То аввали моҳи март ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар тамоми манотиқи кишвар 60 майдони нави пойгоҳҳои базавӣ (ПБ)-ро ба кор даровард. Соли ҷорӣ шумораи умумии пойгоҳҳои нави базавии 4G/LTE, ки дар ин майдонҳо насб шудаанд ва дар диапазонҳои басомади гуногун кор мекунанд, аз 100 адад гузашт. Сохтмони фаъолонаи шабакаи насли чорум ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои ҳукумат дар самти рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсияҳо идома дорад.
Дар оғози соли 2025 ширкат шумораи бештари пойгоҳҳои нави базавии 4G-ро дар вилояти Хатлон роҳандозӣ намудааст. Дар ин ҷо шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» бо зиёда аз 20 ПБ дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Левакант, Норак, Данғара ва ноҳияҳои Ч.Балхӣ, Восеъ, Ҷайхун, А.Ҷомӣ, Қубодиён, Кушониён, Фархор, Хуросон ва Ёвон васеъ карда шуд.
Дар ҷои дуюм вилояти Суғд қарор дорад, ки дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Зафаробод, Истаравшан, Исфара, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Спитамен 14 майдони пойгоҳи базавӣ фаъол гардид.
Илова бар ин, дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Варзоб, Турсунзода, Файзобод, Шаҳринав ва дар як қатор ноҳияҳои ВМКБ, аз ҷумла Ванҷ, Дарвоз, Мурғоб ва Рӯшон шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» тақвият дода шудааст. Ҳамгироии пойгоҳҳои нави базавӣ суръати интернети мобилиро баланд бардошта, ҷиҳати дастрасии хизматрасониҳои муосири рақамӣ барои сокинони минтақаҳои Тоҷикистон таъсири мусбат мерасонад.
«Солҳои 2025-2030 дар кишварамон «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардиданд. Бо мақсади вусъат бахшидан ва пайваста васеъ намудани digital-сервисҳо, мо аз рӯзҳои аввали моҳи январ фаъолона пойгоҳҳои базавиро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба кор медарорем. Ҳамаи ин тасмимҳо барои қонеъгардонии талаботи замон ва интизориҳои муштариёни мо равона гардидааст», – мегӯяд Директори генералии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий Изюмников.



Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон
Бонки осиёии рушд то охири соли 2026 ба Тоҷикистон танҳо грант медиҳад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 марти соли 2026
Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста