Имрӯз дар Тоҷикистон расман ҷашни Наврӯз таҷлил мешавад. Наврӯз ҷашни бостонии мардуми тоҷик буда, дар Тоҷикистон расман 21 март таҷлил мегардад. Ин ҷашн таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, аз қадим тоҷикон ба таври густурда аз он таҷлил мекарданд.
Наврӯз илмитарин, дақиқтарин ва мардумитарин ҷашни мардумони мост, ки аз замони пайдоиш то кунун дар қолаби ҳеч идеологияе, аз ҷумла ғояҳои диниву сиёсӣ нагунҷид.
Ҷашни Наврӯз соли 2010 ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангиии ЮНЕСКО ворид шуд ва мақоми байналмилалӣ гирифт. Имрӯз дар аксари кишварҳои ҷаҳон Наврӯзро бошукӯҳ ҷашн мегиранд.

Имсол дар кишвар ба муносибати Наврӯз чорабиниҳои гуногуни фарҳзангию фароғатӣ бӣаргузор мегарданд. Аз ҷумла имрӯз дар пойтахт маросими истиқболи Наврӯз соати 4:00 субҳ аз баландтарин нуқтаи шаҳр- Боғи Ғалаба оғоз гардид.
Дар давоми рӯз аз ҷумла, соати 15:00 дар “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт мусобиқаҳои байналмилалии аспдавонӣ оғоз меёбад. Инчунин, дар ин рӯз соати 20:00 дар майдони “Истиқлол” консерти идона ва соати 21:00 оташбозии наврӯзӣ (салют) ба нақша гирифта шудааст.
Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи шумо мардуми шарифи кишвар, хонандагону ҳаводорони худ дар сар то сари оламро ба ин ҷашни бузурги миллӣ табрик мегӯяд ва чун фалсафаи Наврӯз навшавии зиндагиву кору рӯзгор ва фикру мафкураву дидгоҳҳоро бароятон орзу мекунад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 21 МАРТ
Соли 2009 – Дар пойтахт меҳмонхонаи панҷситорадори «Hyatt Regency Dushanbe” ба истифода дода шуд.
Соли 2013 – Дар шаҳри Ашқободи Туркманистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, сарони давлатҳои Афғонистон, Эрон, Покистон, намояндагони воломақоми Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тотористони Русия, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ва ҳайатҳои илмиву фарҳангӣ аз давлатҳо ва созмонҳои дигар баргузор гардид.
Соли 2015 – Эмомалӣ Раҳмон пас аз таҷдид Боғи фарҳанг ва истироҳати ба номи Камоли Хуҷандиро ифтитоҳ кард, ки дар он ҳайкали ҳафтметраи Камоли Хуҷандӣ гузошта шуд.
Соли 2019 – Дар Душанбе бори аввал карнавали Наврӯз баргузор гардид, ки дар он тақрибан 30 ҳазор нафар иштирок карданд.
Соли 2021 – Шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардид.
Соли 2022 – Дар шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гулгашт, муҷассама ва мақбараи яке аз бузургтарин суханварони Машриқзамин -Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро мавриди истифода қарор дода шуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1911 – Зодрӯзи Фазлиддин Шаҳобов, оҳангсоз, шашмацомсаро ва навозандаи тоҷик.

Фазлиддин Шаҳобов фарзанди оилаи мударрис ва шоири дарбори амири Бухоро, шогирд ва мухлиси маъруфи ашъори Бедил, Абдураҳими Хатлонӣ буд. Ӯ дар Бухоро таҳсил кардааст ва нахустин маҳорати мусиқии худро аз устодони маъруфи шаҳр омӯхт. Таҳсилоташро дар Консерваторияи давлатии Маскав ва дар шохаи дирижёрӣ ба итмом расонид.
Фазлиддин Шаҳобов ҳамчун дирижёр, композитор ва таълимдиҳандаи маъруфи мусиқии классикии тоҷик дар қаламрави Иттиҳоди Шуравӣ ва Тоҷикистон маъруф буд.
Вай ба рушди мактаби Шашмақом дар Душанбе, таъсиси ансамбли ҳофизони мақомсароро ва сабти нотавии ин жанр саҳми назаррас гузошт. Асарҳои вокалӣ, симфонӣ ва романҳои ӯ ба мусиқии тоҷик ранги тоза бахшиданд.
Соли 2000, пас аз вафоташ, номи ӯ дар таърихи мусиқии тоҷик ҳамчун яке аз асосгузорони мактаби классикии Шашмақом сабт гардид.
Соли 1914 – Мавлуди Саодат Икромӣ, китобдор, яке аз поягузорони Китобхонаи миллии Тоҷикистон.

Саодат Икромӣ, китобдор ва яке аз поягузорони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бухоро таваллуд ёфта, пас аз кӯчидан ба Душанбе ба таҳсил дар Техникуми молия шурӯъ кард.
Фаъолияти касбии Саодат Икромӣ дар Китобхонаи оммавии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ оғоз ёфт, ки дар он ҷо ӯ чун китобдор хизмат карда, умри худро ба рушди китобхона ва маърифат бахшид.
Саодат Икромӣ ҳамсари шоири маъруф Ҷалол Икромӣ буд.
Соли 1947 – Мавлуди Сармад, шоири тоҷик.

Сармад, ки номи аслиаш Гадобой Ӯзбеков аст, баъди хатми мактаби деҳа дар Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент таҳсилро идома дода, фаъолияти кориашро аз мусаҳҳеҳӣ оғоз намудааст. Баъдан мухбир буд, ҳамзамон барои рӯзномаи “Газетаи муаллимон” шеър менавишт.
Эҷоди Сармад саршори дард ва ормонҳои замони худ буд. Китобхояш “Ашки шафак”, “Вожаҳои сияҳпӯш” ва “Хобҳои офтобӣ” пас аз маргаш нашр шуданд.
Сармад 18 октябри соли 1994 аз ҷониби афроде латукӯб гардида, баъди ду моҳ дар беморхонаи Панҷакент аз олам даргузашт.
Соли 1969 – Зодрӯзи Рустами Қосим, овозхони тоҷик.
Соли 1991 – Мавлуди Сайёра Сафарӣ, ҳунарпешаи тоҷик.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Соли 1999 дар 30-юмин иҷлосияи Конфронси генералии ЮНЕСКО тасмим гирифта шуд, ки ҳамасола 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии шеър ҷашн гирифта шавад. Мақсади ин рӯз мусоидат ба рушди шеър, эҳёи суннати шеъри шифоҳӣ, таълими шеър ва барқарорсозии муколама байни шеър ва дигар навъҳои санъат гуфта мешавад.

Соли 2000 дар Конгресси Иттиҳоди байналмилалии театрҳои лӯхтак (UNIMA) пешниҳод шуд, ки 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии театрҳои лӯхтак ҷашн гирифта шавад. Ин идеяро Ҷивод Золфагарихо аз Эрон пешниҳод карда буд.

Соли 1966 Маҷмаи умумии СММ қарор қабул кард, ки 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо нажодпарастӣ ҷашн гирифта шавад. Ин рӯз ба ёди куштори 69 нафар дар тазоҳуроти осоиштаи зидди режими апартеид дар шаҳри Шарпевили Африқои Ҷанубӣ дар соли 1960 пазируфта шудааст.

Соли 2005 Рӯзи байналмилалии одамони дорои синдроми Даун бори аввал ҷашн гирифта шуд. Ин сана рамзӣ буда, сабаби ин синдром мавҷудияти се нусхаи хромосомаи 21 мебошад, ки ба санаи 21-уми моҳи сеюм мувофиқ аст.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 21 МАРТИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 9+14º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм, рӯзона 10+15º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 10+15º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 20+25º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 9+14º гарм, рӯзона 22+27º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, рӯзона 14+19º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 9+11º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона -2+3º, дар баъзе ноҳияҳо то 8+10º гарм, рӯзона 10+15º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 18+20º гарм, дар шарқи вилоят шабона 11-16º сард, дар баъзе минтақаҳо то 19-21º сард, рӯзона 0-5º сард, дар баъзе минтақаҳо то 0+5º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 24+26º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 23+25º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 28+30º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 10+12º гарм.
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Наврӯз-бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
Ҳалли масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон – намунаи беназир дар шароити кунунии ҷаҳонӣ
“Дар умрам дору нахӯрдаам”. Қиссаи зани 120 солае, ки 210 набераву абераву чабера дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста