Дирӯз, 19-уми марти соли 2025, дар нахустин иҷлосияи парлумони навинтихоб Файзалӣ Идизода раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон интихоб гардид. Ӯ узви ҳизби ҳокими ҲХДТ ва зодаи минтақаи Рашт аст. Маҳз аз ҳавзаи ин минтақа вакили парлумон интихоб шудааст ва барои ҷомеа чеҳраи на он қадар шинос мебошад.

 

Раиси нави парлумони Тоҷикистон кист?

Файзалӣ Идизода 3-юми январи соли 1977 дар ноҳияи Ғарм ба дунё омадааст. Ӯ соли 1993 ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1998 баъди хатми он фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси муфаттиш дар шуъбаи андози ноҳияҳои Рашт оғоз намудааст.

Аз 5-уми апрели соли 2001 то 4-уми марти соли 2008 муфаттиши Додситонии ҳарбии минтақаи Рашт буд. Сентябри соли 2008 ба аспирантураи бахши таҳқиқоти ҳуқуқи байналмилалии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Русия шомил шудааст.

Сентябри соли 2011 ассистент ва сипас дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Аз моҳи марти соли 2012 то моҳи июли соли 2013 дар вазифаи муовини декани ин факулта кор кард. Як муддат ноибии ректори Донишкадаи омӯзгории Рашт буд ва баъди соле боз муовини декани факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ таъин шуд.

Ӯ як муддат директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Тоҷикистон буд ва 30-юми июли соли 2018 аз ин вазифа озод ва бо қарори ҳукумат ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таъин карда шуд.

Муддати кӯтоҳе сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилои Дастгоҳи иҷроияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Баъди вориди парлумон шудан, моҳи майи соли 2021 ба мақоми раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ интихоб гардид.

Файзалӣ Идизода 22 октябри соли 2021 муовини раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ интихоб шуд. Дар интихоботи ахири парлумонии Тоҷикистон, 2-юми марти соли 2025, аз ҳавзаи интихоботии минтақаи Рашт вакил интихоб шуд.
Файзалӣ Идизода зимни савгандёдкунӣ ҳамчун раиси парлумон, 19.03.2025
prezident.tj

Ӯ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ буда, соли 2011 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Асосҳои ҳуқуқию байналмилалии иштироки созмонҳои байналмилалӣ дар ҳалли ихтилоф дар Тоҷикистон” ҳимоя кардааст.

 

Чаро маҳз Идизода раиси парлумони Тоҷикистон интихоб шуд?

Вазифаи раиси Маҷлиси намояндагон дар Тоҷикистон интихобӣ аст. Дирӯз, ба иттилои АМИТ “Ховар”, Идизода дар овоздиҳии озод бо раъйи ҳамаи вакилон раис интихоб шуд.

Ӯ дар ин вазифа Муҳаммадтоҳир Зокирзодаро иваз кард, ки аз минтақаи Рашт вакил интихоб шуда, панҷ соли охир раис буд. Ӯ дар навбати худ, Шукурҷон Зуҳуровро иваз карда буд, ки низ аз ин минтақа вакил интихоб шуда, ду панҷсола раиси парлумон буд. Пештар аз Зуҳуров, Сайдулло Хайруллоев низ намояндаи ин минтақа буд ва ду 5 сола парлумонро раисӣ кард.

Бояд зикр кард, ки тибқи анъанаи сиёсӣ дар кишвар, роҳбари парлумони кишвар маъмулан нафаре баргузида мешавад, ки намояндаи минтақаи Рашт бошад. Ин анъана беш аз бист сол аст, ки риоя мешавад. Аз ин лиҳоз, имсол вақте Зокирзода вориди парлумон нагардлид ва Идизода аз минтақаи Рашт вакил интихоб шуд, аксар ишора мекарданд, ки раиси ояндаи парлумон маҳз ӯ хоҳад буд. Ва ҳамин тавр ҳам шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.