Имрӯз, 1-уми декабр, дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Тоҷикистон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, роҳбарон кори ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистонро оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон мусбат арзёбӣ кардаанд.
“Ҷонибҳо зарурати фаъол гардонидани раванди ба охир расонидани таъйини гузариши хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар қитъаҳои боқимонда таъкид намуданд”, - омадааст дар хабарнома.
Инчунин, таъкид мешавад, ки мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ доир гардид.
Хабаргузории қирғизии АКИpress ҳам дар ин хусус хабар дода, бар илова менависад, ки Оқилбек Жапаров, раиси Девони вазирони Қирғизистон, рӯзи 3-юми ноябр гуфта буд, ки ҳарду кишвар тасмим доранд, то соли нав масоили марзиро ҳал кунанд.
Ӯ дар авохири моҳи ноябр хабар дода буд, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масъалаи мушаххас кардани хатти марзи миёни кишварҳо ба сатҳи ҳалли дипломатӣ расидаанд.
“Раванди делимитатсияи сарҳади давлатии Қирғизистону Ӯзбекистон ба анҷом расида, дақиқ кардани сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон ба роҳи дипломатии байни ду кишвар гузашт”, - гуфт Оқилбек Жапаров.
Дар соли 2023, бахусус дар моҳҳои ахир, комиссияи дуҷониба оид ба делимитатсия ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон фаъолияти худро ҷоннок карда, пайваста ҷаласаҳо баргузор карданд.
Танҳо дар моҳҳои октябр ва ноябр ҷонибҳо аз тасдиқи тақрибан 75 километр марзи давлатии ду ҷониб хабар доданд.
Дар мулоқоти гурӯҳҳои кории топографии ду кишвар рӯзҳои 3-7 октябр дар Бодканд ҷонибҳо дар бораи 43,32 километр марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа расиданд. Дар ҷаласа рӯзҳои 12-18 октябр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд боз 13,98 км сарҳади давлатӣ муайян шуд.
Илова бар ин, аз аввали моҳи октябр ду ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марзи давлатӣ таҳти раёсати раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қимчибек Ташиев баргузор шуд.
Аввалин мулоқоти онҳо рӯзи 2-юми октябр сурат гирифт, ки дар натиҷа Протоколи №44 ба имзо расид. Тарафҳо изҳор доштанд, ки дар мавриди сарҳад ба созишҳои усулӣ даст ёфтаанд ва ин санад барои ҳалли тамоми масоили марзӣ замина фароҳам меорад.
Мулоқоти дуюм рӯзи 16-уми октябр баргузор гардид, ки дар он зарурати таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод миёни навоҳии наздимарзӣ, инчунин идомаи фаъолонаи ҳамкориҳо миёни навоҳии наздимарзии ду кишвар махсусан қайд карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир зиёда аз 600 километри он муайян шудааст.
Аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон шудааст.