Исфандиёри Саъдулло, раиси Хадамоти алоқа имрӯз зимни нишасти хабарӣ аз тағйирот дар соҳа ва нақшаҳои ояндааш сухан гуфт.
Ӯ гуфт, соли ҷорӣ арзиши воридотии интернет ба кишвар кам ва арзиши хидматрасониҳои интернети мобилӣ ва ноқилӣ аз тарафи операторони ватанӣ коҳиш дода шуд.
“Минбаъд ҳаҷми бастаҳои интернети мобилӣ ҳадди ақал то 20% зиёд пешниҳод карда мешавад, арзиши тарофаҳои провайдерони интернети ноқилӣ 55% коҳиш дода шуда, ҳамаи тарофаҳои бо суръати пасттар аз 5Мбит/с бекор карда мешаванд”, - зикр кард Исфандиёри Саъдулло.
Ин дар ҳолест, ки суръати интернети ноқилӣ дар кишвар аз 0,5 Мбит/с шурӯъ мешавад ва сокинон аз он пайваста шикоят мекунанд.
Исфандиёри Саъдулло иброз намуд, ки бо назардошти зиёд шудани аҳолӣ ва фарогирии он бо интернет, ба бунёди майдонҳои нави истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Ӯ камбуди операторони мобилиро ҷиҳати саривақт насб накардани истгоҳҳои базавӣ ва иқтидори техникӣ барои васеъ кардани ҳудуди фарогирӣ тасдиқ карда гуфт, “ин ба таври қонеъкунанда анҷом дода нашуд. Ин ҳолат ба паст гардидани хидматрасониҳои алоқаи мобилӣ боис гардид”.
“Барои беҳтар кардани хадамоти алоқаи мобилӣ нақшаи мушаххас таҳия кардаем ва операторони мобилӣ тибқи он фаъолият мекунанд. Дар 3 соли оянда интернети мобилӣ дар кишвар пурра ба наслҳои 4G ва 5G аз рӯйи минтақа таъмин гардида, дастрасии аҳолӣ бо интернети ноқилӣ то 80 фоиз таъмин карда мешавад”, - гуфт ӯ.
Исфандиёри Саъдулло зикр намуд, ки “Барномаи давлатии рушди соҳаи алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030” таҳия шуда, ба Ҳукумати кишвар пешниҳод мешавад.
Ҳамчунин, раиси Хадамоти алоқа таъкид кард, ки муосиргардонии фаъолияти “Почтаи тоҷик” ба нақша гирифта шуда, минбаъд истифодаи он дар фаъолияти маркетплейсҳо, тиҷорати электронӣ ва иқтисоди рақамӣ ва ҷалби ширкатҳои DHL, FedEx, UPS, TNT Express дар баррасӣ қарор дорад.
Ба қавли ӯ хадамоти минбаъдаи ҳамёнҳои электронии ташкилоти молиявию қарзии кишвар ва саҳифаву барномаҳои мобилӣ ройгон роҳандозӣ мегардад.
“Илова бар ин, дар сурати сифр будани маблағи тавозун ва ба охир расидани ҳаҷми интернет иҷрои амалиёти электронӣ ва ғайринақдӣ имконпазир мешавад”, - гуфт раиси Хадамот.
Ёдрас мешавем, ки интернет дар кишвар аз ҷониби 6 ширкати мобилӣ ва 15 ширкати ноқилӣ таъмин мегардад.
Интернети гарон ва суст
Интернет дар Тоҷикистон яке аз гаронтаринҳо дар Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон маҳсуб мешавад. Дар раддабандии арзиши интернети мобилӣ барои соли 2024, ки Global Relocate таҳия кардааст, Тоҷикистон дар байни 238 кишвар ва қаламравҳои вобаста дар ҷойи 142-ум қарор дорад. Мувофиқи иттилои ин раддабандӣ, арзиши миёнаи 1 ГБ интернет дар кишвар 1,65 долларро ташкил медиҳад.
Барои муқоиса, дар ҳамин раддабандӣ: дар Қирғизистон 1 ГБ интернет 0,17 доллар арзиш дорад (ҷои 8-ум дар ҷаҳон), дар Ӯзбекистон — 0,30 доллар (ҷои 22-юм), дар Қазоқистон — 0,41 доллар (ҷои 35-ум).
Ба ибораи дигар, интернет дар Тоҷикистон қариб 9,5 маротиба гаронтар аз Қирғизистон, 5,5 маротиба гаронтар аз Ӯзбекистон ва 4 маротиба гаронтар аз Қазоқистон мебошад.
Сарвари нави хадамот дар ҳоле ваъдаи хуб кардани сифати интернет ва паст кардани нархи онро медиҳад, ки сокинони кишвар пайваста аз сифати паст ва гаронии он шикоят мекунанд ва Тоҷикистон дар раддабандиҳои ҷаҳонӣ дар охир қарор дорад.
Тибқи маълумоти Speedtest Global Index аз моҳи феврали соли 2025, Тоҷикистон дар раддабандии суръати интернети ноқилӣ чанд зина боло рафта, дар байни 154 кишвар ҷойи 118-ум-ро ишғол мекунад. Суръати миёнаи боргирӣ 33,77 Мбит/с-ро ташкил додааст, ки назар ба сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ (98,3 Мбит/с) хеле пасттар аст.
Маълумот дар бораи суръати миёнаи интернети мобилӣ дар Тоҷикистон тақрибан беш аз як сол аст, ки дар ин раддабандӣ нав карда нашудааст. Аммо, тибқи маълумоти моҳи феврали соли 2024, Тоҷикистон миёни 143 кишвар дар ҷойи 139-ум қарор дошт. Дар моҳи майи соли 2024 бошад, 143-юм ҷой. Маълум нест, ки баъд аз Тоҷикитон ягон кишвар ҷой дошт ё кишвари мо дар зинаи охирин қарор дошт.