Шикати "Барқи тоҷик" бо Ширкати тақсими барқи Афғонистон (“Брешно”) барои фурӯши барқ дар соли 2025 қарордод имзо кардаанд. Дар ин бора ширкати афғонистонӣ дирӯз, 24-уми ноябр дар сомонааш хабар додааст.
Дар хабар гуфта мешавад, ки қарордод аз ҷониби Маҳмадумар Асозода, раиси “Барқи тоҷик” ва Абдулборӣ Умар, роҳбари ширкати “Брешно” дар Туркия ба имзо расидааст.
Ҷузъиёти дигаре аз ин қарордод ва гуфтугӯи ҷонибҳо дар хабар зикр нашудааст.
Бояд гуфт, соли 2008 Тоҷикистон ва Афғонистон дар бораи интиқоли барқ аз кишвари мо ба кишвари ҳамсоя то соли 2028 созишнома ба имзо расониданд. Охири ҳар сол ҷонибҳо протоколи иловагӣ ба имзо мерасонанд, ки дар он ҳаҷми интиқоли барқ барои соли минбаъда ва нархи он муайян карда мешавад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи Оҷонсии омори кишвар, дар моҳи октябри соли равон Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 3,8 млн доллар барқ фурӯхтааст.
Гуфта мешавад, дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ дар маҷмуъ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар бо маблағи зиёда аз 102,4 млн доллар неруи барқ интиқол ёфтааст, ки ин нишондиҳанда 3,2% ё худ 3,4 млн доллар камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад. Аммо мақомоти Тоҷикистон мушаххас намегӯянд, ки аз ин миқдор барқ чӣ қадараш ба Афғонистон рост меояд.
Ҳиссаи интиқоли барқ ба хориҷи кишвар дар ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ давоми моҳҳои январ-октябр 6,6%-ро ташкил дод.
Бино ба маълумоти Оҷонсии омор, дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 18,6 млрд киловатт-соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 1,2% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.
Тибқи маълумоти ҶСК “Барқи тоҷик”, дар мавсими тирамоҳу зимистон неруи барқ дар ҳаҷми начандон зиёд танҳо ба Афғонистон интиқол дода мешавад. Қарордоди интиқол ба Ӯзбекистон танҳо дар мавсими тобистон амал мекунад.
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва зихираҳои оби Тоҷикистон дар нишасти хабарии ин ниҳод моҳи феврал гуфта буд, ки дар соли 2023 ба Афғонистон нисбати соли 2022-юм 5 дарсад камтар барқ содир кардааст, вале аз омори мушаххас ном набурд. Ӯ нагуфт, ки соли гузашта ба Афғоинстон чӣ миқдор барқ содир карда шуд ва чӣ қадар маблағ ба даст омад.
Далер Ҷумъа гуфт, ширкати “Брешно”-и Афғонистон ҳамаи қарзҳои худро аз истифодаи барқ ба Тоҷикистон пардохт кард ва байни ин ширкат ва “Барқи тоҷик” ҳоло мушкили ҷиддии тиҷоратӣ нест. Ӯ аз омори мушаххасе ном наовард.
Тобистони соли 2022, раиси ширкати “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода гуфта буд, ки қарзи ширкати “Брешно”-и Афғонистон 28 млн долларро ташкил медиҳад.
Ин ҳама дар ҳолест, ки сокинони деҳоти Тоҷикистон дар айни замон аз камбуди барқ ранв мебаранд ва хонаҳои онҳо дар рӯз 3 соат субҳ ва 5 соат шомгоҳон бо неруи барқ таъмин карда мешаваду халос.
Аз маҳдудияти интиқоли барқ ба ҷуз ВМКБ, сокинони тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ шикоят мекунанд. Низоми энергетикии ВМКБ дар реҷаи ҷудогона аз системаи марказии энергетикии кишвар амал карда, аз ҷониби ширкати хусусии “Помир энержи” идора карда мешавад.
Реҷаи маҳдуд ё худ лимити интиқоли барқ ба аҳолии деҳоти Тоҷикистон аз даҳаи охири моҳи сентябр оғоз шуд.
Интиқоли неруи барқ натанҳо ба истеъмолгарони маишӣ, балки ба нуқтаҳои фурӯш ва корхонаҳои хурд низ қатъ мешавад, ки дар маҷмӯъ ба иқтисоди кишвар зиёни зиёд ба бор меорад.
Филми ҳунарии “Фурӯғ” ба синамоҷашнвораи “МО” меравад
Вазири нақлиёти Тоҷикистон хостори барқарор кардани рафтуомад ба Русия тариқи қатораву автобус шудааст
Форуми Digital Tajikistan дар Душанбе зиёда аз 1000 иштирокчиро гирдиҳам овард
Рухсатнома барои боркашонӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон бекор шуд
Вазорати энергетика: 80%-и ҳодисаҳои тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ба об марбутанд
Эрон низ сафирашро дар Афғонистон нав кард
4 “Шоҳҷоиза” ва беш аз 120 ғолиб. Киҳо соҳиби ҷоизаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” шуданд?
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард
Дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ Тоҷикистон соҳиби 7 медал шуд
Тақдири талхи муҳоҷир: чӣ гуна сокини Хуҷанд бе хонаву оила монд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста