Ҷӯшонидани 5 литр об дар 10 дақиқа, тамоми шаб истифода бурдани рӯшноӣ дар хона, хушк намудани меваҳо дар тӯли якчанд рӯз, гарм кардани 100 литр об дар муддати камтар аз ду соат - ҳамаи инро бо ёрии дастгоҳҳои дастрас ва осон ва тавассути нерӯи офтоб иҷро кардан мумкин аст.

Пӯшида нест, ки бисёре аз сокинони ҷамоатҳои деҳоти Тоҷикистон то ҳол дар дастрасӣ ба манбаъҳои энергия бо мушкилотҳо рӯбарӯ ҳастанд. Сокинони деҳот ҳезум, бутта, поруи хушк ва дигар биомассаро ҳамчун манбаи гармидиҳӣ ва пухтупаз фаъолона истифода мебаранд. Ин на танҳо ба нобуд шудани ҷангалҳои камёб, балки ба як қатор мушкилоти дигар, аз қабили афзудани таназзули замин ва зуд-зуд рӯй додани офатҳои табиӣ оварда мерасонад. Ва набудани дастрасӣ ба ин хизматрасониҳо, аз қабили нерӯи барқ, ба рӯзгории ҷамоатҳои маҳаллӣ таъсири манфӣ мерасонад. Қисман ҳалли ин мушкилот метавонад гузариш ба технологияҳои офтобӣ бошад.

Бо назардошти мавқеъи ҷуғрофии Тоҷикистон ва мавҷудияти шумораи зиёди рӯзҳои офтобии солона, рушди энергетикаи офтобӣ дар ҷумҳурӣ метавонад манфиатҳои зиёд дошта бошад – сар карда аз кам намудани вобастагӣ аз манбаъҳои анъанавии энергия ва кам кардани таъсири манфӣ ба муҳити зист то таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ.

Бартарии истифодаи энергияи офтобӣ дар он аст, ки интизор шудан лозим нест, кай ҳукумат шароити заруриро барои роҳандозии лоиҳаҳои бузурги офтобӣ  ва дастгирии истеъмолкунандагони хурди ин манбаи алтернативии энергия фароҳам меорад. Шумо метавонед хонаҳо ё тиҷорати хурди худро аз қатъи нерӯи барқ ​​ё норасоии сӯзишворӣ мустақилтар гардонед.

Ҷорӣ намудани технологияҳои арзон ва боэътимоди офтобӣ метавонад ба беҳтар шудани сифати зиндагии оилаҳо ва рушди ҷамоатҳои маҳаллӣ, бахусус дар манотиқи дурдаст ва деҳот, ки дастрасӣ ба нерӯи барқ ​​маҳдуд аст ё вуҷуд надорад, мусоидат кунад. Коҳиш додани хароҷот, баланд бардоштани бароҳатӣ, фароҳам овардани муҳити тозатар ва бехатар танҳо чанде аз манфиатҳое мебошанд, ки одамон ҳангоми истифодаи энергияи офтобӣ ба даст меоранд.

Имрӯз мо ба шумо дар бораи панҷ дастгоҳе мегуем, ки бо энергияи офтобӣ кор мекунанд ва арзишашон аз 300$ камтар аст. Инқилоби хурди энергетикӣ хеле осонтар шудааст. Офтоб ба шумо кумакрасон!

 

Системаҳои равшании офтобӣ

Системаҳои равшандиҳии офтобии хонагӣ - дастгоҳҳои рӯшноӣ мебошанд, ки аксар вақт аз чароғҳои LED, панели офтобӣ, батарея ва системаи назорати пуркунии барқ ​​иборатанд. Имрӯзҳо дар бозорҳо намудҳои гуногун пешниҳод шудааст, ки вобаста ба ниёзҳо ва буҷаи истеъмолкунандагон мебошанд.

Дар деҳаҳои Тоҷикистон, ки мушкилотҳои таъмини нерӯи барқ ​​вуҷуд доранд, мардум маҷбуранд пайваста шамъ, керосин барои чароғ ё батарея барои чароғак харидорӣ кунанд. Системаҳои равшании офтобӣ ин хароҷотро бартараф мекунанд. Баръакси шамъ ё лампаҳои керосинӣ, онҳо бедуд, равшантар ва бароҳаттаранд.

Бо батареяи пурра пуркардашуда ва усули сарфа, равшании онро метавон соатҳои зиёд паиҳам истифода кард. Доштани рӯшноӣ, хонаҳо ва кӯчаҳоро бехатартар мекунад. Чунин системаҳо метавонанд солҳои зиёд хоҷагиҳоро бо манбаи худмухтори рӯшноӣ таъмин кунанд. Масалан, маҷмӯаи равшандиҳии офтобӣ, ки аз панели хурди офтобӣ, батарея ва 3 лампаи қубурии LED бо ҷараёни рӯшноии то 600 люмен иборат аст, метавонад аз 60 то 90$ арзиш дошта бошад.

 

Системаи равшанидиҳӣ дар деҳаи Лабиҷайи шаҳри Турсунзода

Ошхонаҳои параболикии офтобӣ

Ошхонаҳои параболикии офтобӣ ё маҷмуаҳои дастрас (шумо метавонед намуди хубро бо нархи тақрибан 150-200$ харед) ва дастгоҳҳои оддие, ки метавонанд барои пухтани хӯрок ё ҷӯшонидани об бидуни истифодаи сӯзишворӣ ва барқ ​​истифода шаванд. Сӯзишвории чунин дастгоҳҳо энергияи офтоб мебошад.

Сӯзишвории чунин дастгоҳҳо энергияи офтоб аст. Масалан, як ошхонаи офтобии параболии диаметри 1,5 м метавонад қудрати гармии 1500 Вт ё бештарро тавлид кунад ва дар чунин намунаҳо ҳарорат дар нуқтаи консентратсияи нурҳо метавонад аз 1000 ° C боло расад. Шумо метавонед дар як ошхонаи параболии офтобӣ дар ҳавои офтобӣ, ҳатто дар ҳарорати зери сифр хӯрок пазед. Аз сабаби вазни сабукаш ҳаракат кардан осон аст. Хамаи ин истифодаи онро кулай ва устувор мегардонад.

Оилаҳое, ки мунтазам аз ошхонаҳои офтобӣ истифода мебаранд, барои харидани ҳезум, ангишт ё дигар сӯзишворӣ маблағи камтар сарф мекунанд. Як дастгоҳ дар сол аз 1 то 4 тонна ҳезумро сарфа мекунад. Ин ба манотиқи деҳоти Тоҷикистон дахл дорад, ки дар он ҷо сокинон барои гармкунӣ ва пухтупаз ҳезум ё поруи хушкро фаъолона истифода мебаранд.

               

Обгармкунакҳои офтобӣ

Ин дастгоҳҳои офтобӣ имкон медиҳанд, ки тавассути фурубурди шуоъафкании офтобӣ ва ба гармӣ табдил додани он обро гарм кунад. Навъҳои маъмултарини обгармкунакҳои офтобӣ - панелӣ ва вакуумӣ мебошанд. Бо ёрии онҳо дар рӯзҳои софу гарм бе истифодаи газ, қувваи электрикӣ, чубу тахта ва дигар сузишворӣ об гарм кардан мумкин аст. Оби гарм дар хона ҳамеша қулай аст - барои зуд оббози кардан, шустани зарфҳо ё каме ҷомашӯӣ кардан.

Иқлими офтобии Тоҷикистон барои васеъ истифода бурдани коллекторҳои обӣ — аз хоҷагиҳои алоҳида cap карда, то мавзеъҳои сайёҳи комилан мувофиқ мебошад. Дар ҳавои гарми офтобӣ зарфи оби 150-литра метавонад дар давоми ду соат то 700С ва аз он зиёдтар гарм шавад. Баъзе намудҳо метавонанд тамоми фаслҳои сол кор кунанд – гармигузарони онҳо аз моеъи яхнашаванда аст.

Вобаста ба ҳаҷм ва иқтидори насб, коллектори офтобӣ метавонад зиёда аз 60% талаботи солонаи оби гармро барои оилаи аз 4 нафар бударо таъмин намояд. Обгармкунакҳои офтобӣ бо сохти оддӣ ва боэътимоди худ фарк мекунанд. Онҳо қисмҳои ҳаракаткунанда надоранд (ба истиснои насос дар баъзе намудҳо), ки онҳоро то 20-25 сол пойдор мегардонад. Нархи як коллектори вакуумии обӣ бо ҳаҷми 150-160 литр дар бозори Тоҷикистон ҳудуди 300$ мебошад.

 

Обгармкунаки офтобӣ дар Бартанги Бадахшон

Хушккунакҳои офтобӣ

Хушккунакҳои офтобӣ - ин дастгоҳҳое мебошанд, ки энергияи офтобро барои хушк кардани ғизо ё масалан, ҷамъоварии гиёҳҳои дармонбахш истифода мебаранд. Одатан, тарҳи онҳо аз майдони ҷамъоварии радиатсияи офтобӣ, камераи хушккунӣ ва системаи гардиши ҳаво иборат аст.

Дар Тоҷикистон усулҳои дар ҳавои кушод дар болои бомҳои ҳамвор ё бевосита дар замин хушк кардани меваҳо ҳануз маъмул аст. Дар он ҷо онҳо аксар вақт тӯъмаи паррандагон, хояндаҳои хурд ва ҳашарот мегарданд.  Аз тарафи дигар, хоҷагиҳо аксар вақт як қисми ҳосили ҷамъовардаи худро аз даст медиҳанд, зеро натавонистанд онро дар бозор фурӯшанд ва ё истеъмол кунанд.

Хушккунакҳои офтобӣ барои кам кардани талафи ҳосили зиёдатӣ ва нигоҳ доштани сифати маҳсулот кӯмак мекунанд. Онҳо энергияи барқароршавандаро истифода мебаранд ва хароҷоти ҳадди ақали амалиётро талаб мекунанд. Дар айни замон, онҳо ҳамчун технологияҳои дастрас боқӣ мемонанд - масалан, хушккунак, ки дар як вақт метавонад тақрибан 10-12 кг ғизоро нигоҳ дорад, вобаста аз намуд метавонад аз 150 то 450$ арзиш дошта бошад.

 

Мевахушккунаки офтобӣ дар Бартанги Бадахшон

Насосҳои обии офтобӣ

 Номи дастгоҳ барои худаш сухан мегӯяд - ин системаи обкашӣ мебошад, ки бо энергияи офтоб кор мекунад. Дар маҷмӯа одатан панелҳои офтобӣ, контроллер ва худи насоси обро дар бар мегирад. Барои таъмини боэътимоди об дар давраи қатъи барқ ​​ё ҳавои абрнок, баъзе моделҳо батареяҳои эҳтиётӣ ва/ё зарфи обро пешниҳод мекунанд.

 Насосҳои офтобӣ метавонанд барои обёрии заминҳо, масалан, дар нишебиҳо ё теппаҳое, ки ба нерӯи барқ ​​дастрасӣ надоранд ё дар он ҷое, ки таъмини об мушкил аст, самаранок бошанд. Онҳо метавонанд чорворо бо об таъмин кунанд ва ё барои обьёрии чарогоҳҳо истифода бурда шаванд. Дар минтақаҳое, ки хушксолӣ ё биёбоншавиро аз сар мегузаронанд, чунин насосҳо метавонанд ба деҳқонон дар рӯзҳои душвор кӯмак расонанд.

Пас аз насб, насосҳои офтобӣ дахолатии камро талаб мекунанд ва метавонанд мустақилона кор кунанд. Набудани вобастагӣ аз нерӯи барқ ​​ё сӯзишворӣ онҳоро дар муддати тӯлонӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок мегардонад. Одатан - нарх аз қудрат ва намудҳои насосҳои харидашуда вобаста аст. Масалан, насоси офтобӣ бо панели фотоэлектрикии 120 Вт ва қобилияти насоси тақрибан 12 литр дар як дақиқа метавонад ба харидор 270$ ё қимматтар арзиш кунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.