Сабабҳои садамаи нақлиёт, ки бар асари он овозхони маъруфи тоҷик Дамирбек Олимови 33-сола ҳалок шуд, пас аз баргузор намудани таҳқиқоти дахлдор маълум мешаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари маркази матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Акбар Шарипов.
Бино ба гуфтаи вай, айни замон ҳамаи маълумоте, ки пешниҳод мегардад, пешакӣ аст.
“Тибқи маълумоти пешакӣ, Дамирбек Олимов, ки автомашинаи Honda 5-ро идора мекард, рӯзи 5 феврал тақрибан соати 01:40-и шаб ҳангоми ҳаракат дар роҳи “Сомғор-Хуҷанд” дар мавзеи Боғи миллии “Ваҳдат” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар натиҷа мошин чаппа мешавад”, - гуфт ӯ.
Манбаъ аз эҳтимол дур намедонад, ки садама шояд ҳангоми ҳаракат дар гардиши хатарноки дар ин роҳ ҷойдошта рух дода бошад.
Дар натиҷаи ҷароҳатҳои вазнини бардошта Дамирбек Олимов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Як манбаи наздик ба сароянда ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки пеш аз садама Олимов дар як тӯй дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарор доштааст. Дар мошин ҳамроҳи ӯ ду мусиқачӣ ҳам будаанд, ки бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Ҷасади Дамирбек Олимов рӯзи 5 феврал дар оромгоҳи Абӯбакри Сиддиқ дар ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) ба хок супурда шуд.
Соли гузашта Дамирбек Олимов ба меҳмонии радиои “Азия-Плюс” омада, бо ровӣ Орзуи Исо ҳамсуҳбат шуда, ҳикоят карда буд, ки чӣ гуна як занги телефонии Нигина Амонқулова ҳаёташро тағйир дода буд.
Дамирбек Олимови 33-сола яке аз сарояндаҳои маъруфи эстрадаи тоҷик буд. Ӯ 20 марти 1989 дар ноҳияи Деваштич дар оилаи овозхон Ботурҷон Олимов таваллуд шудаааст.
Баъд аз хатми мактаби миёна солҳои 1995-2004 дар донишкадаи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд дониш андӯхта, онро хатм кардааст. Фаъолияти овозхонии худро аз соли 2009 дар ансамбли шашмақомхонии «Нури Хуҷанд» бо раҳбарии Ҳунарманди мардумии ИҶШС Ҷӯрабек Муродов оғоз кардааст. Ҳамчунин дар дастаи «Садои Суғд» низ кор мекард.
Оиладор ва соҳиби 3 фарзанд, 2 писару 1 духтар буд.
Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!