Корпоратсияи China Datang-и Чин сохтмони неругоҳи офтобиро дар вилояти Суғди Тоҷикистон бо иқтидори 500 мегаватт ба нақша гирифтааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Масъалаи мазкур дар вохӯрии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии корпоратсияи “China Datang”-и Чин дар Осиёи Марказӣ Ван Хао мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба иттилои манбаъ, корпоратсияи “China Datang” соли 2002 таъсис ёфта, яке аз бузургтарин таъминкунандагони нерӯи барқ дар Чин аст. Ширкат ҳамчунин ба истеҳсоли батареяҳои офтобӣ машғул аст.
Қобили зикр аст, ки вилояти Суғд аз лиҳози таъминот бо барқ ба иқтидорҳои барқӣ дар қисмати марказӣ ва ҷанубии ҷумҳурӣ вобастагии зиёд дорад.
Ягона неругоҳи барқи обии амалкунанда дар минтақа НБО “Қайроққум” мебошад, ки иқтидораш 126 мегаваттро ташкил медиҳад.
Дар Вазорати энергетика зикр мекунанд, ки дар баробари неругоҳҳои барқи обӣ (гидроэнергетика), ба масъалаи азхудкунии сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла энергеияи офтоб таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.
«Дар кишвар зиёда аз 200 рӯз шиддати баланди шуои офтобӣ вуҷуд дорад», - хулоса мекунанд дар вазорат.
Қаблан зикр гардида буд, ки ният доранд чунин истгоҳро наздик ба кони ангишти Шӯроб бунёд кунанд. Аммо арзиши аслии энергияи марказҳои барқу гармидиҳӣ чандин маротиба зиёдтар аз энергияи нерӯгоҳҳои барқи обӣ мебошад, зеро барои истеҳсоли он сӯзишворӣ (ангишт, газ, мазут ва ғайра) истифода мешавад.
Ғайр аз ин, дар муқоиса бо дигар нерӯгоҳҳо, зарари марказҳои барқу гармидиҳӣ ба муҳити зист нисбатан назаррас аст.