Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ дастур дод, ки “қарзи корхонаҳои зертобеъи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналиро танзим карда шавад”.
Ин санад аз ҷониби раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида, рӯзи 1 октябр дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашр шуд.
Ин ҷо дар бораи “беэътимод эътироф гардидан ва аз эътибор соқит кардани қарз аз андоз" ба мабағи 43,6 млн сомонӣ (зиёда аз 4 млн доллар), ки то 1 апрели соли 2024 ба вуҷуд омадааст, сухан меравад. Аз ҷумла, ба маблағи ҳудуди 19,7 млн сомонӣ қарзи андоз ва ҷаримаҳо дар ҳаҷми 24 млн сомонӣ аз эътибор соқит дониста мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, дар қарор дастур дода шудааст, ки қарзи мақомот ва ташкилотҳо ба корхонаҳои зертобеъи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ба маблағи ҳудуди 3,3 млн сомонӣ, ки аз ҳисоби хидматрасониҳои коммуналӣ, обтаъминкунӣ, истифодаи оби ошомиданӣ ба миён омадааст, кам карда шавад.
Зери мафҳуми “мақомот ва ташкилотҳо” дар санад мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактабҳои олӣ, муассисаҳои тиббӣ, маҷмааҳои вразишӣ, шуъбаҳои ВКД ва соҳаи фарҳанг, инчуин дигар муассисаву ташкилотҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст.
Ёдрас мекунем, ки тобистони соли ҷорӣ Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди ҳукумати Тоҷикистон таъсис дода шуда, он “татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ амалӣ мекунад”.
Ба ҳайати Кумита КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва “Сохтмони асосӣ ва таъмир”, инчунин Маркази таъмини оби ошомиданӣ ва рафъи обҳои партов дохил шуданд.
Кор дар минтақаҳои ишғолшудаи Украина барои муҳоҷирон чӣ хатар ва паёмад дорад?
Панҷ мусофири як мошин дар дарёи Панҷ ғарқ шудаанд
Даргузашти Саидмурод Мардонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳаҷвнигори шинохта
Дар Тоҷикистон аввалин Нуқтаи миллии мубодилаи интернет-трафик ба фаъолият оғоз кард
Роҳбари нави БДА кист ва ӯ бояд кадом мушкилиҳои мубрами ин сохторро ҳал кунад?
Сарраёсати маорифи Душанбе бори дигар аз манъи ҷамъоварии пул барои таъмири мактабу кӯдакистонҳо таъкид кард
Парлумони Тоҷикистон Шартнома оид ба сарҳад миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро тасвиб кард
Ҷасади 6 муҳоҷири тоҷикро аз Қазоқистон ба Тоҷикистон равон карданд
Ситораҳои футболи Тоҷикистон аз ситораҳои футболи Русия шикаст хӯрданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 4
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста