Басимо Тӯраева мегӯяд, 120 сола аст ва барои тасдиқи он, ҳуҷҷат ҳам пешниҳод мекунад. Ӯ дар умри беш як асраи худ соҳиби 7 фарзанду 210 набераву абераву чабера гардидааст. Ӯ ду ҷанги ҷаҳонӣ, Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ва Ҷанги Бузурги Ватаниро аз сар гузаронидааст. Таҷрибаҳои талхе, ки дар он давра дидааст хуб дар ёд дорад.

Мо барои фаҳмидани асрори дарозумрии бибии Басимо ва шунидани қиссаҳои ҷолиби ҳаёти ӯ ба суроғаш рафтем. Биби Басиморо дар иҳотаи фарзандону наберагонаш дарёфтем.

 

Басимо Тураева 6 –уми майи соли 1904 дар деҳаи Чашмаи Бедаки ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Бибӣ як моҳ пас 121 солагии худро таҷлил мекунад. Ӯ солҳо бо шавҳараш дар колхозҳои гуногун кор кардааст. Бибӣ ҳоло парешонхотир аст чун ду чанги ҷаҳониро дидааст. Агар дар замони ҷанги якуми ҷаҳон ӯ хурдсол буд, азобҳоеро, ки дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҷриба кардааст, хуб дар ёд дорад.

“Замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ду фарзанди авваламро аз даст додам. Давраи мушкил буд гурустагиву ташнагӣ мекашидем. Кунҷораро фатир карда мехӯрдем. Фармон бароварда буданд, ки ҷӯробак бофида ба ҳукумати Шуравӣ супорем. Ман наметавонистам, занҳое, ки метавонистанд бо асбоби бофандагӣ мебофтанд”,-мегӯяд зани солхӯрда.

Бибии Басимо шавҳарашро соли 1985 аз даст додааст ва ҳоло дар Душанбе дар хонаи фарзандону наберагонаш ҳаёт ба сар мебарад. Ӯро фарзандон ҳар сол дар фасли тобистон ба зодгоҳаш дар ноҳияи Ховалинг мебаранд. Ӯ мегӯяд, ки ҳавои деҳа, дидори духтаронаш ва бародари хурдиаш вайро хушҳол мекунад. Аз ӯ пурсидем, ки ягон орзуи амалинашуда дорад.

“Э Не. Худованд бандаам гӯяд, дигар орзуи дунёро надорам, бардошти  ғамро дигар надорам, бачаҳом мурданд, фарзандои падар гузаштанд. Худованд ҳаминқадар умрам дод шукр, ҳамин қадар мурод дорам, ки зиёдам натияд. Гушнагиро ҳам дидам сериро ҳам дидам, ғаму хурсандиро ҳам дидам”,- бо гиря нақл кард қаҳрамони мо.


Бибии Басимо гуфт, ки дар тамоми давраи ҳаёташ дору истеъмол намекардааст. Ҳоло, ки бузургсол шудааст танҳо замоне, ки сардард мешавад, доруи  таскиндиҳанда мехӯрад. Бибӣ мегӯяд, ки хӯрокҳои миллиро дӯст медорад ва дар тӯли умри худ ҳамеша ғизои солим хӯрдаву меваю хушкмеваҳои зодгоҳашро дӯст медорад.

“Дуғу қурутобро дӯст медорам. Хурокҳои равғанӣ писандам нест, дилам мехоҳад, ки камтар оталаву шакароб бошад. Дар вақташ, ки хӯрдем омухта шудем. Қаймоқу сметанаву дигар чизҳои хунукро намехурам, дигар хурокҳои мулоимро мехӯрам”,-бо лабханд нақл кард ӯ.

Таъсири бузургсолӣ дар саломатии Бибии Басимо ҳис карда мешавад. Ҳиси шунавоияш кам шуда, як чашмаш ҳам хира шудааст. Хотирпарешонӣ низ гоҳе гоҳе ӯро ғам медиҳад. Ҳоло бибии Басимо дар канори фарзандону наберагону дигар пайвандон давлати пирӣ меронад аз таҷрибаи рӯзгораш қисса мекунаду пайваста дуогӯйи онҳо аст.

Дар Тоҷикистон теъдоди нафароне, ки умри дароз мебинанд кам нестанд. Ба иттилои ҳукумати вилояти Хатлон айни замон дар ин минтақа 92 зан ва 17 мард зиндагӣ мекунанд, ки синнашон аз 100 то 106 сола мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.