Акрам Имомӯғлӣ, шаҳрдори барканор ва боздоштшудаи Истанбул аз сӯйи Ҳизби мухолифи Ҳалқӣ - ҷумҳуриявии Туркия (ҲХҶТ) рӯзи 23-уми март ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ шуд.

Акрам Имомӯғлӣ яке аз рақибони аслии сиёсии Раҷаб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия аст, ки 19-уми март боздошт гардид. Боздошти ӯ боиси эътирозҳо дар шаҳрҳои гуногуни ин кишвар гардид.

Дар пайи ин Ҳизби мухолифи Ҳалқӣ - ҷумҳуриявии Туркия аз баргузории интихоботи дохилиҳизбӣ ва пешниҳоди Акрам Имомӯғлӣ ба курсии президенти Туркия хабар дод.

Ба навиштаи Deutsche Welle, дар интихоботи дохилиҳизбии ҲХҶТ тақрибан 15 миллион шаҳрванди Туркия ширкат карданд — ин тақрибан чоряки ҳамаи интихобкунандагони сабтиномшудаи кишвар аст. Тақрибан 13,2 миллион нафар ба тарафдории Имамоғлу, ки ягона номзад буд, овоз доданд.

Ӯзгур Озел, раиси ҲХҶТ аз Раҷаб Тайиб Эрдуғон хост, интихоботи пешазмуҳлат даъват ва бо Имомӯғлӣ рақобат кунад.

Ҳамон рӯз даҳҳо ҳазор тарафдори мухолифин дар назди шаҳрдории Истанбул ҷамъ омаданд ва боздошти Имомӯғлиро дорои ангезаи сиёсӣ ва таъқиби таъқиби сиёсӣ аз сӯйи Эрдуғон номиданд.

“Имомӯғлӣ аз як тараф дар зиндон аст, вале аз тарафи дигар — дар роҳи расидан ба мақоми президентӣ” , - гуфтааст Озел дар он гирдиҳамоӣ.

Дар назди эътирозгарон ҳамчунин ҳамсари шаҳрдори боздоштшудаи Истанбул — Дилек Кая Имомӯғлӣ суханронӣ кардааст.

Тавре нашрияи Milliyet хабар медиҳад, эътирозгарон бо полис вориди даргирӣ шуданд. Дар натиҷа, 66 нафар боздошт ва 5 корманди пулис маҷруҳ шуданд.

 

Таҷрибаи таъқиби рақиби Эрдуғон

Акрам Имомӯғлиро мақомоти Туркия ба раҳбарии созмони ҷиноятӣ ва фасод муттаҳам мекунанд. Бино ба иттилои хабаргузории Anadolu, нисбати сиёсатмадор таҳқиқоти марбут ба терроризм оғоз шудааст. Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки ӯ аз Ҳизби коргарии Курдистон (ҲКК), ки дар Туркия мамнӯъ аст, пуштибонӣ мекунад. Аммо худи Имомӯғлӣ ҳамаи иттиҳомҳоро рад мекунад.

Рӯзи 21 ва 22 март ӯ чанд соат бозпурсӣ шуд. Субҳи 23 март, тибқи қарори додгоҳ, Имамоғлу боздошт ва ба зиндон интиқол ёфт. Дар ҳамин рӯз Вазорати корҳои дохилии Туркия ӯро муваққатан аз вазифа барканор кард. Дар чанд рӯзи оянда, шӯрои шаҳрдории Истанбул, ки аксарияти курсиҳоро ҲХҶТ дар ихтиёр дорад, бояд иҷрокунандаи вазифаи шаҳрдорро интихоб кунад.

Эътирозҳо бар зидди боздошти Имамоғлу аз 19 март ба ин сӯ дар чандин шаҳри Туркия идома доранд. Садҳо нафар боздошт шудаанд. Мақомот дар Истанбул маҳдудиятҳои сахттаре барои баргузории гирдиҳамоиҳо ҷорӣ кардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.