Президенти Қирғизистон Садир Жапаров рӯзи 11 декабр зимни вохӯрӣ бо сокинони вилояти Ботканд изҳор дошт, ки ҳалли масоили марбут ба сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар арафаи аҷомёбӣ аст. Дар ин бора АКИpress хабар медиҳад.
Сарвари давлати Қирғизистон аз эҳтимол дур надонистааст, ин масъала баҳори соли 2024 ба охир хоҳад расид.
“Дар сулҳу амонӣ ва ризоияти ҳамдигар зиндагӣ кунед. Гуфтушунидҳо оид ба сарҳад дар арафаи анҷомёбӣ аст. Фикр доштем, ки то Соли нави мелодӣ ба итмом мерасанд, лекин каме дер шуд. Шояд баҳори соли оянда ба охир расанд”, - иброз доштааст ӯ.
Қаблан аввали моҳи декабр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд вохӯрии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузорӣ ва таъйини сарҳади давлатии ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор шуд.
Роҳбарони ҳайатҳо кори ҳайатҳои ду кишварро мусбат арзёбӣ намуда, дар ин мулоқот якчанд қарорҳои усулӣ қабул шуданд. Маълумоти муфассал дар ин бора дар маводи зерин қобили дарёфт аст.
Бояд гуфт, қаблан, рӯзи 3-юми ноябр дар ҳамоише раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров гуфта буд, ки ҳарду кишвар тасмим доранд, то соли нав масъалаҳои марзиро ҳал кунанд.
Охири моҳи ноябр бошад, ӯ хабар дода буд, ки Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи таъйини хати гузариши сарҳад байни кишварҳо ба сатҳи дипломатии ҳалли масъала даст ёфтаанд.
Дар соли 2023, бахусус дар моҳҳои ахир, комиссияи дуҷониба оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон фаъолияти худро пурзур кардаанд. Танҳо дар моҳҳои октябр-ноябр ҷонибҳо аз мувофиқаи тақрибан 75 километр марзи давлатӣ хабар доданд.
Дар мулоқоти гурӯҳҳои кории топографии ду кишвар рӯзҳои 3-7 октябр дар Бодканд ҷонибҳо дар бораи 43,32 километр марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа расиданд. Дар ҷаласа рӯзҳои 12-18 октябр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд боз 13,98 км сарҳади давлатӣ муайян шуд.
Илова бар ин, дар ин давра се ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марзи давлатӣ таҳти раёсати раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор шуд.
Аввалин мулоқоти онҳо рӯзи 2-юми октябр сурат гирифт, ки дар натиҷа Протоколи №44 ба имзо расид. Тарафҳо изҳор доштанд, ки дар мавриди сарҳад ба созишҳои усулӣ даст ёфтаанд ва ин санад барои ҳалли тамоми масоили марзӣ замина фароҳам меорад.
Мулоқоти дуюм рӯзи 16-уми октябр баргузор гардид, ки дар он зарурати таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод миёни навоҳии наздимарзӣ, инчунин идомаи фаъолонаи ҳамкориҳо миёни навоҳии наздимарзии ду кишвар махсусан қайд карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир беш аз се ду ҳиссаи хатти марзӣ мушаххас ва эътирофи мутақобила шуда, қитъаҳои боқимонда баҳсбарангез дониста мешаванд.
Аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон шудааст.
Иҷозатномаи электронӣ барои ҷашну маросим. Ин чӣ аст ва онро чӣ гуна метавон ба даст овард?
Ба корхонаҳои Хоҷагии манзилию коммуналӣ 4 млн доллар қарзи андозро бахшиданд
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон. Куҷо рафт ва чиҳоро ифтитоҳ кард?
Дар Тоҷикистон 255 мактаб дар минтақаи ҳолатҳои фавқулода қарор доштааст
Сокинони Русия теъдоди муҳоҷиронро беҳад зиёд донистаанд
Боздошти духтари 19-сола барои таҳдиди паҳн кардани аксҳои маҳрамонаи як мард
Таҷҳизоти гармидиҳӣ насб мекунед ва ё он кор намекунад? Ба куҷо ё кӣ метавон муроҷиат кард?
Дотситонӣ амри тахриби ду бинои навсохт дар Душанберо додааст
Марги чаҳор сарбози Исроил дар пайи ҳамлаи “Ҳизбуллоҳ”
“Abu Dhabi Grand Slam 2024”. Ҷудокорони тоҷик соҳиби се нишон шуданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста