Агар субҳи 5-уми феврали имсол марги бармаҳал тамоми ҷомеаи Тоҷикистонро дар сӯги ҳунарманди ҷавону номошно ва пуровозаи кишвар Дамирбек Олимов наменишонд, имрӯз ӯ ба 33-солагӣ мерасид. Ҳунарманде, ки рӯзи маргаш ба мотами миллӣ бадал шуду тоҷикон аз тамоми гӯшаву канори дунё дар сӯги ӯ "ба паҳнаи рухсор" мегиристанд.

Якуним моҳе, ки ин чеҳраи саршиноси мусиқиву ҳунари миллӣ дар авҷи шукуфоии ҳунараш аз дунё рафт, сершунавандатарину сербинандатарин оҳанги ӯ “Зиндагӣ боқист, ёрон мераванд” аст. Оҳанге, ки руҳияи афсӯсу надомати мардуми Тоҷикистонро барои аз даст додани ин падидаи мунҳасир ба фарди ҳунари мусиқии кишвар бармалло мекунад.

Бо гузашти тақрибан, ду моҳ то ба ҳол аҳли ҳунару мухлисони Дамирбек Олимов марги ӯро наметавонанд таҳаммул кунанд. Чанд таронаву оҳанги ӯ омода, вале носуруда монд, тасмим дошт имсол шаби эҷодияшро барпо ва албоми нави худро барои ҳаводорони ҳунараш муаррифӣ кунад. Дӯстону ҳамкоронаш мегӯянд, Дамирбек чанд рӯз пеш аз маргаш мехосте ба ҷони ғазале оҳанге бидамонад, ки ниёиш ба Худованд буд.

Баъди чаҳор соли танаффус, Дамирбек Олимов тасмим дошт рӯзҳои 7-8-уми майи имсол шаби эҷодияшро баргузор кунад. Консерти охирони ӯ соли 2018 барпо шуда буд ва таронаҳояшро барои албоми сеюминаш омода мекард. Овозхони ҷавон бо ҳамроҳии ширкати “ҶМ” барои гузаронидани барномаи консертии деринтизор омодагӣ медид.

Парвизбек Муродов, мудири ширкати “ҶМ”, ки Дамирбек ҳамроҳи ин ширкат 15 соли охир муштаракан кору эҷод мекард мегӯяд, онҳо нақшаҳои зиёде доштанд, аммо афсӯс дар сатҳи нақша боқӣ монданд.

“Соли 2022 мехост як бадеҳа ё оҳанги дугона (дуэт) бо сарояндае аз Узбекистон, ду суруди дугонаи дигар бо Нигинаву Ҷонибек омода кунанд. Як суруди дигар мехост ба ифтихори 80-солагии устод Ҷӯрабек Муродов эҷод кунад. Се суруди дигар банду баст шуда буд, дар умум як албоми нави худро дошт омода мекард. Мо нақша доштем консенти Дамирбекро рӯзҳои 7-8 май дар Маркази ҷавонони Хуҷанд гузаронем, баъдан дар Москва як консерти   дигарро”,-мегӯяд Парвизбек.

Ба гуфтаи Парвизбек Муродов пас аз марги овозхони саршинос, нақша доштанд бо аҳли ҳунари Тоҷикистон дар рӯзи зодрӯзаш барои поси хотир ду консерти хайриявӣ ташкил кунанд ва сарояндагон  низ розӣ буданд. Вале ин барнома ба таъхир афтод ва дар назар аст, ҳамасола 20-уми март шаби эҷодии анъанавии поси хотири Дамирбек ба роҳ монда шавад ва дар он таронаҳои ӯро бозхонӣ мекунанд. 


“Моро танҳо нагузоштанд”

Баъди чанд рӯзи марги ин овозхон бо дархости сарояндагону ҳаводорон ширкати “ҶМ” як бунёди махсусеро барои кӯмак ба хонаводаи Дамирбек ва фарзандонаш ташкил кард. Созмондиҳандагон мегӯянд, он маблағ рост ба корти бонкӣ ва суратҳисоби худи падари Дамирбек меравад ва ҷамъоварии маблағ  ихтиёрӣ буда, бар асоси ирода ва хоҳиши худи мухлисон вобаста аст, ки ҳадафашон ёрмандӣ барои ояндаи хонаводаи ҳунарманд мебошад.

Ботурбек Олимов, падари Дамирбек Олимов рӯзи 19-уми март ба “Азия-Плюс” гуфт: “Маблағи зиёд дар он фонд ҷамъ нашудааст, ман он маблағро ба хотири ояндаи фарзандонаш ба номашон гузоштам, вале ба фикрам каме аз назар дур монд”.

Дамирбек бо падараш, овозхони шинохта Ботурбек Олимов

Дамирбек Одимов зодаи ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) ва фарзанди ягонаи хонавода буд. Аз ӯ се фарзанд ду писар ва як духтар боқӣ монд. Падараш Ботурбек Олимов низ ҳунарманди шинохтаи минтақа буда, ҳамакнун саробонии кӯдакони писар дар дӯши ӯст. Аз баски фарзандони Дамирбек ҳоло хурдсоланд, ба гуфтаи Ботурбек Олимов “эҳсоси бепадариро дарк намекунанд, шояд эҳсос кунанд ҳам нишон намедиҳанд”.

“Фарзандонашро ба назди худам ба ноҳияи Деваштич овардам, онҳо дар ин ҷо ба мактаб мераванд. Пештар дар мактаби Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд таҳсил мекарданд. Акнун фарзандам нест, зиндагӣ ба мисли пештара, кор меравам меоям, ягон дигаргуние нест. Ёру дӯстонаш омада аз ҳоли фарзандонаш хабар мегиранд, моро танҳо нагузоштанд”.

Дамирбек Олимов, узви гуруҳи шашмақомхонони “Нури Хуҷанд” ва яке аз шогирдони Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов буд, ки дар дастаи “Садои Хуҷанд” низ кор мекард.  

Ҷӯрабек Мурод, устоди Дамирбек Олимов

Ӯ нахуст дар омӯзишгоҳи Содирхон Ҳофиз навохтани тамбурро ёд гирифта, баъдан дар шашмақомхониву иҷрои таронаҳои эстрадӣ маъруфият пайдо кард. Падари Дамирбек мегӯяд, ӯ аз хурдӣ ба санъат шавқу рағбат дошт ва ҳар дастоварде, ки дар ин умри кӯтоҳаш дид бо меҳнати худ ва кӯмаки устодон ба даст овард.      

“Аз ҳамон рӯзи ҷаноза фаҳмидам, ки фарзандам ба касе бадӣ накарда будааст, ҳамаро дастгирӣ мекард. Ғами бечорагонро мехӯрд, бисёр дили нарм дошт. Ҳама меоянд аз хислатҳои ӯ мегӯянд. Умри кӯтоҳу босамар доштааст. Сахт меҳнат карда будаасту ман хабар надоштаам”.

Пас аз марги ин овозхони саршинос дар шабакаҳои иҷтимоӣ мухлисону дӯстонаш пешниҳод карданд, ки яке аз кӯчаҳо ё мактаби мусиқии ноҳияи Деваштич ба ифтихори Дамирбек Олимов номгузорӣ шавад. Аммо падари овозхон  мегӯяд, худи ӯ дар ин хусус ба мақомот муроҷиат накардааст ва афзуд “агар арзанда бошад худашон медонанд”.

Ботурбек Олимов дар рӯзи ҷанозаи писари овозхонаш

Парвизбек Муродов, мудири ширкати “ҶМ” низ мегӯяд, онҳо низ дар мавриди номгузории кӯча ё ягон муассиса ба номи Дамирбек пешниҳоде накардаанд, вале ният доранд ба мақомот пешниҳоди худро гӯянд:

“Мо ҳам фикр мекунем номашро гузорем даркор, чунки эҷодиёти барҷаста дошт ва худаш санъаткори маъруф буд. Ғайр аз инсони нек, ҳунарманди боистеъдод буд. Шашмақомро медонист, усули классикӣ, эстрада, мавригиро медонист. Сурудҳои халқии ӯзбекиву русиро медонист. Шеъру оҳангҳои босаводона ва дуруст эҷод мекард ва маҳорати воло дошт.  Мо дар гӯшаи осорхонаи Ҷӯрабек Муродов гӯшаи Дамирбекро сохтаву ташкил кардем”.

Чанд рӯз пеш аз марг ниёиш ба Худо карда буд

Дамирбек Олимов соли 2011 бо таронаи “Зулфони майда дорӣ” рӯйи саҳна омад ва баъдан бо таронаи “Дунё” машҳур шуд. Дар охирин солҳои эҷодаш бештар бо шоир Толиби Озарахш дар интихоби матн кор мекард ва таронаи “Бачагиям”, ки ба матни ин шоир марбут аст сароид ва ҳаводорони зиёдеро пайдо кард.  

Қурбон Бобоҷонов, коргардони намоҳанг (клип)-ҳои Дамирбек Олимов, рӯзи 5-уми феврал дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфта буд аз лаҳзаҳои охирини эҷодиёти овозхон бохабар буд. Вай афзуд, чанд рӯз пеш аз маргаш суруди хело ҷаззобро аз ғазали шоирони классик, ки ниёиш аз Худо буд, омода мекард.

 “Эй бор худои аршу курсӣ,

Шаш чиз ба мо ато фиристӣ.

Имону амону тандурустӣ,

Илму амалу фарохдастӣ.

Ё Аллоҳ, Ё Оллоҳ ... Бисёр мехост, ки ҳамин суруд ба дараҷаи олӣ иҷро шавад, вале мутассифона он яке аз охирон сурадаҳояш гардид”-гуфта буд, Қурбон Бобоҷонов.

Модари Дамирбек дар рӯзи марги писараш бо хештандории тамом фарёд мекашид

Рустам Азимӣ, овозхон ва ҳамсабақи Дамирбек низ он вақт гуфта буд, онҳо аз соли 2004 ҳамдигарро мешиносанд. Вай афзуд: “Вақте мо бо Дамирбек ҳамкурс будем, асосан тамбур менавохт, бисёр мехост, ки жанри классикии шашмақомро ба пеш барад. Бовари доштам, ки санъаткори бузург мешавад. Бо мурури замон Дамирбек бо таронаҳои миллии тоҷикӣ ном бароварду ифтихоти миллат ҳам гашт гӯем хато намекунем”.

Дар пасманзари марги Дамирбек сароянда Анвар Ахмедов сурудеро бо ном “Ёдат ба хайр” сароид. Шоир Кайҳон Суфӣ низ санаи 8-уми феврал дар сӯгвории ин овозхон шеъреро бо ном “Дареғо” навишт ва онро ҳунарманд Ҳикматулло Аҳадов ба садо андохт ва ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад. Кайҳон Суфӣ дар чанд порчаи шеъраш гуфтааст:

Ба чашмам чашмаҳо гирён, ҷигарҳо сӯхтаву бирён,

Бихушкид рӯди хунёгар, Дамирбек бар намегардад.

Лаҳзае аз маросими видоъ бо овозхон

Саҳари 5-уми феврал чи гузашт?

Дамирбек Олимов соати тақрибан 01:40-и рӯзи 5-уми феврал ҳангоми бозгашт аз як ҷорабиние дар роҳи “Сомғор-Хуҷанд” дар мавзеи Боғи миллии “Ваҳдат” ба садама дучор шуд. Ӯ сари фармонимошин ҳамроҳ бо навозандаҳо Суҳроб Бердиев ва Муқимҷон Юсуфов бармегашт.

Раёсати ВКД дар вилояти Суғд чанд рӯз пас аз садама гуфта буд, “ронанда аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар натиҷа мошин чаппа мешавад”. Ин қисмати роҳ як гардиши ҷиддитаре дошт, ки ба гуфтаи мақомоти полис автомашинаи ронанда бо суръат 100 км/соат ҳаракат карда, маҳз дар ҳамин ҷо чаппа мешавад ва ду навозанда бо бардошти ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ мешаванд. Аммо ҷасади Дамирбек Олимовро зӯҳри ҳамон рӯз дар оромгоҳи Абубакри Сиддиқи ноҳияи Деваштич ба хок супориданд. Дар маросими видоъ бо ӯ ҳазорҳо нафар аз чеҳраҳои расмиву фарҳангӣ,ҳаводорону ҳамкорону дӯстонаш иштирок карданд.

Дамирбек Олимов бо таронаҳои якҷояаш (мавригӣ) бо овозхон Нигина Амонқулова ба саҳнаҳои калон роҳ ёфт.  Ӯро таронаҳои “Дунё” ва “Бачагиям” низ хеле машҳур карданд.

Дамирбек Олимов дар поёни соли 2021 ҷоизаи Tarona Music Award 2021-и Гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс”-ро барои суруди "Омадӣ" соҳиб шуд. Соли гузашта Дамирбек ба меҳмонии радиои “Азия-Плюс” даъват шуда ва бо ровӣ Орзу Исо ҳамсуҳбат шуда, нақл карда буд, ки чи гуна як занги телефонии Нигина Амонқулова ҳаёташро тағйир дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.