳори нигаронӣ кард ва ба сафири ин кишвар дар Тоҷикистон нотаи эътирозӣ супорид.
Маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса ва ҷараёни боздошти гумонбаронро дар ин пайванд хонед.





Куҳансолтарин зани Тоҷикистон чӣ ҳол дорад?
Медали тиллои варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Беларус
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 43
Гранти президентӣ барои занони ҳунарманд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард ва кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
“Беш аз 180 ҳазор ҷой намерасад”. Муовини вазири маориф як мушкили гузаштан ба низоми таҳсили дувоздаҳсоларо шарҳ дод
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2026
Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Дар 31 муассисаи Тоҷикистон хонандагон дар се баст таҳсил мекардаанд
Чин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 9 иншооти сарҳадӣ месозад
Сарфи назар аз афзоиши содирот, касри тавозуни савдои Тоҷикистон зиёд шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста