Имрӯз, 20-уми март, Убайдулло Раҷабов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, коргардони театр ва синамо, ҳаҷвнигори саршиноси тоҷик зодрӯз дорад.

Агар умр вафо мекард, имрӯз ин ҳунарманди шинохта 82-сола мешуд, аммо ду сол қабл, 1-уми июли соли 2021, пас аз таҷлили 80-солагии худ ва 60-солагии эҷодиёт, Убайдулло Раҷабов дунёи фониро тарк кард.

Мусоҳиба-лавҳаи мазкур дар арафаи таҷлили 80-солагии ин ҳунармант таҳия гардида, дар ҳафтаномаи “Самак” нашр шудааст, ки бо каме ихтисор пешкаши хонандагон мекардонем.

Оғози оғозҳо

Як рӯз пеш аз ҷашни зодрӯзаш ба Убайдулло Раҷабов занг зада хоҳиши мусоҳиба мекунам. Розӣ мешавад ва вақти мулоқотро таъин мекунад.

Рӯзи дигар ӯро дар назди Кумитаи телевизион ва радио дарёфтам. Дар сӯҳбати журналистон буд. Ӯ мегуфту дигарон механдиданд. Дар лабони худаш табассум ҳувайдо мегашт. Мепиндоштӣ, хандаи дигарон ӯро шод мекард, фараҳ медод, илҳом мебахшад.

Наздик шуда, ба ҳамагон салом медиҳам. Ва дар ростои ӯ қарор мегирам. Каломашро ба итмом мерасонад ва исте намуда ба соати даст менигарад.

- Устод, вақти ваъдадода расид, — ба нармӣ мегӯям ман.

- Хуб, дар куҷо сӯҳбат мекунем: дар дохили “Дом Радио” ва ё дар фазои кушод?

- Дар ҳавои кушод беҳтар аст.

- Бигзор. Агар, ки осмон нагиряд.


Портрети рӯз

Бо Убайдулло Раҷабов қадам мезанем. Миллитсионере дар гардиши Қасри Президент аз дур ба устод “саломи ҳарбӣ” мефиристад. Ҷавоне хушҳолона “Бобои Ғаффор! Худи худаш!” садо мезанад. Нозанини ҷингаламӯе назора мекунад. Аккосе акс мебардорад.

Справка по теме

Убайдулло Раҷабов 20.03.1941 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаб, Студияи маҳорати актёрии назди Театри Лоҳутӣ (1964) ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон (1982)-ро хатм мекунад. Солҳои 1968-1970 дар Театри вилоятии драмаи мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб ва 1970 - 89 ҳунарпешаи Театри Лоҳутӣ буд. Аз соли 1990-2000 роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии «Оина», 2000-2004 Раиси Кумитаи телевизион ва радио буд. Аз соли 2004 то соли 2021 роҳбари бадеии театри “Оина” буд. Ҳамзамон аз соли 1994 таҳиягар ва роҳбари бадеии ҷашну маросимҳои бузурги оммавӣ, намоишҳои театришуда ва консертҳои давлатӣ буд. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1994). Дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ (1998). 1 июли соли 2021 дар шаҳри Душанбе даргузашт.

Ӯ ба оҳистагӣ пой аз замин мебардораду боз ҳамон ранг мефарорад. Гӯиё хокро навозиш мекунад. Гӯиё латма бар хокро намехоҳад. Гӯиё ифтихори қадам задан бар ин хокро дорад.

Сайре ба дунёи ширини пурафсона, мамлакати кӯдакӣ, диёри аз ҳама дур, диёри аз ҳама наздик… Саёҳат аз ҳар гӯша як хотира мекашад: хотираи ширине, хотираи рӯҳафзое.

Ӯ соли ҷанг таваллуд мешавад ва писари хурдии хона буд. Аз вай бузургтар Ҳидоятулло, Кароматулло ва Қиммаатулло буданд, ки бародарони калонӣ ба ҷанг рафтаву яке бармегардад ва яке дигар на.

Ёдномаҳо

- Модари ман, агарчи он замон бесаводӣ ривоҷ дошт, зани босавод ва хушхату хушхон буданд. Саводи динии хуб доштанд ва Қуронро равону зебо қироат мекарданд. Бо ин вуҷуд, хати лотиниро, ки кам мардон медонистанд, бо ин хат ошноии комил доштанд. Дар оилаи муфтикалони давр ба воя расида буданд.

Зиндагиномаи падарам ҷолибтар аст. Он кас дар аввал деҳқонӣ мекарданд. Баъдан барои омӯхтани илм ба хонаи муфтии давр мераванд. Пас аз муддате дар хидмати эшон будан, аз ҷониби он кас барои равнақи илм ба Бухорои шариф равон карда мешаванд. Баъди ду сол рӯзгор тангӣ мекунаду таҳсилро гузошта, дар Самарқанд ба бинокориву сохтмонӣ мепардозанд ва ин пешаи пешгирифтаашон мегардад. Лекин пас аз муддате дар соли 1913 аз Самарқанд баргашта, духтари ҳамон муфтиро, ки он касро ба талаби илм сӯи Бухоро равон карда буд, ба никоҳи худ дароварда, ҳамсафари умр қарор медиҳанду ҳамчунин меросбар ва соҳиби хонаву молу мулки муфтӣ мешаванд.

Ӯ қисаи зиндагӣ ҳикоя мекунад. Аз оғози оғозҳо то анҷому фарҷомҳо. Аз аввалин суруди аллаи модар, то як панди падар, бозиҳо ва ёрони бозиҳо, орзуҳои рангин, умеди парвозҳо, парвози аввалину охирин …

Сарнавишт

Ӯ дар 5-солагиаш ба мактаб меравад, дар 16-солагиаш аз хона фирор мекунад ва муддате дарси мусиқӣ ва рассомӣ меомӯзад.

- Ман саркашӣ аз сарнавишт кардаам. Бисёр мехостам, ки таҳсил намоям. Аммо фарзанди хурди хона, ки будам, падарам меросбари хеш таъинам карда буданд. Хонаву дар, молу мулк, замину боғу бӯстон, гову гӯсфандон – кулли дороӣ ба номи ман ангушт зада буд. Танҳо падар мехост, ки дар барашон бошам. Вале меҳри хондан рӯз аз рӯз афзун мегардид.

Соли 1957. Баъд аз ба даст гирифтани номаи камол ба оҳистагӣ аз хона фирор кардам. Аввалин бор озими Сталинобод шудам. Ҷоеро намедонам. Намедонам, бо лутфи Худо, бародарам Қимматуллоро, ки ин ҷо дар Омӯзишгоҳи мусиқӣ таҳсил мекард, ба тасодуф дарёфтам. Аттестатро ба дасташ додаму фирорамро қисса кардам.

- Ҳамроҳи кӣ омадӣ?, - аввалин суоли бародарам буд.

- Худам, танҳо.

- Ҳеч мумкин нест!, - мегуфт ӯ.

Ҳамин тавр дигар ҳуҷҷатҳоямро барои таҳсил ӯ омода карду бо як номаи камол ман донишомӯзи  Омӯзишгоҳи мусиқӣ шудам.


Бо ин фирор…

Убайдулло Раҷабов дуним сол дар Омӯзишгоҳи мусиқӣ таҳсил мекунад. Баъдан бо пиндори “мусиқӣ кори одами ҷиддӣ нест”, озими Омӯзишгоҳи рассомӣ мешавад. Баробари хатми соли аввал дар назди Театри академӣ-драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Студияи маҳорати актёрӣ ташкил мешаваду Убайдулло бо 15 тани дигар аввалин муҳассилон ва хатмакунандагони ин Студия мешавад.

- Дар ин студия мо ҳам амалӣ ва ҳам назариявӣ таҳсил намудаву дар ҷодаи ҳунар тарбия ёфтем. Аз аввалин рӯзи таҳсил мо ҳамзамон, ки мехондем, болои саҳна машқ мекардем, саҳна меофаридем, назди тамошобин мебаромадем. Дарсҳои мо аз рӯи барномаи Мактаби олии театрӣ (Институт) ба номи М.С.Шепкин дар шаҳри Маскав гузаронида мешуд ва мебоист, ки мо дипломи он ҷоро мегирифтем, аммо бо мушкилоти аёну ноаён инро созгор надиданд.

Лекин дар гурӯҳ мо хеле шӯру шар доштем ва дар ҳақиқат устодон нафаронеро интихоб намуда буданд, ки малакае дар тинаташ бошад. Гурӯҳи мо ҳар бегоҳ ба театрҳои Маяковскийю Айнӣ рафта дар сафи пеш ҷо мегирифтанд, ки ҳунари ҳунармандро аз наздик бубинанд, нафаси ӯро эҳсос кунанд ва пандеву дарсе гирифта бошанд.

- Киро устоди аввалини хеш меҳисобед?

- Устоди нахустини банда Эфим Исаевич Мителман буданд, ки хеле роҳнамоиву роҳкушоӣ бар ҳунари ман кардаанд. Лекин ҳамчунин Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Аслӣ Бурҳонов, София Туйбоевна, Алиназар Хоҷаев ва чанде дигар ҳунармандони варзида, ки дар Студия ба мо дарс мегуфтанд, ҳаққи устодӣ доранд.

- Чаро фаъолиятро дер оғоз кардед ва он ҳам соли 1968, дар Театри драмаи мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб…

- Не, аслан чунин нест. Соли 1964 мо 16 нафар Студияи маҳорати актёриро хатм кардем ва дар байни хатмкардагони аввалин 5 нафар дар Театри академӣ-драммавии А. Лоҳутӣ ба хидмат пардохтем. Ҳамон сол маро ба хидмати ҳарбӣ даъват карданд ва 3 сол дар хидмати Ватан будам.

Вақте ба Театри Лоҳутӣ баргаштам, ки ҷои ман банд буд. Назди директори театр даромада, далел пеш бурдам, ки “ман аз ин ҷо ба хидмати Ватан рафтам ва тибқи Қонуни мудофиаи СССР баъд аз хидмат ман бояд дар ҷои кори пешинам баргардонида шавам”. Ва ҳамин хел ҳам шуду ман дар аввали соли 1968 дар Театри Лоҳутӣ ду нақш бозӣ кардам.


Лекин ҳамон сол Театри драмаи мазҳакавӣ-мусиқии ба номи С. Вализодаи дар вилояти онвақта Кӯлоб баъди солҳои аз фаъолият мондан, бозкушоӣ шуд ва ҳунармандоне, ки аз вилоят дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ фаъолият доштанд, ба ин даргоҳ даъват шуданд. Аз ин ҷумла бандаро ҳам ба Театри драммавӣ-мазҳакавии ба номи Вализода равон карданд. Дар он ҷо аз соли 1968 то 1970 фаъолияти ҳунарӣ доштам, нақшҳои хурду бузурги зиёде ба монанди Хуршед аз драммаи “Орзу”-и М. Назаров ва Ҳоҷӣ Нуъмон аз “Ишқи африқоӣ”-и П. Меримеро офаридам, рӯи саҳна гузоштам. Аммо бо сиёсати норавшани директори вақти театр, ки аслан марди тасодуфӣ дар ҳунар буд, бардошт натавониста, 20-уми майи соли 1970 дигарбора баргаштам ба Театри Лоҳутӣ.

- Озодӣ барои фаъолияти як эҷодкор то чӣ андоза муҳиму таъсиргузор буда метавонад?

- Озодӣ барои инсони эҷодкор мисли обу ҳаво зарур аст. Инсон бе обу ҳаво ҳеч гоҳ умр ба сар бурда наметавонад. Эҷодкор — бе озодӣ!

Озодии ҷисмӣ, озодии рӯҳӣ, озодии ақлонӣ, озодии баёнӣ ва дигару дигар озодиҳое, ки ҳаст, ҳамааш барои инсони эҷодкор лозим аст ва ҳеч фард бидуни озодии комил эҷодкор буда наметавонад. Барои эҷодкор монеа гузоштан, дасташро бастан, суханашро қатъ кардан, маҳшар аст, марг аст.

Раҳовард

Убайдулло Раҷабов чун ҳунарманди нақши марказӣ дар зиёда аз 100 намоишнома нақшофарии мондагор анҷом дод. Нақши фалсафӣ, мазҳакӣ, фоҷеавӣ. Ӯ соли 1970 ба Театри Лоҳутӣ омад ва дар як сол 3 нақши асосиро бозӣ кард. Муваффақият шӯҳрат ва боли парвоз дод ӯро. Нақши Эраҷ Паҳлавон аввалин намоишномаи чашмраси ӯ буд. Фларенда аз спектарли “Хидматгори ду хоҷа” ӯро бештар муаррифии тамошобин кард. Каримҷон аз намоишномаи “Ҷон модаракон” аз драммаи Абдулло Қаҳҳор паҳлӯи мазҳакавии ҳунари ӯро бурун овард, нишон дод, ки зиёда аз 1600 маротиба ба рӯи саҳна гузоштанд. Роли Девона аз драммаи “Шаби гирифтани моҳ” аз Мустай Карим касбияташро боло бардошт, чун нақши фалсафӣ Убайдулло Раҷабови дигарро муаррифӣ намуд. Франсфор Мор аз “Роҳзанҳо”-и Фридрих Шиллер, ки касе мунтазираш набуд, падарро кушт, ду бародарро бадарға кард, трагедияи ӯро нишон дод.

Дар муддати кӯтоҳ ин ҳама нақш вирди забонҳо гашт, дар қалбҳо ҷой гирифт, садбораҳо ҷамъи бузургро ба сӯи театр кашид, гурӯҳҳоро дар пушти дар мононд аммо ӯ аз худ розӣ набуд.


Се олам сухан

- Театрро чӣ гуна дарёфтед?

- Чун Академияи улуми зиндагӣ: туро бар ту нишон медиҳад.

- Пайванди Шумову театр ташбеҳи чист?

- Мисли ду пой: яке худ, дигаре театр. Бе ҳамоҳангӣ пеш наравӣ.

- Театр аз нигоҳи Шумо?

- Хонаи инсоншиносӣ, хонаи хештаншиносӣ.

Театр андар театр

Убайдулло Раҷабов дигар қолабшиканӣ карда: Ӯ, Сайидмурод Мардонов ва Ортиқ Қодиров дар дохили Театри Лоҳутӣ солҳои 80-ум театри дигаре ғайрирасмӣ бунёд мекунанд, ки ҳудуди 10-сол умр дида, ҳар сари муддате миниатюраҳои хурд ва намоишномаҳои мазҳакавиро ба рӯи саҳна мегузорад.

- Аз минитеатре огаҳӣ ёфтем, ки дар дохили театри Лоҳутӣ ташкил шуда, “ғайрирасмӣ” фаъолияти назаррас мебарад. Ҳикоя ё худ таърихчаи ин чӣ гуна аст?

- Дар ҳақиқат, фаъолияти гурӯҳи хурди мо хеле овозадор шуда буд. Дар оғоз ман барномаҳои консертии театрро барандагӣ мекардам ва фурсат, ки даст дод, як-ду монолог ва чанд миниатюраи ҳаҷвӣ рӯи саҳна мегузоштам. Чун ин аз ҷониби тамошобин хуб қабул гардид, Ортиқ Қодиров ва Сайидмурод Мардоновро ҷалб кардам. Аз намоиш то намоиш мо машғули ҷустуҷӯву коркарди саҳнаҳои нав будем. Дигар сари китфи мо масъулияти иловагӣ зам гардида буд. Мо мардумро одат кунонида будем ва дигар консертҳои театр бе миниатюраҳои мо намегузашт. Дар ҳар консерт 2-3 монолог ва 5-6 саҳнаи хурди мазҳакавӣ, ки зермаънои тарбиявӣ-ахлоқӣ дошт, манзури бинандагон мегардонидем. Кори мо он гуна шуд, ки худ аз худ минитеатр эътироф гаштем.

Билохира, фаъолияти гурӯҳ васеътар шуд ва берун аз театр ба шаҳру ноҳияҳо мо — панҷ нафар – камина, Сайидмурод Мардонов, Ортиқ Қодир, ронанда ва радист – ба сафари хидматӣ баромада, дар як рӯз дар ду ноҳия намоиш нишон медодему плани якмоҳаи театрро панҷ нафар дар 7-10 рӯз анҷом дода бармегаштем.

Ин амалкарди моро роҳбарияти театр хеле хуш пазируфт, аммо …буданд нафароне, ки дигар моро чашми дидан надоштанд.


Ҷилои “Оина”

Дар оғози соли 1990 бо гузашти гуфтумоне Убайдулло Раҷабов аризаашро назди директори Театри Лоҳутӣ гузошт. Ғайричашмдошт ӯ аризаро қабул кард ва ба осонӣ аз баҳри ҳунарманде чун ӯ бигузашт. Раҷабов ҳамон сол “Оина”-ро ташкил дод.

- Устод, чаро “Оина”? Дар зермафҳуми он чиро ниҳон мебинед?

- Ба он хотир “Оина”, ки чанд маъниро ин вожа ниҳон доштааст: аввалан, оина асли театр аст – театр ҳамон чиро нишон медиҳад, ки мебинад, мисли оина. Баъдан, оина покист, покизагист, шаффофист ва инро аз фарди рӯ ба рӯяш талаб мекунад. Саввум, оина дар равшанӣ ва зери нурҳои офтоб хосияти ҷилодиҳӣ пайдо мекунад, ки агар ба чашм бирасад, ҳар хобмондаро бедор мекунаду ҳар зӯреро беҷо месозад ва беихтиёр даст ҷонибаш мебардорад. Бидуни оина инсон худро ороста карда наметавонад, бидуни театр ҷомеа пероста намегардад.

- Оғози фаъолиятро дар ёд доред?

- Бале, 8-уми июни соли 1990 маросими оғози расмии фаъолияти Театри намунавии миниатюраи “Оина” дар майдони бузурги Фархор ба таври бошукӯҳ баргузор гардид. Мо бо омодагии хеле хуб ва намоишҳои комилан ҷадид ҳамоишро баргузор кардем. Овозаи чорабинӣ то ба Душанбе расид ва шаҳрдорӣ бо сарварии марди накӯном, ки аз ӯ банда хеле мамнуну сипосгузорам - Мақсуд Икромов аз натиҷа хушнудӣ карда, моро ҳам шод намуданд: ҷое барои театр замин интихоб кунед, мо онро ҷудо карда, ба ихтиёратон месупорем.

Фаъолияти мо ба зудӣ равнақ ёфт ва дар тамоми шаҳру навоҳиву кӯҳистонҳо театр сафари ҳунарӣ анҷом дод. Ёд дорам, ҳангоме мо дар Панҷакент будем, мардуми ҳамсоякишвати ӯзбек ҳам моро бо самимияти хоса даъват карданд ва дар Самарқанду чанд ноҳияи атрофи он ҳунарнамоӣ низ доштем.


- Аммо театр солҳои охир ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт. Чаро: ғубори “Оина” аз чӣ буд?

- Театри “Оина” бо намоишномаҳои тозаву ҷадид ҳамавақт рӯи саҳна омадааст. Ҳамаи намоишҳояш бо маънии баланд ва зермаънии амиқ омода мешуданд Фаъолияти театр то солҳои мадид назаррас буд. Аммо дигар мо бинои дилхоҳу шахсии худро надоштем. Ҳатто соли 2016 бо фармони Президенти кишвар 75-умин солгарди умри банда ва ҳамзамон 25-солагии Театри “Оина” дар Кохи Борбад бо иштироки ҳамаи мансабдорони баландпояи Ҳукумат ба таври бошукӯҳ баргузор гардид ва мо беҳтарин намоишҳоро пешниҳод кардем, дақиқтарину гӯётарин саҳнаҳои мазҳакавиро манзури онон гардонидем, монологу сурудхонӣ доштем, ки ҳар яке як олам маънӣ медод.

Аммо ман аз натиҷааш қаноатманд набудам: он чизе ки ман ва аҳли театр мехостем, намоиш дода натавонистем. Саҳна хеле васеъ буд ва мо онро пур карда натавонистем. Дар театр фарз аст, ки саҳна пур бошад; ҳунарманд комилан дида шавад; нафаскашии ӯ эҳсос гардад; хурдтарин амалашро дарк шавад. Аммо мо дар рӯи саҳнаи Кохи Борбад гум мешудем, танҳо овозамон шунида мешуду халос.

Аз рӯи надоштани саҳнаи шахсӣ фаъолияти театр кам гардид ва замоне баҳонаи камфаъолии онро намуда, хостори бастани театр ва ба ҷои он ташкили студиояи рақсу бозӣ ҳам шуданд, ки барои инсони бафарҳанг шарм буд, ки театрро бандиву саҳнаи рақс ташкил намоӣ!?

- Намешуд, ки бо кӯмаки мақомоти шаҳрдорӣ ин мушкилиро бартараф кунед?

- Он замоне буд, ки дигар “ба театр ниёз надоштанд”.

- Сабаби рафтани Шумо аз театр дар чӣ буд?

- Ман танҳо аз сарварии театр даст кашидаву истеъфо додам, аммо аз ҳамаи корҳои бачаҳо огаҳам ва мо аз ҳам ҷудо нашудаем.

- Пас шарт буд истеъфо Шумо?

- Шарт набуд. Аммо худ инро зарур шуморидам.

Таҷдиди андеша

- Бар вазъи имрӯзи театри тоҷик чӣ андеша доред?

- Медонед, мардум барои чӣ ба театр мераванд?

- Барои тамошои намоишнома ва гирифтани панде аз он.

- Не, асосан барои дидани ҳунарпеша мардум ба театр мераванд. Мераванд то бубинанд, ки ҳунарманд чӣ гуна нақшро бозӣ мекунад, чӣ “девонагӣ”-е ба рӯи саҳна меорад. Имрӯз бошад, театри тоҷик кам ҳунарманде дорад, ки дар ҷомеа эътироф гашта бошад. Ҳастанд нафароне, ки нақшро хуб бозӣ мекунанд, аммо нақши қолабӣ дар ҷомеа дигар пазироӣ надорад, дар хотираҳо ҳаккокӣ намегардад. Нақшро бояд ҳунарманд зинда кунад, ҷон бахшад.

- Театри тоҷик боз бо кадом мушкилиҳо мувоҷҷеҳ аст?

— Бинанда як маротиба ба театр омада намоишномаи хубро бинад, нақши зиндаро тамошо кунад, фарҷоми хотирмон ба ёдаш монад ва аз он сар рӯи даст монда андеша барад, ҳатман боз ба театр бармегардад. Аммо кам намоишномае дар театрҳои мо ҳаст, ки дар хотири бинандагон боқӣ монад.

- Театр чӣ андоза бар пул эҳтиёҷ дорад ва оё пул тамошобинро ба театр оварда метавонад?

- То ҷое ин фикр дуруст аст: ороиши саҳна бояд ба маънои намоишнома мувофиқ бошад ва тамошобин гӯёии саҳнаро эҳсос кунад ва ҳамчунин, сару либос ва пардози ҳунарманд. Намоишнома якранг намешавад ва якрангӣ дилгиркунанда ҳам ҳаст. Драммаҳое аз даврони антиқа то давраи Фирдавсӣ, аз Фирдавсӣ то Аморати Бухоро, замони Шӯравӣ ва аз оғози истиқлолият то имрӯз, дар ҳар як намоишнома дар ин тақсимбандӣ саҳнасозӣ, дизайн, сару либос, кулоҳ, шамшеру камон, гурзу найза, олоти ҳамон давр ва дигар лавозимоти заруриро бояд дошта бошад, ки барои ҳамааш маблағ лозим аст.

- Имрӯз бинои Театри миллӣ қомат меафрозад ва дар назар аст, ки театрҳои пойтахтро дар ин ҷо ҷамъ меоваранд. Аз ташкил ва фаъолияти минбаъда мекардаи он чӣ умед доред ва оё он метавонад фазои театриро дар кишвар дигар созад?

- Бидонед, ки ҷамъ овардани ҳамаи театрҳо дар як бино бузургтарин ҷурм аст. Ҳамаи театрҳо, ки дар як ҷо ҷамъ шуданд, дигар рақобати эҷодӣ мемирад ва аз дигаршавии вазъ умеде намемонад.

- Пас намеандешед, ки театри тоҷик имрӯз ба як таҳаввулот ва навгӯии ҷиддӣ ниёз пайдо кардааст?

- Ҳамаи гап дар сари ҳамин аст. Ҳар давра бояд маҳсули эҷодӣ худро дошта бошад ва кам тақлид бар гузашта бикунад, ки дилгир мешавад. Мебояд театри тоҷик театри асри XXI-ро созмон диҳад.


Моварои андеша

- Нақшофарӣ дар театр осонтар аст ва ё дар филм?

- Барои ман нақшофарӣ дар театр осонтар аст. Дар ин ҷо ҳунарманд масъулиятпазир мегардад ва нутқи худро барои тамошобин омода месозад. Як бор рӯи саҳна мебарояд ва нақшофарӣ мекунад. Гоҳо дар дунёи театр ғарқ мешавад, ба образ ворид мегардад, ҳамаро фаромӯш месозад, ҳиссиёти ботинии худро берун мекашад ва тамошобинро мафтуни худ мегардонад. Лекин дар синамо танҳо ба зоҳир такя мешаваду халос. Бидонед, ки маҳз театр ҳунармандро мепазонад.

- Нақши дилписанди Шумо дар театр ва синамо кадом аст?

- Барои ҳунарманд ҳамаи нақшҳояш чун пораи ҷигараш азиз аст ва инро аз он ҷудо карда наметавонад. Лекин агар гӯед, ки дар байни тамошобин кадомин нақшҳо машҳуртар гардид, дар театр Каримҷон аз намоишномаи “Ҷон модаракон”, ки ҳар гоҳ аз кӯчае мегузаштам, ҳама Каримҷон садо мезаданд ва дар синамо Бобои Ғаффор аз филми “Муҷассамаи ишқ”, ки дар ҷомеа реаливу воқеӣ пазируфта шуд.

- Шумо аввалин ҳунарпешаҳое ҳастед, ки дар таърихи филмофарии тоҷик ду нақшро ҳамзамон дар як филм бозидаед: Филми “Фаришта” ва раванди он?

- Бале… Аслан, филм “Арвоҳ” ном дошт ва ҳамаи нақшҳояшро мебоист ман бозӣ кунам. Ҷамшед Раҳматов, сарредактори киностудия онро махсус барои банда навишта буд. Аммо бо ин ки баъзе мушкилот пеш омаду натавонистам ҳама хостаи муаллифро ба ҷо оварам, вале ду нақшро бозӣ кардам.

- Шумо поягузори ҳаҷви тоҷик ҳастед. Ҳаҷв чӣ таъриф дорад?

— Воқеаеи аҷибу ғариберо аз зиндагӣ гирифта, адабӣ намудаву дар чаҳорчӯбаи саҳна ворид сохта, бидуни таҳқиру тавҳин ба бинанда нишон додан, ин ҳаҷв аст.

- Гузаштани Шумо ба ҳаҷв чӣ гуна буд: аз хурдсолӣ ин гуна будед ва ё минбаъд ин ҷодаро паймудед?

- Дар хурдсоли каму беш шӯхӣ мекардам, аммо дар асл ин маҳорати ман дар саҳнаи театр ифшо гардид ва баъдан онро бо қонуну қоидаҳои ҳаҷв такмил додам. Устоди ман дар соҳаи ҳаҷв Аркадий Рай ҳисоб меёбад, ки маҳз аз китобҳои ӯ ба саволи “ҳаҷв чист?” посух дарёфтам.

- Нахустсаҳнаи ҳаҷвиятон дар хотир монда?

- Бале, “Дар меҳмонии Сайрам-хола” буд.

- Дар байни намоишҳои Шумо баъзе саҳнаҳои аҷибе ҳаст, ба мисли “Молокосос”. Дар пайи инҳо мушкилӣ ва хилофи назар эҷод намешуд?

- Буд, — механдад ӯ, — онро дар телевизион сабт намуда будем ва ҳатто баъди аввалин намоиш дар телевизион нисфи коргаронро аз кор ронданд.

- Таҳдидҳо буданд?

- Бале, аз ҷониби муллоҳо дар зери интиқоди шадид гирифтор шуда будам. Аммо дар ёд дорам, вақте дар Файзобод дар як сафари ҳунарӣ қарор доштем, Домулло Калонзода баъди намоиш наздам омаданд. Аз дилам гузашт, ки оиди “Молокосос” чизе мегӯянд. Омаданду аҳволпурсии гарм карданд ва ман бо табассум пешопеш пурсидам, ки “Бобои домулло, саҳнаи “Молокосос”-ро қабул кардед?”. Чеҳраашонро каме ҷиддӣ карданду гуфтанд:

- Кори Шумо дуруст ва мавриди қабули ман буд. Шумо он ҷо муллоро аз оятфурӯш ҷудо кунонидед ва ҳамонҳоеро ба танз кашидед, ки аз кӯчаи дину диёнат нагузашта буданд.

- Устод, боре аз пушти ягон намоиш зарбае хӯрдаед?

- Ростӣ, не.


- Имрӯз ҳаҷву танз дар кишвар дар кадом поя аст?

- Ҳаҷви тоҷик имрӯз кӯҳна аст. Дигаргуниро мехоҳад. Ҳаҷв чизи шахшуда нест, бар сари он бояд ҳамеша кор кард, такмил дод, дигаргун сохт, то мардум қабул кунанд. Аммо дар ҳаҷви мо то ҳол навоварие дида намешавад.

- Бар ҳаҷви ҳаҷвнигорони ҷавон, мисли “Тереторияи Юмор” чӣ назар доред?

-Кори ин гурӯҳ дар Тоҷикистон нав аст. Аммо як мушкилӣ дар фаъолияташон ба чашм мерасад: ҳадафи ин гурӯҳ хандондан аст ва ё тарбия кардан? Инро бояд маълум созанд! Ба ин бачаҳо пайғоме ҳам фиристодам, ки наздам оянд, ба онҳо суханони мегуфта дорам.

- Беҳтарин ҳаҷвнигори имрӯз?

- Беҳтарин эҷодкор ҳамонест, ки талаботи ҷомеаро дарк мекунад. Беҳтарин ҳаҷвнигор ҳам дар ҳамин радиф аст.

Дурахше рангҳо

Баъд аз таваққуфе мо аз пешгоҳи Шаршара руҷӯъ мекунем ҷониби пайкари Нишони давлатӣ. Абрҳои тираранге осмонро пӯшиш медиҳад. Равшании тиллоранги заминро ранги хокистарӣ пахш мекунад. Аз осмон раъду барқ садо медиҳад. Мо ба сӯи роҳи автомобилгард қадам мезанем. Дар шоҳроҳ милитсионере, ки истода буд, таксиеро манъ мекунад. Мо савор мешавем, устод садо мекунанд: ба сӯи Шарқи Озод.

- Дар зимн, хиштҳои аввалини ошёни монологро ҳам Шумо гузоштед. Мегуфтед, ки чӣ гуна ба ин самт гузаштед: тавсияву роҳнамоии касе буд ва ё интихоби худ?

- Замоне ки дар театр ман мустақил шудам, дигар нақшгириву нақшофарӣ дар намоишномаи калон душворам афтод, ба ман нақши боризу марказӣ кам медодагӣ шуданд. Ба сарам монологгӯӣ афтод, ки душвортарин нақш дар театр аст ва онро пеш гирифтам, яъне интихоби худам буд.

Дар ёд дорам, аввалин монологам “Наврӯз-шара” ном дошт, ки дар он ошкоро нависандагонро танқид карда будаму чандин нафари онон бар зиддам эроднома навишта буданд.

- Устод, дар ҳоле ки зал пур аст, дар рӯи саҳна худ ба худ сухан рондан чӣ таъсире дошта метавонад?

— Пиндоштам, ки ҳоло “…девонагиро мемонад” мегуфта бошед…

Лекин агар ба ҷиддият гирем, ин беҳтарин роҳ барои ибрози андеша аст ва назар аз намоишномаву спектаклу миниатюра вақти камро мегираду таъсири бешро мерасонад.


- Агар имрӯз Шумову Нурулло Абдуллоевро истисно кунем, мо монологнавис надорем. Сабаб чист ва моро ба кадом сӯ мебарад?

- Монологро ҳар кас бо қонуну қоидаяш комил навишта наметавонад. Он дар қаламзанӣ мафкураи васеъ ва пӯшидагӯиро талаб мекунад. Як монолог метавонад 4-5 паҳлӯро дар худ ниҳон дорад. Бо ин роҳ метавон мушкилотеро рӯи забон овард, ки бо дигар жанру қолаб имкони гуфтан вуҷуд надорад. Монолог бисёр жанри зебост.

Нурулло Абдуллоев дар ин роҳ ба мақсади худ расидааст, вале агар гӯем, ки менависанд ва наменависанд, дигар касеро ном гирифта наметавонем. Дар ҷомеаи мо имрӯз асар наменависанд, шеъри хубро бо пул менависанд, дигар кӣ ба монолог даст мезанад…

- Аз рӯзгор ва кори эҷодии худ розӣ ҳастед?

- Агар гӯям, ки қисман розияму қисман на, чӣ хел мешавад? Ман умри нек ва фоъолияти эҷодии хуб доштам, аммо на он ҳамаи зарфиятҳое, ки доштам, бароварда тавонистам. Мехостам бисёр корҳои дигар кунам, ки имконият даст надод.

- Фикр мекунед, чанд фисади истеъдодатонро истифода кардед?

- Ҳудуди 40-50 фоизашро.

- Мегӯянд: “Марги ҳунарманд замоне фаро мерасад, ки ҳунараш бимирад”. Ҳунарро чӣ зинда медорад?

- Ҳунарро касбияти волои ҳунарманд.

- Агар рӯзе худро аз ҳунар дур бинед, чӣ ҳоле дошта метавонед?

- Он рӯз мемирам.

Анҷоми анҷомҳо

Бо Убайдулло Раҷабов дар пешгоҳи Шарқи Озод хайрухуш мекунам. Ӯ ба дохил медарояд. Ба соат менигарам: панҷи бегоҳ. Нафаси амиқе мекашуму сар медиҳам. Раъду барқ беш мезанад. Ва чакраҳои борони найсон рӯи себаргаҳои наврӯидаро мешӯяд. Борон меборад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.