Наврӯз ҷашни суннатии эрониён аст, аммо имрӯз дар Тоҷикистон, ва баъзе манотиқи кишварҳои ҳавзаи Наврӯз анъанаҳои замоне маъмули он, аз ҷумла хонатаконӣ, пухтани суманак, оростани хони идона ва гузаронидани бозиҳои миллӣ дар Наврӯз риоят мешаванд. Бисёре аз ойинҳои куҳани наврӯзӣ, монанди “Чаҳоршанбеи сурӣ”, расми “Таҳвили сол”, “Сездаҳ ба дар”, маросимҳои “Фолгирӣ” ва “Ҷуфтбаророн”, “Гулгардонӣ” ва “Деги дарвешон” бошад, қариб фаромӯш шудаанд ё иҷрои онҳо дигар ба шаҳомати гузашта нест.

 

Чаҳоршанбеи сурӣ

Чаҳоршанбеи сурӣ (чоршанбеи охирин) анъанаест, ки пеш аз оғози Наврӯз, дар тамоми манотиқи ориёитабор баргузор мегардид. Пештар дар минтақаҳои Дарвозу Қаротегин бегоҳӣ пас аз ғуруби Офтоб гулхани оташро фурӯзон намуда, се бор аз болои он мепариданд, ки онро мардум “чоршанбеи охири сол” ва ё “аловпарак” меномиданд.

Мардум бовар доштанд, ки бо иҷрои ин кор аз тамоми бемориҳо, нодориҳо, ғаму ранҷ ва гуноҳҳояшон, ки дар соли куҳан доштанд, раҳо мешаванд. Мувоффиқи таҳқиқоти олимон то солҳои 50-уми асри ХХ дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон ин маросим роиҷ будааст.

Муаллифи китоби “Ҷашни Наврӯз ва ҷаҳоншиносӣ” Мирбобо Мирраҳим навиштааст, ки сабаби “Чаҳоршанбеи сурӣ” ном гирифтани ин оинро олимон ба афрӯхтани оташ рабт додаанд, ки маънояш “чаҳоршанбеи сурх ва оташ” будааст.

“Дар шаби чаҳоршанбе оташ афрӯхта аз болои он ҷаҳида мегузаштанду се бор ин суханонро мегуфтанд: “Сурхии ту аз ман! Зардии ман аз ту”. Ва боз ин ки тамоми хурду калони кӯча аз болои оташ меҷаҳиданду мегуфтанд: “Зардиву ранҷурии ман аз ту - сурхиву хуррамиии ту аз ман!”, - навиштааст Мирбобо Мирраҳим.

Зиё Абдулло, донишманди тоҷик дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки “Чаҳоршанбе сурӣ” дар гузашта байни тоҷикон низ роиҷ буд ва мардум дар се қатор гулхан афрӯхта аз болои он меҷаҳиданд.

“Оташ ба ҷуз он ки рӯшноӣ ва гармӣ медиҳад, ҳамчунин рамзи покӣ аст ва рӯҳи инсонро тоза мекунад. Ин ба маънои пок шудан аз кинаву адоват, рашку бадбинӣ, ғаму дард фаҳмида мешуд. Ба шуниди ман ин анъана дар Исфара роиҷ буд ва навхонадорон дар Наврӯз ин оинро иҷро мекарданд”,- гуфт донишманди тоҷик.

Дар китоби “Таърихи бухоро”-и Наршахӣ низ аз ин оин чунин ёд шудааст, ки “ҳунӯз сол тамом нашуда буд, ки чун шаби сурӣ оташи азиме афрӯхтанд, пораи оташ биҷаст ва ба сақфи сарой даргирифт ва дигарбора ҷумлаи сарой даргирифт”.

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки ҳанӯз дар асри Х дар Мовароунаҳр маросими “Чаҳоршанбеи сурӣ” дар дарбори шоҳони Сомонӣ бо афрӯхтани гулхан таҷлил мегардидааст.

Дар манотиқи Эронзамин дар ин маросим таоме бо номи “Оши чаҳоршанбесурӣ” ва ё “Оши ришта” мепазанд. Ин хӯрок як навъ оши равон (рақиқ, обакӣ)-ест, ки аз ҳубубот, равған, сабзиҷот омода карда мешавад.

 

BBC

Маросими “Ҷуфтбаророн”

Маросими “Ҷуфтбаророн” яке аз оинҳои дигари Наврӯз аст, ки дар гузашта барпо мешуд. Дар рӯзи “Ҷуфтбаророн” деҳқонон аввал дар хонае ҷамъ омада, зиёфат ороста хӯрок мехӯрданд, баъдан сураҳо қироат намуда дар ҳаққи арвоҳи гузаштагон дуо карда, ба корҳои деҳқонон баракату фаровонӣ орзу мекарданд. 

Тавре дар китоби “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” омадааст, “деҳқонон барзагову асбоби ҷуфтрониро ба саҳро, ба мавзеи киштукор бароварда, ба шохҳои барзаговҳо равғани зағир мемолиданд, испанд дуд карда, говҳоро аз болои он мегузарониданд ва ба сару бадани говҳо орд мепошиданд, ки ин амал офияти барзаговҳо ва бофайзу серҳосил шудани киштукорро ифода мекард”.

Баъдан мӯйсафедон ва мардони миёнсоли деҳа ҷойи нахустшудгорро интихоб мекарданд. Дар ин маросим маъмулан таомҳои ширӣ, аз қабили ширбиринҷ, хувдашав, нонмаска ва амсоли инҳоро омода менамуданд.

 

Asia-Plus

Маросими “Таҳвили сол”

Замони аз бурҷи Ҳут баромада, ба бурҷи Ҳамал дохил шудани Офтобро, ки соли нав фаро мерасад, мардуми ориёитабор “таҳвили сол” меномиданд. Мардум дар ин рӯз сари суфраи наврӯзӣ гирди ҳам омада, шамъи хони наврӯзиро равшан мекарданд. Сардори оила бо хондани дуои хайри наврӯзӣ аҳли хонаводаро бо ид табрик гуфта хоҳони саломатию беҳбудии онҳо то соли оянда мешуд.

Тавре дар китоби “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” гуфта шудааст, суфра дар ҳар хонаводаи мардуми ориёитабор мувофиқи суннати дерин ороста мешуд ва хони наврӯзӣ аз “Ҳафт син” сар карда то хӯрокҳои хоси Наврӯз таҳия мегардид.

“Аз дидани нону косаи об бо сабза, шишаву гулоб, оҷил (меваи хушк), шарбату ширинӣ, моҳиву ҷурғот, ширу панир ва ғайра дар атрофи “Ҳафт син” аз фаровонии сол гувоҳӣ медод ва чашму дили аҳли хонаводаро дар оғози соли нав сер нигоҳ медошт. Вале қабл аз тановул шамъе, ки рӯи суфраи наврӯзӣ афрӯхта шуда буд, бояд комилан сӯхта тамом мешуд”,-омадааст дар донишномаи мазкур.

Ҳамчунин дар рӯзи аввали Наврӯз мардум субҳи барвақт аз хоб бархоста дасту рӯй шуста пеш аз он ки сухан бигӯянд, шакар мехӯрдаанд ё асал мечашидаанд ва барои ҳифзи бадан аз нохушию бадбахтиҳо равған мемолиданд.

 

“Сездаҳ ба дар”

Наврӯз аз “Чаҳоршанбе сурӣ” оғоз гардида ва дар “Сездаҳ ба дар” хотима меёбад. Барои баргузории ҷашни Наврӯз ҳамчун рамз 12- рӯзро ихтисос додаанд, ки баъди он рӯзи 13- уми фарвардин фаро мерасад, ки дар ин рӯз бояд мардум хушҳол ва бо табъи болида аз хонаҳои худ берун баромада, он рӯзро дар оғӯши фазои озоди табиат гузаронанд.

 

Азия-Плюс

“Сездаҳ ба дар”-ро олимону муҳаққиқон рӯзи охирони Наврӯз ва оғози кору амали инсон барои таъмини хонавода гуфтаанд. Миёни мардум чунин эътиқоде ҷой доштааст, ки агар инсон 12 рӯзи наврӯзӣ хушҳол бошад тамоми соли навро бо хурсандию сурур ва бидуни ғаму андӯҳ сипарӣ мекунад.

Муҳаққиқон “Сездаҳ ба дар”-ро рамзи ҳамбастагии инсону табиат, эҳтиром ба муҳити зист ҳисобидаанд. Аммо бархе аз муҳақиқон ин рӯзро рӯзи наҳсу номуборак ҳисобидаанд, ки ба тахмину фарзияҳо асос ёфтаанд. 

Вале муҳақиқи эронитабор, Ҳошим Разӣ ин маросимро “ҷашни шукуфа” номида, гуфтааст, ки бачаҳо бозӣ мекарданд, духтарон рақсу таронахонӣ намуда барои бахташон сабзаҳои баҳориро бо ҳам гиреҳ зада, ба сари худ ҳалқавор мепӯшонданд ва дуо мекардаанд, то ба ормонҳои деринашон расанд.

 

“Оши дарвешон” ё “Деги дарвешон”

Дар рӯзҳои наврӯзӣ ҳамдеҳагон гандум, мош, нахӯд, лӯбиё, биринҷ ва гиёҳҳои хуштаъми баҳорӣ ҷамъ оварда оши кӯча пухта, “деги дарвешон”-гӯён ба мардум тақсим менамуданд. Ин таомро нахуст ба шахсони бесарпаноҳ ва пирони барҷомонда мефиристодаанд, баъдан ба дигарон.

Муҳақиқон дар китоби “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” нигоштаанд, ки ин оин дар Қаратоғ роиҷ будааст, ки бойҳои ин минтақа дар дегҳои бузург оши палов пухта, ба аҳли деҳа тақсим мекардаанд.

“Дар бораи анъанаи деги дарвешон мӯйсафедони деҳаи Ғуриёт ривоят мекунанд, ки дар давраҳои пеш чанд нафар дарвеш ё қаландар дар айёми Наврӯз дар ба дар мегаштанд ва “Ҳақ дӯст, ё Аллоҳ”-гӯён мардумро аз омадани баҳор хабар медоданд. Аз хонаҳо ба онҳо яккафӣ гандуму биринҷ, нахӯд, лӯбиё ё навъҳои ғалладонаро садақа мекарданд. Онҳо аз мардум дегеро ба орият талабида, дар ҷойи ҳамвору кушод мегузоштанд ва аз донагиҳои ҷамъшуда таоме мепухтанд”,- омадааст дар китоби мазкур.

То пухтани таом “дарвешона” онҳо гирди дег рақсида ба осмон нигоҳ мекардаанд. Пас аз тановули хӯрок боз зикр гирди гулхан чархиданро давом медодаанд. Гӯё, маҳз дар ососи ҳамин одати деги дарвешон хӯроки миллии “гандумкӯча” ё “далда” пайдо гардидааст.

Зиё Абдулло, донишманди тоҷик ҳам таъйид мекунад, ки дар гузашта маросими “Оши дарвешон”-ро тоҷикон дар рӯзи бозор иҷро мекарданд. Чунки пеш аз бозор рафтан ё баргаштан мардум як коса – як коса аз ин таом ройгон мехӯрданд. Ин оин ҳамчун рамзи некӣ кардан дар рузҳои Наврӯз маъмул гардида будааст.

 

Намогирифт

“Фолгирӣ”

Деҳқонон дар гузашта бо роҳи сабзонидани 12 навъи ғалладонагиҳо гандум, ҷав, нахӯд, зағир, наск, мош ва ғайра чӣ гуна омадани соли навро пешгӯӣ мекарданд. Ин ғалладонагиҳоро дар шароити хона дар зарфҳои гуногун месабзониданд ва аз рӯи сабзиши онҳо фол мегирифтанд. Ғалладонае, ки хуб месабзид, далели он буд, ки дар соли нав ин ғаладдона нашъунамои хуб ва ҳосили фаровон медиҳад.

Мардуми баъзе минтақаҳо барои санҷидан аз 7 навъи ғаладонагиҳо истифода мебурдаанд. Абӯрайҳони Берунӣ дар китоби “Одоб-ул-бақоеъ” навиштааст, ки “рӯзи Наврӯз дар канори хона ҳафт навъ аз ғалла бар ҳафт табақ бикоранд. Ва аз рӯидани ин ғалла ба хубию бадии зироат ва ҳосил солиёна пешгӯӣ кунанд”.

Зиё Абдулло мегӯяд, ки қаблан мардуми минтақаҳои Суғду Хатлону Бадахшон ин оинро иҷро мекарданд ва дақиқ мекарданд, ки кадом навъи ғаладонагиҳо дар соли нав серҳосил мешавад.

“Ин маросимро дар ҳар минтақае, ки деҳқонӣ роиҷ буд аз ин усул истифода мебурданд. Замони Шӯравӣ деҳқонон пешакӣ меомӯхтанд, ки кадом навъи растаниҳо серҳосил мешаванд, аммо баъдан қисми бештари ин заминҳоро ба чарогоҳ табдил доданд.  Ҳамин тавр деҳқонон ин анъанаро риоя намекунанд, аммо имрӯз ба ин расм ниёз ҳаст ва зарурати эҳёи дубораи он мавҷуд аст”,-таъкид мекунад донишманди тоҷик.

 

“Гулгардонӣ”

Маросими “Гулгардонӣ”, ки қариб дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон маъмул аст, шаҳомати пешинаи худро аз даст медиҳад. Дар гузашта дар маросими “гулгардонӣ” бузургсолон низ ширкат мекарданд, ки ҳоло ин амал ба таври маҳдуд аз ҷониби кӯдакону наврасон иҷро мегардад. Ба гуфтаи муҳақиқон, дар ҷануби кишвар, мардум гулҳоро ба чӯбдаста баста ба гурӯҳҳои се - чор нафара тақсим шуда, бо роҳбарии пирони рӯзгордида ин маросимро анҷом медодаанд.

 

Asia-Plus

Аз омадани Наврӯз пеш аз ҳама бачагон бо иҷрои анъанаи гулгардонӣ ба дигарон хабар медиҳанд. Онҳо ду ҳафта қабл аз Наврӯз, баробари шукуфтани гулҳои баҳорӣ як гурӯҳ шуда, ба кӯҳу пуштаҳо рафта, гулҳои зардак ва сиёҳгӯш ё “бойчечак”-ро чида, гулдаста карда, ба деҳа меоранд ва хона ба хона гашта, ба мардум сурудхонон муждаи омадани Наврӯзро мерасонанд. Яке аз сурудҳое, ки бачагони Сари Хосор ҳангоми гулгардонӣ мехонанд, ин аст:

Гули сияҳгӯши сеқуша,

 Миёни гандуму ғуза,

Дилат бар мо намесуза,

Буҳори нав муборак бод!

Пасон соҳибхонаҳо гулҳоро бӯй кашидаву ба чашм мемоланд ва шукронаи ба баҳори нав расиданро мекунанд. Ва ба бачаҳо шириниворӣ ё ягон туҳфаи дигар медиҳанд. Ин расм дар гузашта маъмул будааст, ки ҳамчун туҳфа ба калонсолон гандум, нахӯд ё ягон навъи дигари донагиҳоро медодаанд.

Калонсолон баъди анҷоми маросим хонаи як нафарро интихоб карда, бо ёрии якдигар аз донагиҳои ҷамъшуда таоми “далда” мепухтаанд ва бо ҳам тановул мекардаанд.

 

Asia-Plus

Муъмин Қаноат, шоири халқии Тоҷикистон дар як мусоҳибааш аз маросими гулгардонӣ ёд карда гуфтааст, ки ба бачаҳое, ки дар ин маросим ширкат ва сурудҳои наврӯзӣ мехонданд чизе мебахшиданд, ки савоби бузург дониста мешуд. Шоир гуфтааст, ки баъдан озмуни шоирон ва мутрибон шуруъ мешуд.

“Дар он аҳде, ки бачагии ман гузашт, дар Дарвоз сӣ мутриб ва ҳофизи шинохта буд. Баъди озмун баҳси ҳофизон, мутрибон, шоирон ва зарофатгӯён шурӯъ мешуд. Наврӯз бо ҳамин рӯҳияи эҳёӣ ба поён мерасид. Табиати инсон дар мувозӣ бо табиати кайҳон эҳё мешуд”,- зикр кардааст Муъмин Қаноат.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон дар арафаи Наврӯз хонатаконӣ, гирди оташдонро тоза кардан, оташ афрӯхтан, ҳазориспанд дуд кардан, кӯза шикастан, чойнику пиёлаи чағ овардаро дур андохтан, либоси нав ба бар кардан ва амсоли ин роиҷ мебошад.

Яке аз маросими дигар ин суманакпазӣ аст, ки асоситарин неъмати Наврӯз маҳсуб меёбад ва он аз сабзаи гандум пухта мешавад. Хӯрокҳои анъанавии наврӯзии тоҷикон аслан ғизоҳоеанд, ки аз анвои ғалладона пухта мешаванд. Аз ҷумла “гандумкӯча” ё “далда”, ки аз донагиҳо ва гиёҳҳо таҳия мегардад, рамзи баракату фаровонии ҳосили кишоварзии соли нав дониста мешавад.

Дар Наврӯз мусобиқаҳои варзишӣ низ баргузор мешаванд, ки аз ҷумлаи онҳо куштӣ, аспдавонӣ, давидан, бандкашӣ, бузкашӣ ва чавгонбозӣ мебошанд. Бо вуҷуди ин, куштӣ маъмултарини мусобиқаи Наврӯзӣ аст, ки хеле роиҷ ва маъруф аст. Дар деҳаҳо мусобиқаҳои дигаре низ баргузор мешаванд, ба монанди тухмҷанг, хурӯсҷанг, кабчанг, чиликандозӣ, дастхобонӣ ва ғайра. Ҳамчунин, арғамчинкашӣ, тирандозӣ, лаклакбозӣ, бандпарӣ, ҷаҳидан аз болои арғамчин ва чанд мусобиқаи дигар низ дар Наврӯз иҷро мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.