Имрӯз, 25 август раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар роҳбару намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ супорид. Дар ин бора, Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки унвону мукофотҳои давлатӣ, ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим шудааст.

Манбаъ менависад, ки бо фармони президент ба 37 нафар рутбаҳои навбатии махсуси “генерал-полковники милитсия”, “генерал-лейтенанти адлия”, “генерал-майори адлия”, “генерал-лейтенант”, “генерал-майор”, рутбаи дараҷавии “мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3”, “генерал-майори милитсия”, “генерал-майори хизмати дохилӣ” ва “генерал-майори хадамоти гумрук”, супорида шуд.

Ҳамчунин, бо фармони президент 18 нафар бо Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 1 нафар бо ордени Спитамен дараҷаи 1, 5 нафар бо ордени Спитамен дараҷаи 2, 10 нафар бо медали Шараф дараҷаи 2, 13 нафар бо медали Ҷасорат, 14 нафар бо медали Хизмати шоиста, 1 нафар бо медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон ва 4 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, сарфароз гардиданд.

Аввалин зан генерал-майор дар даврони Истиқлолият

Гуфта мешавад, ки бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар нахустин зан бо рутбаи баланди “генерал-майори милитсия” сазовор дониста шуд, ки он сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидвализода Барно Саиднабӣ мебошад.

Сурат: хадамоти матбуоти президенти ҶТ

Ёдовар мешавем, ки чанд дақиқа пеш, “Азия плюс” аз қавли манбаъи худ навишта буд, ки Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон бо рутбаи генерал-полковник ва сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳафиззода Шодӣ Хуршед ба рутбаи генерал-майори корҳои дохилӣ аз сӯи президенти Тоҷикистон сарфароз гардидаанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки муовини Вазири корҳои дохилӣ Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким, сардори Хадамоти “Муҳофиза"-и ВКД Ализода Анварҷон Ҷума ва муовини директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳор бо рутбаи махсуси навбатии «генерал-майори милитсия» сарфароз гардиданд. Сардори Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Умарзода Бахтиёр "генерал майори хизмати дохилӣ" гирифтааст.

1/49

Хабари бо рутбаҳои ҳарбӣ сарфарроз намудани як қатор кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҳолест, ки 18 август раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба 120 нафар намояндаи касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супурида буд.

Соли 2020 Эмомалӣ Раҳмон ба 11 нафар унвони генералӣ дода буд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.