Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи бахшиши 238 ҳазор сомонӣ қарзи “Раёсати таъмиру сохтмонии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон” қарор ба имзо расонидааст.
Дар қарор омадааст, ин қарз аз рӯйи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳои то 1 октябри соли 2024 ҷамъшуда ба вуҷуд омада буд. Аз ҷумла 16 ҳазору 678 сомонии он аз ҳисоби андозҳо буда, 221 ҳазору 569 сомонӣ аз ҳисоби фоизу ҷаримаҳо будааст.
Моҳи октябри соли гузашта низ ҳукумат беш аз 33 миллион қарзи як қатор корхонаҳои давлатӣ, аз ҷумла ҶСК “Тоҷик Эйр” (ҳудуди 15,5 млн сомонӣ) ва корхонаи “Кони ангишти Назар-Айлоқ” (зиёда аз 14,8 млн сомонӣ)-ро, ки корхонаи фаръии КВД “Ангишти тоҷик” мебошад, бахшида буд.
Пештар аз ин беш аз 43 миллион қарзи андози КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва 134 миллион сомонӣ қарзи андози корхонаҳои зертобеъи Хадамоти алоқа (ҶСК “Тоҷиктелеком” ва КВД “Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг”), ҶСК “Тоҷиктрансгаз”, ҶСК “Суғдиён”, ки ба Агентии захираҳои давлатии моддии назди ҳукумат мансуб аст, бахшида шуда буданд.
Ҳамчунин фоизҳо аз андози ҶСК “НБО Роғун”, ки саҳмиядори асосӣ ҳукумат аст ва ба бисёре аз дигар корхонаҳо низ аз эътибор соқит дониста шуданд.
Ёдрас мешавем, ки Ҳукумат ҳанӯз аввали соли 2019 бо қабули қарор ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода буд, ки барои коҳиши қарзҳои корхонаҳои бузурги давлатӣ чораҳои муассир роҳандозӣ кунанд. Аз ҳамон замон аз эътибор соқит кардани қарзҳо аз андози корхонаҳои давлатӣ таҷрибаи маъмулӣ шуд.
Аммо коршиносон инро бар зарари иқтисоди кишвар медонанд ва таъкид мекунанд, ки пешниҳоди интихобии имтиёз паёмадҳои манфӣ хоҳад дошт.
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста