Баъди азсаргирии ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза ва атрофи он мақомҳои беҳдошти Ғазза гуфтанд, теъдоди кушташудаҳо дар ин борика ба беш аз 50 ҳазор нафар расидааст. ҲАМОС аз кушта шудани дасти кам 8 нафари калидии худ хабар дод. Исроил мегӯяд, ҷангро то нобудии ин гурӯҳ давом медиҳад.
Ба навиштаи “Ал-Ҷазира”, Вазорати беҳдошти Ғазза рӯзи якшанбе, 23-юми март эълон кардааст, ки дар ҳамлаҳои Исроил ба навор ва атрофи он пас аз 7-уми октябри соли 2023 то кунун 50 ҳазору 21 нафар фаластинӣ кушта шудаанд, ки аксари онҳо занону кӯдакон будаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, теъдоди захмиён дар ин давра ба беш аз 113 ҳазор нафар расидааст.
Дар гузориши “Ал-Ҷазира” гуфта мешавад, ки баъди азсар гирифтани ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза дар таърихи 18-уми марти соли ҷорӣ 673 фаластинӣ кушта ва беш аз 1200 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи фаластинии ҲАМОС эълон кардааст, ки дар чанд рӯзи гузашта Исроил ҳадди ақалл 8 фармондеҳ, аъзоёни дафтари сиёсӣ ва нафари калидии зерини ин гурӯҳро куштааст:
Салоҳ Бардавил, узви дафтари сиёсӣ ва намояндаи маҷлиси қонунгузорӣ;
Исмоил Барҳум, мудири умури молӣ ва ҷалби кумакҳо;
Баҳҷат Абусултон, мудири кулли дастгоҳи амнияти дохилӣ;
Ёсир Ҳарб, узви дафтари сиёсӣ;
Аҳмад Ҳатта, муовини вазорати додгустарӣ;
Маҳмуд Абуватфа, муовини вазир;
Исом Даълис, раиси пайгирии иқдомӣ давлатӣ;
Муҳаммад Ҷамосӣ, узви аршади дафтари сиёсӣ.

Дар ҳамин ҳол ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин, ки дар канори ҲАМОС бо Исроил меҷангад, аз кушта шудани Ноҷӣ Абусайф мулаққаб ба Абуҳамза, сухангӯи шохаи низомии ин созмон дар ҳамлҳои ҷадиди Исроил хабар дод.
Пеш аз ин Исроил чандин роҳбари аршдаи ҲАМОС, аз ҷумла, Исмоил Ҳания, роҳбари сиёсии он ва Яҳё Синвор, ки пас аз ӯ роҳбари ҲАМОС шуда буд, кушта буд.
Ёдрас мешавем, ки Исроил ва ҲАМОС пас аз 14 моҳи ҷанг барои оташбас дар Ғазза ба созиш расиданд, ки он аз 19 январи соли 2025 ба иҷро даромад ва 6 ҳафта давом кард. Аммо баъди анҷоми марҳилаи аввали ин тавофуқ рӯзи 18-уми март, Артиши Исроил ба далели худдории ҲАМОС аз тамдиди марҳилаи аввали оташбас ҳамлаҳои худ ба Ғазза ва атрофи онро аз сар гирифт.
Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи фаластинии ҲАМОС Исроилро ба қаъи якҷониба созишномаи оташбас ва худдории хуруҷи нерӯҳояш аз Ғазза муттаҳам кард.
Ҳамлаҳои нави Исроил ба Ғазза ва атрофи он мавҷи ҷадиди оворагиро ба роҳ андохт ва ғайринизомиёнро маҷбур ба тарки хонаҳояшон кардааст.
Бояд гуфт, низоъ дар Ғазза рӯзи 7-уми октябри соли 2023, баъди фишору ғасбкориҳои пайвастаи Исроил ба Фаластин ва бо ҳамлаи ҷангҷӯёни гурӯҳи ҲАМОС ба Исроил оғоз шуд. Дар ҳамлаи худ ҲАМОС 1200 исроилиро кушт ва 250 касро гаравгон гирифт. Дар пайи ин артиши Исроил ба Ғазза ҳуҷум ва наворро бомбборон кард, ки то ҳол идома дорад.
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста