Дирӯз, 21-уми январи соли 2025, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Раҳмоналӣ Раҷабалӣ, ҳамакнун собиқ муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ - сардори Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро ба ҷойи Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гард. Генерал-полковник Рустам Назарзода ба нафақа фиристода шуд.
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ кист?
Генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ 57 сол дорад ва зодаи шаҳри Данғара аст. Ӯ таълимоти низомиро дар “Мактаби олии сохтмони ҳарбӣ-сиёсӣ”-и шаҳри Таллини Эстония гирифтааст.
Ӯ соли 1992 ба сафи Артиши миллии Тоҷикистон пайваста, солҳо дар Вазорати дифоъ адои вазифа кардааст.
Аввалин мансаби ӯ фармондеҳи Гвардияи миллӣ буд. Соли 2004, ба ҷойи Ғаффор Мирзоев ба ин вазифа таъин гардид.
Дар омади гап, он замон Ғаффор Мирзоев, собиқ қумандони Фронти халқӣ ба фармони барканории худ эътироз кард ва дертар директори Агентии назорати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъин шуд. Баъди чанд моҳ боздошт шуда, ҳоло дар зиндон ба ҳукми абад маҳкум шудааст.
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ 9 сол фармондеҳи Гвардияи миллӣ буд ва соли 2013 муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) - Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон таъин гардид.
Ӯ замоне ба ин вазифа таъин шуд, ки дар сарҳади Тоҷикистон дар ду самт – шимолу шарқ ва ҷануб сари ҳар чанд вақт муноқишаҳо сар мезаданд.
Дар ҷануб аз Афғонистон хатари убури ғайриқонунии қочоқчиён ва ҷангҷӯёни гуруҳҳои тундгаро таҳдид мекард ва ӯ борҳо дар ин мавзӯъ андешаашро гуфта буд.
Рӯбарӯ бо ду ҷолиш
Аз ҷумла, пас аз сари қудрат омадани Толибон* дар Афғонистон, ӯ гуфта буд, ки дар марзи Тоҷикистон бо ин кишвар гуруҳҳои ҷангҷӯи террористӣ мустақар шудаанд, ки аъзои он аксаран аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд.
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ таъкид карда буд, ки ҳифозати 1344 километр марзи муштарак бо Афғонистон наметавонад танҳо “дарди сар”-и ҳукумати Тоҷикистон бошад ва дар ин замина кишварҳои Осиёи Марказиро ба ҳамкорӣ даъват карда буд.
Дар шимолу шарқ бошад муноқишаҳо бо Қирғизистон шиддат гирифт. Солҳои 2021 ва 2022 ду маротиба миёни низомиёни ду кишвар муноқишаи мусаллаҳо рух дод.

Дар ин гирудор Раҷабалӣ Раҳмоналӣ яке аз музокиракунандагони ҳайати ҳукумати Тоҷикистон буд. Ӯ чанд маротиба бо ҳамтои қирғизистонии худ мулоқот кард ва масъалаи сарҳадро баррасӣ намуд.
Аммо дар бораи муҳтавои суҳбатҳояш дар мулоқотҳо оид ба марз ҳеҷ гоҳ бо расонаҳо суҳбат накардааст. Дар умум, ӯ ҳамеша аз расонаҳо канораҷӯйи кардааст.
Ҳоло, ки ӯ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, ниҳоде, ки то ин лаҳза бо расонаҳо робитаи танготанг дошт, таъин гардид, рӯзноманигорон нигаронанд, ки бо мушкили датсрасӣ бо иттилоъ аз ин ниҳод рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Рустам Назарзодаи кордон ва масъулиятшинос
Бояд гуфт, генерал-полковник Рустам Назарзода, ки ҳамакнун ба нафақа рафт, миёни коршиносон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз обрӯ ва эҳтироми хос бархӯрдор аст.

Ӯ чун роҳбари масъулиятшинос, кордон ва барои рӯзноманигорон дастрас шинохта гардидааст.
Рустам Назарзода яке аз роҳбарони дарозумри Агентии назорати маводи нашъадор буд, дар ташаккули ин ниҳод ва роҳандозии фаъолияти касбии он нақши муҳим бозидааст. Ӯ ҳамчунин, 9 сол Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаро роҳбарӣ карда, дар таъсиси Маркази байналмилалии омӯзиши наҷотдиҳандагон дар ин ниҳод нақши муҳим бозидааст. Ҳамчунин, барои таъмини кормандони ин ниҳод бо техникаи зарурӣ низ талошҳои зиёд кардааст.
Моҳи августи соли 2021 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон ба Рустам Назарзода, рутбаи генерал-полковник супорида шуд. Барои хизматҳои шоистааш бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла бо нишонҳои “Ситораи Сурх”, “Спитамен” дараҷаи I, медалҳои “Барои хизмати шоён” дараҷаҳои I, II, III сарфароз гардидааст.
*Дар Тоҷикистон ва аксар кишварҳои ҷаҳон созмони террористӣ эътироф шудааст.







Trump signs executive order for U.S. withdrawal from 66 international organizations
Who is Kamoliddin Muminzod, the new head of the Committee for Local Development?
Electricity rates in Tajikistan set to rise again
Russia to shorten medical exam process for migrants and increase penalties for fake health certificates
"We had a heated 10-hour discussion with Emomali Rahmon" — Japarov reveals details of border dispute resolution
Parking subscriptions: how to avoid fines and save money
Family of officer killed in an armed clash on Tajik-Afghan border receives apartment in Bokhtar
How many Tajik migrants are working in Russia?
Woman sentenced to 18 years in prison for killing her three-year-old daughter
"It’s too early to talk about power transition," says Kazak president on his health and colleagues in the CIS
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста